Қонуни тиб

Андомҳои сар: Булут ба сабаби бухорро ҳабс кардан ва табиатро бастанаш сардард оварад.
Андомҳои нафасгирӣ: Аз хунпартоӣ судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз рутубати меъда суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Булут табиат бибандад, аз саҳҷ, решҳои рӯдагон ва хунравӣ нофеъ аст ва пешобро фаровон созад.
Заҳрҳо: Аз заҳрҳои ҷунбандагони зиёнкор судманд аст ва оби ҷӯшонидаи пӯсти он бо шири гов аз заҳри тирҳои арманӣ суд бахшад. Гӯшти шоҳбулут барои заҳрҳо ниҳоят хуб аст.
121. БАСБОСА1 – БАСБОСА
Myristica fragrans Houtt.
Моҳият: Басбоса ба баргҳои рӯиҳам рехтаи пажмурдаи хушк ва моил ба сурхию зардӣ монандӣ дошта, чун қишрҳо, чӯбҳо ва баргҳост ва мисли кабоба забонро бизанад. Онро аз кишвари Чин оваранд. Ибни Мосавайҳ гӯяд, ки он пӯстҳои гавзи бӯёст ва ба гуфтаи Масеҳ қувваи он шабеҳ ба [қувваи] нормушк ва аз он ҳам латифтар бувад.
Табъ: Булус гуфтааст, ки он муътадил аст, вале каси дигар гуфтааст, ки он андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст. Андар гармӣ ва хушкии он ҷои шубҳа нест.
Феълҳо ва хосиятҳо: Дамишро ҳал кунад ва дорои гирандагист.
Омосҳо ва табишҳо: Басбоса сахтиҳои ситабрро ҳалкунанда аст ва агар андар таркиби мумравған бидарояд, низ чунин кунад.
Оростагӣ: Басбоса бӯи даҳон хуш кунад.
Андомҳои сар: Басбосаро бо равғани бунафша аз барои сардарде, ки аз бодҳои ситабри андар сар гирдомада падид омадааст ва аз барои дарди нимсара андар бинӣ афкананд.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷигар ва меъдаро қавӣ кунад.
Андомҳои ронанда: Басбоса касони шикамдардро шикам бибандад ва аз саҳҷ судманд бошад. Он барои заҳдон хуб аст.
122. БИЗР КАТТОН1 – ТУХМИ КАТОН, ЗАҒИР
Semen Lini (Linum usitatissimum L.) Моҳият: Тухми катон қавӣ буда, қариб ба қувваи ҳулба баробар аст.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм аст ва андар тарӣ ва хушкӣ муътадил бувад. Гуфтаанд, ки ҷӯшонидаи катон ҷӯшонидаи тари он аст ва андар он рутубати зиёдатист.
Феълҳо ва хосиятҳо: Тухми катон пазонанда аст. Вай ва ҳатто бирёни он ба сабаби рутубати зиёдатияш зудоянда ва бодангез аст. Гирандагӣ андар бирёнкардаи он зоҳир аст, аммо андар бирённокардаи он муътадил буда, бо нармифизоӣ омехта аст. Зағир оромкунандаи дардҳост, вале камтар аз бобуна.
Оростагӣ: Аз он бо натрун ва анҷир доғи кунҷида ва табишҳои шириро зимод ниҳанд. Агар онро бо як баробари худ бо сипандон омехта ва бо ангубин бисириштанд, аз ташаннуҷи нохунҳо, пора шудан ва қишр баровардани онҳо судманд бошад.
Омосҳо ва табишҳо: Зағир чи аз берун ва чи аз дарун омосҳои гармро ва бо оби хокистар омосҳои паси гӯш
ва омосҳои сахтро гарм кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар зағирро бо мум ва ангубин биомезанд, ташаннуҷро [умуман] ва ташаннуҷи нохунҳоро хусусан суд бахшад.
Андомҳои сар: Дуди зағир аз зуком нофеъ аст ва дуди худи катон низ чунин бувад.
Андомҳои нафаскашӣ: Зағир ва хусусан бирёни он аз сурфаи балғамӣ судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Зағир меъдаро бад аст ва дергувориш ва камғизо бувад.
Андомҳои ронанда: Бирёни он табиат бибандад ва нобирёнкардаи он муътадил аст. Пешоб овардани он суст аст, лекин бо бирён кардан қавӣ бигардад. Агар онро бо ангубин ва мурч бихӯранд, боҳро биҷунбонад. Бо оби ҷӯшонидаи он раҳмро ҳуқнарезӣ кунанд. Чун андар он бинишинанд, бидуни сӯзиш [раҳм] ва омосҳои [онро] суд бахшад. Аз барои рӯдагон низ чунин кунанд. Он решҳои (278) обгаҳ ва гурдаро беҳ кунад. Агар аз оби ҷӯшонидаи зағир бо равғани гул ҳуқна бирезанд, решҳои рӯдагонро манфаати азим дорад.
123. БАРДӢ1 – ЛУХ
Cyperus papyrus L.
Моҳият: Ин маъруф аст ва аз он коғаз созанд. Он қувваи коғазро дорад ва сӯхтаи он сахт хушкиоваранда аст.
Табъ: Сарди хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Лух хунравиро манъ кунад ва хокистари он низ хунро боз дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Онро чун бар решҳои тоза бипошанд, онҳоро фароҳам оварад. Гоҳе онро андар сирко тар карда, хушк кунанд ва андар носур, ҳамаи решҳои хазанда ва ҷароҳат биниҳанд.
Андомҳои сар: Хокистари он аз хӯраи даҳон судманд аст.
Андомҳои нафасгирӣ: Хокистари он пеши хунпартоӣ бигирад.
Андомҳои ронанда: Онро гирифта, бо пораи катон бипечанд ва бигузоранд, то хушк гардад, сипас чун бар носурҳо биниҳанд, суд бахшад.
124. БОҚИЛО – БОҚИЛӢ
Vicia faba L.
Моҳият: Навъе аз он маъруф аст ва як навъе аз он мисрӣ, як навъ набатӣ ва як навъ ҳиндист. Навъи набатӣ беш аз ҳама гиранда аст. Навъи мисрӣ тартару камғизотар аст. Боқилии сабз бештар фазла дорад ва агар дергувориш ва бисёр бодангез намебуд, андар ғизои хуб бахшидан аз кашки ҷав монданӣ надорад. Гузашта аз ин хуни аз он зоида ситабртару қавитар бувад.
Ихтиёр: Беҳтарини он пурраи сафедест, ки матта назада бошад ва бадтаринаш боқилии сабз аст. Онро аз роҳи дер тар кардан ва хуб пухтан ба ислоҳ оранд. Боқилиро бо мурч, намак, ангужад, саътар ва ғайра ва бо равғанҳо бихӯранд. Боқилии ҳиндӣ ба ҳасби вазни муайян андар таркиби доруҳои қайоваранда ва доруҳои шикаморанда бидарояд.
Табъ: Боқилӣ ба иътидол наздиктар аст ва майлаш ба сардӣ ва хушкӣ бештар бувад. Андар боқилӣ ва хусусан андар сабзи он рутубати зиёдатист, балки сабзи онро ҳақ ин аст, ки ба сард ва тар будани он ҳукм карда шавад. Мардумоне, ки сардии боқилиро андар дараҷаи дув вум гузоридаанд, аз ҳад таҷовуз кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё