Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои ғизокашӣ: Панҷангушт суддаҳои ҷигар ва суддаҳои испурчро бикушояд ва агар аз он бо сикангубин ба андозаи ду дирамсанг биошоманд, сахтии испурчро сахт нофеъ бошад. Вай аз истисқо [низ] суд дорад.
Андомҳои ронанда: Аз барои дарди раҳм ва омосҳои он андар оби ҷӯшонидаи он бинишинанд. [Ошомидани панҷангушт бо бунафша ва бахур кардани]2 он маниро хушк кунад. Агар андаке аз шохаҳои онро [андар ҷои хоб] зери пушт ниҳанд, иҳтилом ва бархостани нараро боз дорад. Онро барои занон ҳангоми шиддат ёфтани шаҳват дуд андозанд. Панҷангушт пешобро битозонад. Вай ва хусусан тухми он аз кафидагиҳои мақъад судманд аст. Онро ва хусусан тухмашро бо равғани гов аз барои сахтии хоя зимод кунанд.
Заҳрҳо: Агар аз он ба андозаи як дирамсанг биошоманд, газидагии ҷунбандагони зиёнкор ва морҳоро нофеъ бошад. Инчунин зимоди он аз газидагии саги девона ва даррандаҳо [суд дорад]. Дуд андохтани барги он ҷунбандагони зиёнкорро сахт биронад.
117. БАСФОЯҶ – БАСПОЯ
Polypodium vulgare L.
Моҳият: Он чӯбест борики хокиранг ва дорои гиреҳҳои моил ба сиёҳӣ ва андаке сурх ва ё моил ба сабзӣ буда, чун кирми бисёрпо решаҳо дорад. Мазаи он ширини омехта бо гирандагист. Баъзе [пизишкон] гуфтаанд, ки он андар ҷангалҳо бар дарахт бирӯяд ва бархе гуфтаанд, ки он бар фарози сангҳо бирӯяд.
Ихтиёр: Беҳтарини он баспояест, ки чун ангушти хурд ситабр буда, рангаш ба сурхӣ ва зардӣ бизанад, [ҷисмаш] рехтаи тоза бошад, андаке тезӣ ва ширинии бо тундӣ омехта дошта бошад ва таъмаш чун таъми мехак бувад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм аст ва андар дараҷаи севвум хушк буда, ба дараҷаи расо хушкифизост.
Феълҳо ва хосиятҳо: Баспоя ҳалкунандаву пазонанда буда, дамиш ва рутубатҳоро ҳал кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Зимоди он печидагии асабро судманд аст.
Андомҳои ронанда: Савдоро бидуни печиши ноф овардан ба исҳол берун кунад. Баспоя балғам ва кимуси обиро берун орад. Онро барои қулинҷ андар шӯрбои хурӯс, ё шӯрбои моҳӣ ва ё шӯрбои тарагӣ биҷӯшонанд. Агар [судаи] бехи онро бар оби ангубин бипошанд ва биошоманд, зарда ва балғамро ба исҳол берун оварад. Як ошомидании он аз шаш карама, як карама шаш қирот аст, то ду дирам бувад. Онро бояд бо шароби ангубини омехта бо об биошоманд ва пеш аз он андаке тарих1 бидиҳанд. Ба шакли матбух2 аз он то чаҳор дирамсанг [биошоманд].
Ҷойнишинҳо: Як баробари вазни он афитимун ва ним баробари вазни он намаки ҳиндӣ ҷои он бигиранд.
118. БУССАД – БУССАД, БЕХИ МАРҶОН
Corallium rubrum Lam.
Моҳият: Ин маъруф аст. Як қисм аз он сурх як қисм сиёҳ ва як қисм сафед бувад.
Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дараҷаи дуввум1 хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Буссад гиранда буда, хунравиро манъ кунад ва хушкифизоияш беш аз гирандагияш

бувад, зеро хушкифизоии он бисёр қавист.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Гӯшти зиёдатиро бибурад.
Андомҳои чашм: Буссад ва хусусан сӯхта ва шустаи он чашмро бо зудоиш ва хушккардани рутубатҳои андар он буда қавӣ бигардонад. Вай осори решҳо пок карда, ашкоиро беҳ кунад.
Андомҳои сина: Хунпартоиро боз дорад ва [балғам] партофтанро ёрӣ диҳад. Буссади сиёҳ ва хусусан сӯхтаю шустаи он низ чунин бошад. Он яке доруҳои дилро қависозанда ва хафақонро нофеъ ба шумор биравад.
Андомҳои ғизокашӣ: Буссадро аз барои омоси испурч бо об [биошоманд] ва онро судманд бошад.
Андомҳои ронанда: Аз решҳои рӯдагон суд дорад.
119. БИШ1 – БЕШ
Aconitum ferox Wall.; A. talassicum А. Рор.
Моҳият: Беш заҳри қотил аст.
Табъ: Андар ғояти гармӣ ва хушкист.
Оростагӣ: Тило кардан ва ошомидани гувориши беш, [яъне] бузурҷалӣ2, барасро бибарад ва ин аз ҷузом низ суд дорад.
Заҳрҳо: Беш заҳрест, ки ошомандаи худро бикушад. Аксари як ошомидании он ним дирамсанг аст, вале ба фикри ман камтар аз он ҳам куштан битавонад. Тарёки он бешмуш аст. Он мушест, ки беш бихӯрад. Будана [ҳам] онро бихӯрад, вале намирад. Аз миёни ҳамаи маъҷунҳо доруи мушк бо [беш] бикӯшад.
120. БАЛЛУТ – БУЛУТ; ШОҲБУЛУТ
Quercus ilex L.; Castanea sativa Mill.
Моҳият: Булут маъруф аст ва он гиранда бувад. Шоҳбулут камтар қабз бикунад. Он чи, ки андар булут беш аз ҳама гиранда аст, ҷафти он, яъне пӯсти андарунии он аст.
Табъ: Булут сарди хушк буда, хушкияш андар дараҷаи дуввум ва сардияш андар якум аст. (277) Шоҳбулут ба иллати ширинии худ камтар гарм аст. Барги булут бештар гиранда ва камтар хушкиоваранда бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Шоҳбулут дорои зудоиш аст ва ҳамаи [анвоъи булутҳо], хусусан пӯсти андарунии онҳо, андар бахши фурӯсӯвини шикам бод ангезанд, қабз кунанд ва хун рафтанро манъ кунанд. Ҳамаи онҳо андомҳоро қавикунандаанд. Шоҳбулут дергувориш буда, ғизобахшияш беҳтар аст ва агар онро бо шакар биомезанд, ғизобахшии он ниҳоят биафзояд. Ҷолинус гуфтааст, ки булутҳо аз ҳамаи донагиҳо серғизотар буда, қариб ба дараҷаи ғаллаи нонворӣ бирасанд, вале шоҳбулут азбаски дорои ширинист, аз он серғизотар аст. Аммо ғизои ҳамаи онҳо барои одамон сутуда нест, балки ғизои онҳо мумкин аст барои хукҳо сутуда бошад. Бархе аз мардумон ба хӯрдани он одат кардаанд, бад-ин тариқ, ки нон аз он бисозанд ва эшонро ҳеҷ зиёне нарасад ва аз он суд бибаранд.
Омосҳо ва табишҳо: Булут бо равғани намакхӯрдаи бузғола ва ё хук сахтиҳоро нофеъ аст ва меваи он андар ибтидои омосҳои гарм суднок бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар булутро сӯхта, ба кор баранд, давидани қулоъ ва решҳои хазандаро боз дорад.
Барги булутро агар совида, бар ҷароҳатҳо бипошанд, онҳоро бичаспонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ