Қонуни тиб

Феълҳо ва хосиятҳо: Боқилӣ андаке зудоянда аст ва чи миқдор ки онро напазанд, боз ниҳоят бодангез бимонад. Он мисли кашки ҷав нест, зеро ҷӯшонидани сахти ба такрор тағйири об карда, бодангезии кашки ҷавро бибарад. Лекин агар боқилиро сафед карда, бипазанд ва сипас онро андар дег бидуни ҷунбонидан орд кунанд, бодангезияш коҳиш ёбад. Бирёни он камтар бодангез ва дергувориш аст ва бо пӯст пухтаи он бисёр бодангез бувад. Шояд орди он камтар бодангез бошад. Боқилии набатӣ сахттар гиранда буда, пӯсташ [аз он ҳам] қавитар қабз бикунад, вале он зудоянда нест. Боқилии мисрӣ беш аз ҳамаи [боқилиҳо] қабз кунад ва он дорои зудоиш буда, аз он гӯшти нарм ва хилтҳои ситабр падид оянд. Буқрот ба хубғизо ва нигоҳдорандаи тандурустӣ будани он ҳукм кардааст. Агар онро пӯст канда, ду пора кунанд ва бар маҳалли хунравӣ биниҳанд, хунравиро боз дорад. Яке аз хосиятҳои он чунин аст, ки агар мурғонро аз он хур диҳанд, онҳо аз хояниҳӣ боз монанд1. Боқилӣ муҷиби хобҳои парешон дидан бигардад ва хусусан сабзи он хориш ба амал оварад.
Оростагӣ: Агар пӯсти боқилиро бар мӯй зимод кунанд, онро тунук кунад ва агар бо он зиҳори бачаро зимод кунанд, мӯи [зери нофро] баромадан нагузорад. Агар онро бар ҷои тарошида ба такрор зимод кунанд, низ чунин бувад. Боқилӣ ва хусусан бо пӯсташ баҳаки рӯй, доғи кунҷида ва кунҷидаи сурхро бизудояд ва рангро хуб кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Онро бо шароб бар омоси хоя зимод кунанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз решҳои мушакҳо судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Боқилӣ аз ташаннуҷи мушакҳо суд дорад ва бо оби ҷӯшонидаи он ва бо равғани хук ниқрисро зимод кунанд.
Андомҳои сар: Боқилӣ сардард оварад [ва] барои ҳамаи онҳое, ки одати сардард шудан доранд, зиёновар аст.
Он чизи сабзеро, ки андаруни боқилии мисрист ва талх аст, агар совида ва бо равғани гул бисириштанд ва андар гӯш бичаконанд, дарди онро нафъ кунад.
Андомҳои чашм: Боқилиро бо ҳулба ва ангубин барои баргаштагии ранги чашм ва хунпечидагӣ зимод кунанд ва бо кундур, гули хушк ва сафедии хояи мурғ барои барҷастагии чашм, хусусан он барҷастагие, ки ҳадақарост, зимод кунанд.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Боқилӣ барои сина, хунпартоӣ ва сурфа хуб аст. Агар онро бо ангубин ва орди ҳулба биомезанд, аз омосҳои гулӯ ва бодомакҳо судманд аст. Зимоди он барои омоси пистон ва панир шудани шир андар он хуб аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Боқилӣ ба душворӣ гуворида гардад, фуруд омадану берун шуданаш дер накашад ва суддаоваранда набувад. Боқилии бо қишр андар сирко пухта қайро боз дорад. Боқилии ҳиндӣ бағоят қайангез аст.
Андомҳои ронанда: Боқилии бо сирко ва об пухта, хусусан агар бо пӯсташ бошад, исҳоли дерравро судманд аст. (279) Боқилӣ ва хусусан набатии он аз саҳҷ суд бахшад. Писти он, чунонки ҳаст ва ба намуди ошом низ аз [саҳҷ] нофеъ аст. Зимоди он, хусусан агар бо шароб пухта бошанд, омоси хояҳоро суд дорад. Агар миқдори андаке аз боқилии ҳиндиро, агарчи камтар аз сеяк дирам бошад ҳам, биошоманд, шикамро бикушояд ва исҳол оварад.
- БОБИЛУС1 – БОБИЛУС
Euphorbia peplis L.
Моҳият: Инро «кӯкнори мӯин»2 ва «кӯкнори кафкӣ»3 гӯянд ва он андар исҳол овардан чун исфидакшир амал кунад.
Табъ: Ниҳоят гарм аст.
Андомҳои ронанда: Мисли растаниҳои ширдор исҳол оварад. - БАВЛ – ПЕШОБ
Urina
Ихтиёр: Нофеътарини пешобҳо пешоби шутури арабист ва он [навъи шутурест], ки «наҷиб» хонандаш. Пешоби мардум камқувваттарини пешобҳост ва пешоби хукҳои хонагии хоябарканда аз он ҳам камқувваттар аст. Қавитарини пешоб куҳани он аст. Пешоби ҳайвони хоябарканда андар ҳама бобат заифтар бувад. Зудояндатарини пешобҳо пешоби мардумист.
Табъ: Чунонки гуфтаанд, пешоб гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамаи пешобҳо зудояндаанд.
Пешоби мардумро бо хокистари ток бар ҷои хунравӣ ниҳанд, хун биистад. Агар бо пешоби шутур шустушӯй кунанд, сабӯсаи сарро суд кунад. Пешоби барзагов низ чунин бувад.
Оростагӣ: Пешоб баҳакро сахт бизудояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Пешоби хар барои решҳои хазанда ва тар [судманд аст] ва пешоби мардум, хусусан куҳани он низ чунин бувад. Пешоб, хусусан бо бура ва оби туруша, аз пӯстбозшавӣ, хориш ва песӣ суд дорад.
Шини пешобро бар сурхбод бигузоранд, онро беҳ кунад. Тило кардани пешоб аз гар, саъфа ва решҳои кирмзада нофеъ аст. Бар решҳои пой пешоб кунанд ва бигузоранд, то дуруст шавад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Пешоб [умуман] ва пешоби бузи хонагӣ ва бузи кӯҳӣ хусусан дардҳои асабӣ ва хусусан ташаннуҷ ва азҳамкашидагиро судманд аст. Инчунин бар бинӣ афкандани он азҳамкашидагиро суд дорад.
Андомҳои сар: Агар андар пешоби барзагов мурр бигудозанд ва ба ҳоли тунукӣ онро андар гӯш бичаконанд, дарди онро фурӯ нишонад. Пешоби буз ба танҳоӣ [ва ё] бо мурр низ чунин бувад. Пешоби куҳани одам аз гӯш омадани римро боз дорад. Пешоби шутур аз барои бӯйро ҳис накардан ниҳоят нофеъ аст ва суддаҳои устухони полояндаро сахт бикушояд.
Андомҳои чашм: Пешоб ва хусусан пешоби кӯдакон чун андар зарфи мисин баста гардад, сафедии чашм ва гарро судманд бувад. Бо гандано ҷӯшонидаи он низ чунин бувад.
Андомҳои нафасгирӣ: Гуфтаанд, ки пешоби бачагони ширхор аз нафаси росто гирифтан судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Шахсе ба бемории испурч гирифтор андар хоб дидааст, ки ӯро фармудаанд: агар аз пешоби худ ҳар рӯз се мушт бихӯрад, шифо хоҳад ёфт.
Ӯ чун инро санҷидааст, ба таври шигифтовар [шифобахш] ёфтааст. Пешоби мардум ва пешоби шутур хусусан бо шири шутур ҳангоми истисқо ва сахтии испурч судманданд. [Аз пайғомбар, алайҳи-с-салом] ривоят шудааст, ки «агар аз шири шутур ва пешоби он биошомед, ба таҳқиқ тандуруст хоҳед шуд». Чун онро ошомидаанд, тандурустӣ ёфтаанд. Пешоби буз ва хусусан бузи кӯҳӣ ва хусусан бо сунбули хушбӯй барои таб [судманд бувад].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё