Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли севвум
гуфтор андар баёни ҳарфи «ҷим» /ج/

  1. ҶАВЗ – ГАВЗ, ЧОРМАҒЗ
    Juglans regia L.
    Моҳият: Гавз маъруф аст. Вай гарм аст ва тарёки он барои касони гарммизоҷ сикангубин ва барои касони меъдаашон нотавон обкома ва сиркост1.
    Табъ: Гавз андар дараҷаи севвум гарм аст ва андар аввали дараҷаи дуввум хушк. Хушкии он камтар аз гармияш бувад. Гавз дорои рутубати ситабре аст, ки агар онро дер нигоҳ доранд, биравад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Бирёни он бештар гиранда аст.
    Ҳамаи барг ва пӯсташ хунравиро бидорад. Пӯсти сӯхтаи он бе сӯзиш хушкӣ оварад. Равғани куҳани он мисли равғани куҳани зайтун аст ва зудоиши [равғани] куҳан қавитар бувад.
    Оростагӣ: Гавзи тозаро бар осори (нишонаҳои) кӯфтхӯрдагӣ зимод кунанд.
    Омосҳо ва табишҳо: Мағзи хоидаи онро бар омоси савдовии решшуда биниҳанд, нафъ кунад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Самғи онро агар бар решҳои гарм (281) бипошанд ва ё андар марҳамҳо биниҳанд, суд дорад.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Гавз бо ангубин ва судоб барои печидагии асаб [судманд] аст.
    Андомҳои сар: Гавз сардард оварад. Оби фишурдаи барги онро ширгарм бар гӯш бичаконанд, чирки андар гӯш бударо нафъ кунад. Хузистониён гӯянд, ки гавз забонро гаронӣ ва даҳонро табишҳо падид оварад.
    Андомҳои чашм: Равғани он хӯра, сурхбод ва носурҳои андар ноҳияи чашм бударо суд бахшад.
    Андомҳои нафаскашӣ: Оби фишурдаи пӯст ва рубби ин фишурда хуноқро манъ кунад, вале сурфаро зиён дорад. Равғани куҳани он дарди гулӯ оварад. Бо ҳамаи синфҳои гавз ва хусусан бо гавзи шоҳии бузург пистони варамкардаро зимод кунанд.
    Андомҳои ғизокашӣ: Гавз душворгувор буда, барои меъда бад аст. Парвардаи он ва гавзи тоза барои меъдаи сард беҳтар ва камзиёнтар буванд. Ин вақте бошад, ки онро пӯст кунанд. Гавзи бо ангубин парварда барои меъдаи сард судманд аст. Ман гӯям, ки гавз танҳо барои меъдаи гарм созгор нест.
    Андомҳои ронанда: Гавз табишовар аст, печиши нофро ором кунад ва хусусан бирёни он табиатро бибандад.
    Пӯсти он хуни ҳайзро бибандад. Парвардаи он аз барои гурдаҳои сард ниҳоят судманд аст. Хокистари пӯсти онро агар бо шароб биошоманд ва [ё] ба зер баргиранд, ҳайзро манъ кунад. Агар онро бо обкома бихӯранд, табиат бикушояд. Бисёр хӯрдани гавз кирмҳо ва кирми кадудона

ро ба исҳол берун кунад. Он аз ҷумлаи чизҳое бошад, ки кӯррӯдаро суд бахшад.
Заҳрҳо: Гавз бо анҷир ва судоб барои ҳамаи заҳрҳо доруст ва бо пиёзу намак онро бар ҷои газидаи саги девона ва ғайра зимод кунанд.
138. ҶАВЗ БАВВО1 – ГАВЗИ БӮЁ
Myristica fragrans Houtt.
Моҳият: Ин гавзест, ки ба андозаи мозу, осоншикан, тунукпӯст, хушбӯй ва тез бувад.
Табъ: Масеҳ гӯяд, ки он андар охири дараҷаи дуввум ва то севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гавзи бӯё дорои гирандагист.
Оростагӣ: Кунҷидаи сурхро пок ва бӯи даҳон хушбӯй кунад.
Андомҳои чашм: Аз сабал судманд буда, чашмро қувват бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: ҷигар, испурч, меъда ва хусусан даҳони меъдаро қавӣ кунад.
Андомҳои ронанда: Гавзи бӯё табиат бибандад, пешобро ронад ва душвор пешоб карданро суд бахшад.
Агар андар таркиби равғанҳо бидарояд, дардҳоро суд бахшад. Агар андар зимни фарзаҷаҳо бидарояд, низ чунин бувад. Гавзи бӯё қайро боз дорад.
Ҷойнишинҳо: Бадали он ним андозаи он сунбул бувад.
139. ҶУНДБИДАСТАР1 – ГУНДИ БЕДАСТАР, хояи сагобӣ Testiculus Castoris (С. fiber L.) Моҳият: Ин хояҳои ҷонвари дарёиест ва онҳо як ҷуфт буда, аз як бех [мисли ду талхаи хушкшудаи гов]1 овезонанд. Онҳо дорои пӯсти тунук буда, бо андак даст расондан ҳамешиканад.
Ихтиёр: Беҳтарини он ҳамонест, ки ҳар ду хоя бо ҳам часпида ва ҷуфт бошанд. Ин гунаи он мағшуш нест. Мағшуши онро аз говшир ва самғе омода созанд, ки бо хун ва андаке аз гунди бедастар сиришта бошанд ва онро андар обгаҳ хушк созанд. Касе, ки ба ситондани ин андом аз ин ҷонвар машғул аст, бояд пӯстеро, ки бар фарози он аст, пора кунад, то рутубат бо ҳамаи он чи, ки андар он ҷой ҷамъ шудааст, берун ояд ва ин рутубатест, ки ба ангубин шабоҳат дорад. Сипас ин рутубатро бо ҳамаи он чизҳо хушк кунад.
Табъ: Ин аз ҳамаи он чи ки гармиовар ва хушкифизост, латифтару қавитар аст. Гунди бедастар бояд андар охири дараҷаи севвум то чаҳорум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ