Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Пешоби андар обгаҳ куҳангардидаи хук бо шароби қавӣ низ чунин бошад.
Андомҳои ронанда: Пешоби хук санги гурда ва обгаҳро хурд кунад ва ҳардуро ба идрор берун орад. Пешоби хар аз дарди гурда нофеъ аст. Пешоби мардумро агар бо гандано биҷӯшонанд ва андар он панҷ рӯз якборӣ бинишинанд, дардҳои раҳмро суд бахшад.
Заҳрҳо: Пешоби мардумро агар биошоманд, аз газидагии афъӣ судманд бошад ва низ онро бар [ҷои газидагӣ], хусусан газидагии афъиҳои харсангӣ бирезанд. Онро низ бо натрун бар газидагии саги девона ва ҳар газидагии дигаре бирезанд. Пешоби куҳан аз ҳамаи заҳрҳо ва [аз заҳри] харгӯши дарёӣ нофеъ аст.
127. БУЗОҚ1 – ОБИ ДАҲОН
Saliva
Феълҳо2: Оби даҳони шахси гурусна ва хусусан агар мизоҷаш гарм бошад, ношито сахт коракунанда аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Парюнро судманд аст.
Андомҳои чашм: Хунпечидагии гӯшаи чашм ва сафедии онро суд дорад.
Заҳрҳо: Ҳамаи ҷунбандагони зиёнкор, мор ва каждумро бикушад.
128. БАЪРУ-Л-ҲАЙВОН – САРГИНИ ҲАЙВОН
Stercus animalis [Моҳият]: Ин маъруф аст.
Оростагӣ: Саргини сусмор аз песӣ ва доғи кунҷида ба иллати зудоиши хеш суд дорад. Саргини шутурро агар биошоманд, низ аз барои онҳо суд бахшад ва озахҳоро бибарад.
Андомҳои сар: Саргини сусмор ба сабаби зудоиши худ сабӯсаи сарро нофеъ аст. (280) Саргини шутур хуни биниро манъ кунад ва агар онро ҳамроҳи доруҳои саръ биошоманд, суд бахшад.
Андомҳои чашм: Саргини сусмор сафедии чашмро бизудояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Саргини шутур табишҳо ва решҳоро ҳал кунад. Саргини гӯсфанд аз барои [реши] шаҳдӣ низ ҳамчунин бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Саргини буз хукакҳоро сахт ҳал кунад. Саргини шутур ва саргини гӯсфанд аз барои сурхбод низ ҳамчунинанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Саргини шутур дардҳои пайвандгоҳҳо ва омосҳои онҳоро ором кунад.
Андомҳои ронанда: Саргини хушкшудаи буз бо пашмина сайлони раҳмро боз дорад.
Заҳрҳо: Як уқия саргини бузи андар панҷ сукарраҷа хамри сиёҳ пухта ва ё тозаи онро низ бар газидагии афъӣ, ки ташнагиоваранда аст, зимод кунанд. Саргини сӯхтаи гӯсфанд ва хусусан бо сирко сириштаи онро бар газидагии саги девона тило кунанд.
129. БАСАЛУ-З-ЗИЗ – ПИЁЗИ ЛИЗ
Muscari comosum Mill.
Моҳият: Ин андар қувват ва таъм мушпиёзро монад ва ба ҷои он ба кор бурда шавад, вале камқувваттар аз он бувад.
Андомҳои ронанда: Дардҳои сарди раҳмро ором кунад.

Заҳрҳо: Аз заҳрҳо судманд аст. Онро барои газидагии каждум ва ғунда омехта бо анҷир биошоманд ва ё зимод кунанд.
130. БАНОТ ВАРДОН1 – САНГУМҲО
Blatta orientalis
Андомҳои ронанда: Чун ҳалкунандагии онҳоро бо равғани зайтун, мум ва зардии хоя бишикананд, аз дардҳои раҳм ва гурда судманд бошанд ва сахтӣ наоваранд.
Онҳо пешоб ва ҳайзро битозонанд ва ҷанинро биафтонанд. Сангумҳо бо ҳамроҳии қардамоно бавосирро суд бахшанд.
Табҳо: Табларзаро суд доранд.
Заҳрҳо: Аз заҳрҳои ҷунбандагони зиёнкор нофеъанд.
Ҷойнишинҳо: Бадали онҳо қайшур бувад.
131. БАДОСҚОН1 – БАДИШҒОН
Spartium junceum L.
Моҳият: Ин ба ҷои гаштбаргашт аст, ки зангиҳо аз он халхол созанд ва он гавҳари чӯбист.
132. БАҚЛА ЯҲУДИЯ – ТАРАИ ЯҲУДӢ
Eryngium campestre L.
Табъ: Гармии он беш аз иътидол аст.
133. БЕШМУШ ВА БУҲО1 – БЕШМУШ ВА БУҲО
Curcuma zedoaria Rosc.
Моҳият: Буҳо гиёҳест, ки ҳамроҳи беш бирӯяд. Ҳар беше, ки андар ҳамсоягии он бошад, дарахти он бесамар бувад. Ин [гиёҳ] бузургтарин тарёки беш буда, ҳамаи судҳое, ки бешро андар песӣ ва ҷузом ҳаст, онро низ бошад. Аммо бешмуш ҷонварест чун муш, ки андар бехи беш зиндагӣ кунад.
Оростагӣ: Аз песӣ судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз ҷузом суд дорад.
Заҳрҳо: Ин тарёки ҳамаи заҳрҳо ва афъиҳост.
134. БАТБОТ – САДПАЙВАНД, РАҲДАВАК
Polygonum aviculare L.
Моҳият: Ин асоу-р-роъист ва мо хосиятҳои онро андар ҳарфи «айн» ёд хоҳем кард1.
135. БУШ ДАРБАНДӢ1 – БУШИ ДАРБАНДӢ
Succus Glaucii (Glaucium corniculatum Curt.) Моҳият: Ин шиёфест, ки аз Арманистон оранд. Онро аз сунби мешон ҳосил кунанд.
Омосҳо ва табишҳо: Онро барои омосҳои гарм ва табишҳои гарм ба кор баранд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Буши дарбандӣ аз барои ниқриси гарм судманд аст.
136. БУТМ – ДАРАХТИ ХИНҶАК
Pistacia terebinthus L.
[Моҳият]: Инро андар фасли «ҳо» ҳангоми зикри ҳаббату-л-хазро ёд хоҳем кард1.
Ин аст поёни гуфтор андар баёни ҳарфи «бо» ва маҷмӯи он аз панҷоҳу ҳафт дору иборат аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ