Қонуни тиб

Андомҳои ронанда: Бодруҷ шикамро бибандад ва агар хилти омодаеро дарёбад, исҳол хоҳад овард. Он пешоб битозонад ва меъдаро зиён бирасонад. Тухми он аз душвории пешоб судманд аст.
Заҳрҳо: Бодруҷро бар газидагии занбӯрҳо, каждумҳо ва «аждаҳои дарёӣ» бигузоранд.
112. БАРТОНИҚӢ1– БАРТОНИҚӢ,
ТУРУШАИ ОБӢ
Rumex hydrolapathum Huds.; R. britannica L.
[Моҳият]: Гуфтаанд, ки он бӯстонафрӯз2 аст ва [низ] гуфтаанд, ки барги он ба барги турушаи даштӣ монанд буда, (275) лекин рангаш ба сиёҳӣ моилтар ва хушрӯйтар аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Барги он бағоят гиранда аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҷароҳатҳо ва решҳоро фароҳам оварад.
Андомҳои сар: Оби фишурдаи он барои решҳои куҳане, ки андар даҳон аст ва [барои] қулоъ беҳтарин доруст. Аз он бояд рубб бисохт, ки он аз қулоъ бағоят нофеъ бувад.
113. БАБЛИЮН1– ХУРФАИ ДАШТӢ
Portulaca silvestris L.
Моҳият: Ин хурфаи даштӣ2 буда, аз ҷумлаи растаниҳои ширдор аст. Тухми он мисли [тухми] растаниҳои ширдор оташӣ аст.
Андомҳои ронанда: Баблиюн исҳоли шикам оварад.
114. БАҚЛАТУ-Л-ҲАМҚО – ХУРФА
Portulaca oleracea L.
Моҳият: Ин маъруф аст.
Ихтиёр: Оби фишурдаи он бахши бағоят таъсиркунандаи он аст.
Табъ: Андар дараҷаи севвум сард ва андар охири дараҷаи дуввум тар аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Хурфа дорои гирандагист ва хунравӣ ва сайлони дерравро боз дорад. Ғизои он кам ва чандон бисёр нест ва он сафроро ниҳоят пахшкунанда аст.
Оростагӣ: Бо он озахҳоро совида, бирезонанд ва ин ба хосият бошад, на кайфият.
Омосҳо ва табишҳо: Онро барои омосҳои гарме, ки хавфи фасод шудан доранд ва бар сурхбод зимод кунанд.
Андомҳои сар: Агар хурфаро бо шароб биомезанд ва бо он сарро бишӯянд, табишҳои андар он бударо суд бахшад.
Хурфа бо ҳамвор кардани дуруштӣ кундии дандонҳоро бибарад ва сардарди гарми дилзанандаро фурӯ нишонад.
Андомҳои чашм: Хурфа рамадро нофеъ аст ва андар зимни доруҳои ба чашм кашидашаванда бидарояд. Бисёр ба кор бурдани он парда ба амал оварад.
Андомҳои нафасгирӣ: Оби фишурдаи он бо қувваи тундии хеш хунпартоиро суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ошомидан ва зимод ниҳодани он афрӯхтагии меъдаро бибарад. Вай ҷигари афрӯхтаро судманд бувад, қаи сафровиро бигардонад ва иштиҳоро заиф кунад.
Андомҳои ронанда: Бо он барои саҳҷи рӯдагон ва исҳоли сафровӣ ҳуқнарезӣ кунанд. Хурфа аз дардҳои гурдаю обгаҳ ва решҳои онҳо судманд аст. Вай аксар вақт
шаҳват ва балки қувваи боҳро қатъ кунад. Мосарҷувайҳ чунин тасдиқ кунад, ки хурфа боҳро биафзояд ва ин мумкин аст андар мизоҷҳои гарми хушк чунин бувад. Хурфа рехтани ҳайзро боз дорад ва аз сӯзиши раҳм судманд бувад. Оби он бавосири хуниро суд бахшад. Фишурдаи он кирми кадудонаро берун кунад. Агар хурфаро бирён карда бихӯранд, исҳолро бибурад.
Табҳо: Табҳои гармро нофеъ аст.
115. БУНДУҚ1– ФУНДУҚ
Corylus avellana L.
Моҳият: Ин маъруф аст. Бахши хокии он беш аз бахши хокии гавз аст. Фундуқ аз гавз серғизотар аст, зеро он пурратар, бахши равғанияш камтар ва дергувор бувад.
Табъ: Фундуқ андаке ба гармӣ ва бештар ба хушкӣ бигарояд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Аз он талха падид ояд ва беш аз гавз дорои гирандагист. Андар он бодангезист ва андар бахши фурӯсӯвини шикам бодҳо бизояд.
Оростагӣ: Сӯхтаи фундуқ мӯйро хизоб кунад.
Андомҳои сар: Фундуқ сардардоваранда аст. Онро бирён карда, бо каме мурч бихӯранд, зукомро бипазонад.
Буқрот гуфтааст, ки фундуқ мағзро биафзояд.
Андомҳои чашм: Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар онро бар тораки сари бачаи кабудчашм тило кунанд, кабудӣ бибарад.
Андомҳои нафаскашӣ: Онро чун бо оби ангубин бихӯранд, сурфаи дерравро суд бахшад ва барои балғампартоӣ ёрӣ кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Фундуқ дер гуворида гардад ва қай биангезад. Он аз гавз дергувориштар бувад.
Андомҳои ронанда: Пӯсти фундуқ гиранда буда, шикамро бибандад.
Заҳрҳо: Фундуқ аз газидагиҳо нофеъ аст ва хусусан бо анҷир ва судоб газидагии каждумро суд бахшад.
116. БАНҶАНКУШТ – ПАНҶАНГУШТ
Vitex agnus castus L.
Моҳият: Ин растаниест, ки ба бузургӣ қариб ба андозаи дарахт бирасад ва андар ҷойҳои наздик ба об бирӯяд.
Шохаҳояш сахт ва баргаш чун барги зайтун аст, вале нармтар бувад. Чӯби он андар пизишкӣ дохил нест, балки гул, барг ва меваи онро ба кор баранд. Ҳамаи он чи ки аз он ба кор ҳамебаранд, дорои қувваи латифӣ, сӯзандагӣ ва тундӣ буда, вале камтар аз судоби хушк бувад.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар севвум1 хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Панҷангушт латифкунанда, ҳалкунанда ва паҳнкунандаи бодҳост ва албатта, бодангез нест. Вай дорои кушояндагии бо қабз аст.
Оростагӣ: Рангро тоза кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро бо баргаш барои печидагии асаб зимод кунанд ва мондагиро бибарад.
Андомҳои сар: Ошомидани он сардард ва субот оварад. Агар аз он зимод ниҳанд, сардардро судманд бошад.
(276) Агар бирёнкардаи онро бихӯранд, дарди сар оварданаш камтар бошад.
Андомҳои сина: Панҷангушт яке аз доруҳоест, ки баробари кам кардани манӣ ширро афзоиш диҳад. Як ошо мидании он ба андозаи то як дирамсанг бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё