Қонуни тиб

Феълҳо ва хосиятҳо: Дамишро ҳал кунад ва агар онро бар тан бимоланд, танро битафсонад. Он чизи мӯймонанде, ки андаруни вай аст, албатта, сӯзандаи сахт гармкунанда бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Аз омосҳои гарм судманд аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз решҳои ҳалоккунанда суд бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Гунди бедастар аз барои асабҳо нофеъ буда, онҳоро битафсонад ва [низ] аз раъша, ташаннуҷи тар, кузози тар, аз карахтшавӣ ва фалаҷ судманд бувад.
Андомҳои сар: Гунди бедастар бо сирко ва равғани гул аз нисён ва лисорғус нофеъ аст. Вай суботро, агарчи бо таб бошад ҳам, [суд дошта], чун онро бо ангубин ва мурч биошомонанд, бе ҳеҷ зиёне суд бахшад. Як ошомидании он як кафча аст. Зимод ва дуд кардани он ҳамаи синфҳои сардарди сард ва бодиро ҳал кунад. Он аз карии сард нофеъ аст. Ҳеҷ дору аз гунди бедастар аз барои боди андар гӯш буда судмандтар нест: ба андозаи як наск аз он гирифта, андар равғани нордин бигудозанд ва [андар гӯш] бичаконанд.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Бухори онро ба бинӣ кашидан омосҳои шуш ва иллатҳои онро суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Гунди бедастарро бо сирко барои ҳукак ва ташнагӣ бидиҳанд.
Андомҳои ронанда: Бо сирко ошомидани он печиши ноф бибарад, (282) дамишро ҳал кунад, хуни ҳайзро битозонад ва машимаро берун орад. Агар ду дирамсанг аз он бо пудина ва ангубин баъди задани раги софин биошоманд, бидуни зиёне [пешоб] тозонда, ҷанинро берун кунад, сардию боди раҳм ва сардии хояро бибарад.
Заҳрҳо: Аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор нофеъ аст ва он тарёки хуноқи аз харбақ падидоянда бувад. Гунди бедастари хокиранги моил ба сиёҳӣ заҳр аст ва гоҳе мумкин аст андар як рӯз бикушад ва ё агар касе аз он наҷот ёбад, ба барсом гирифтор хоҳад шуд. Подзаҳри он турушаи турунҷ, низ сиркои хамр ва шири хар буванд.
Ҷойнишинҳо: Як чанди он аз ваҷ бо ним чанди он мурч ҷои он бигиранд.
140. ҶОВШИР – ГОВШИР
Opopanax сhironium Koch.
Моҳият: Ин барги дарахтест, ки аз замин баланд нест ва он ба барги анҷир монанд буда, сабзи баланд, панҷгӯша, пора-пора ва гирдашакл аст. Соқаи он чун [соқаи] хиёр дароз ва бо хорҳои мӯякии ғубормонанд пӯшида аст. Баргҳои он ниҳоят хурд буда, андар сари он чатрест чун чатри шибит. Гули он зард ва тухми он хушбӯй бувад. Решаҳояш зиёд буда, аз як бехе панҷа задаанд, ки пӯсти ситабр дошта, талхмаза аст ва бӯи гарон дорад. Самғи онро бо пора кардани бехи он аз мавзеи зоҳир шудани соқ ҳосил кунанд. Ранги самғ сафед аст ва чун хушк шавад, ранги зоҳираш ба заъфаронӣ бигарояд. Он чи ки бад-ин синф монандӣ дошта, аз синфҳои говшир ба шумор биравад, боноқис асқлифиюн1 аст. Соқи он бориктар буда, то ба як зироъ баланд барояд ва сипас панҷа занад. [Баргҳои] он мисли баргҳои розиёна аст. Ин навъ камқувваттар бувад.
Инчунин боноқис хируниюн2 аст, ки баргҳои он мисли
баргҳои бобуна сафед буда, шукуфааш заргун аст.
Ихтиёр: Беҳтарини бехи он сафед, забонзананда, нотурунҷида ва хушбӯй аст. Беҳтарини меваи он онест, ки бар соқ ва миёнҷои он нишаста бошад. Беҳтарин самғи он ниҳоят талх, дарунсафед, берунзаъфаронӣ ва ба қадре резонак аст, ки андар об ҳал бигардад. Говшири сиёҳи нарм бад буда, бо уша ва мум мағшуш аст.
Табъ: Андар охири дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳалкунандаи бодҳо, нармкунанда ва зудоянда бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Говшир сахтиҳоро нарм кунад ва шукуфаи он нармкунандаи табишҳост.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Бехи он барои муолаҷаи устухонҳои урён ва бо ангубин барои решҳои деррав ва «оташи форсӣ» хуб аст. Шукуфаи он барои решҳову табишҳо чунин буда, умуман ҳамаи бахшҳои он аз решҳои палид судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Говширро бо молиқиротун ва ё шароб аз барои сустии мушакҳо, ки аз лат хӯрдан
падид омадааст, биошоманд. Бархе [пизишкон] гуфтаанд, ки он барои асаб бад аст, вале мумкин аст, ин ба асаби солим дахл дошта бошад, на асаби тарипазируфта. Говшир аз барои қавин судманд буда, оби фишурдаи онро низ аз барои он биошоманд. Вай мондагиро бибарад ва зимоди он аз ҳамаи дардҳои пайвандгоҳҳо ва ниқрис нофеъ аст.
Андомҳои сар: Говширро агар ба [фароғии] дандонҳо биниҳанд, аз хӯраи дандонҳо судманд буда, дарди онҳоро ором кунад. Он аз сардард, саръ ва уммуссибён нофеъ аст.
Андомҳои чашм: Кашидани он бинишро тез кунад.
Андомҳои сина: Барги онро бар дардҳои паҳлу зимод кунанд. Говшир низ аз дарди ҳар ду бар ва сурфа, агар ҳар ду аз сардӣ бошанд, судманд бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Оби фишурдаи онро агар зимод кунанд ва [ё] бо сирко биошоманд, аз сахтии испурч суд бахшад. Даҳ драхмӣ [фишурдаи] онро андар ду кӯза (ҷарра) шираи ангур рехта, баъди ду моҳ онро полида бигиранд ва он испурчро ниҳоят нофеъ бошад. Ин оби фишурда истисқоро [низ] судманд бувад.
Андомҳои ронанда: Говшир сахтии раҳмро нарм кунад ва қатра-қатра омадани пешобро суд бахшад. Ба қадри як бундуқаи онро бо оби гарм аз барои тозондани пешоб, ҳайз ва аз барои раҳми сард биошоманд. Меваи он хусусан бо афсинтин хуни ҳайзро битозонад ва ҷанинро бикушад. Хусусан бехи онро агар ба зер баргиранд ва ё биошоманд, ҷанинро биафтонад. Он [инчунин] аз ихтиноқи раҳм судманд буда, дамиш ва сахтии онро нест кунад, қулинҷро суд бахшад, [хилти] хомро ба исҳол берун кунад ва хориши андар обгаҳ бударо суд бахшад.
Табҳо: Онро бо оби ангубин аз барои табларза ва табҳои даврӣ биошомонанд.
Заҳрҳо: Аз он бо зифт барои газидагии саги девона марҳам ва доруи часпонандаи хуб омода созанд. Говширро бо зарованд аз барои газидагиҳои [ҷунбандагони зиёнкор] биошоманд. Оби фишурдаи он низ [нофеъ] аст.
Ҷонишинҳо: Бадали он борзад аст ва ба гумонам уша [ҳам] ба он наздикӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё