Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои ронанда: Фишурдаи банг барои дарди раҳм судманд аст ва хун рафтани онро боз дорад. Барги онро бар омосҳои хоя зимод кунанд.
Заҳрҳо: Банг заҳрест, ки ақлро бегона кунад, хотираро бекор созад ва хуноқу девонагӣ оварад.
108. БИҚИЯ – БИҚИЯ, АФОҚӢ
Vicia cracca L.
Моҳият: Ба қувват шабеҳи наск аст, вале назар ба он ба душворӣ гуворида гардад.
Табъ: Муътадили моил ба хушкист.
Феълҳо ва хосиятҳо: Мисли наск гиранда аст ва савдо бизояд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Барои пайвандгоҳҳо хуб аст ва аз он истисқои хоя ва фатқҳои кӯдаконро зимод кунанд.
Андомҳои ронанда: Шикамро бибандад.
109. БАТТ – МУРҒОБӢ
Anas boschata L.

Моҳият: Ин як намуди паранда аст.
Табъ: Гарм буда, аз ҳамаи парандагони хонагӣ гармтар аст. Баъзе [пизишкон] гуфтаанд, ки он шахси сардмизоҷро гармӣ бахшад ва шахси гарммизоҷро ба таб гирифтор кунад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Пиҳи он андар фурӯ нишондани (274) дард ва таскин додани сӯзиши андар умқи тан буда василаи бисёр хуб аст ва он беҳтарини пиҳҳои парандагон бувад. Гӯшти он бодҳоро бишканад ва сангдони он серғизост.
Оростагӣ: Равғани мурғобӣ рангро сафо бахшад ва гӯшташ фарбеҳ кунад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Овозро равшан кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Гӯшти мурғобӣ ва хусусан ғоз аз меъда дергузар ва гарон аст. Ҷузви аз ҳама сабуктар ва хуби он болҳояш аст. Гӯшти ин гуна парандаҳо чун гуворида гардад, аз гӯшти ҳамаи парандаҳо серғизотар бувад.
Андомҳои ронанда: Боҳро зиёда кунад ва маниро биафзояд.
110. БАРСИЁВУШОН – ПАРИ СИЁВУШОН
Adiantum capillus veneris L.
Моҳият: Ин гиёҳи борикест, ки ҷои рустанаш ҳавзҳои обҳо, канори рӯдҳо ва даруни чоҳҳо бошад ва кашнизи тозаро монад, лекин шохаҳои он сурхи моил ба сиёҳӣ буда, бе тана, бе гул ва бе шукуфа аст ва қувваташ зуд биравад.
Табъ: Ҷолинус гӯяд, ки он муътадил аст. Вале ман гӯям:
бошад, ки андаке ба гармӣ ва хушкӣ бигарояд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳалкунанда, латифкунанда, суддакушой ва дорои гирандагист ва сайлонро боз дорад.
Агар онро бо ғизои хурӯсҳо ва буданаҳо биомезанд, онҳоро ба ҷанг кардан нерӯманд гардонад.
Оростагӣ: Хокистари он бо сирко ва равғани зайтун [доруи] «бемории рӯбоҳ» ва «бемории мор» аст ва он бо равғани мӯрд ва шароб мӯйро дароз карда, онро аз рехтан боз дорад.
Омосҳо ва табишҳо: Аз решҳои ғарбелак судманд

бувад ва ханозирро нест кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Носурҳо ва решҳои палиди тарро суд бахшад.
Андомҳои сар: Оби хокистари он аз сабӯсаи сар нофеъ бувад.
Андомҳои чашм: Аз ғарб суд дорад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Шушро сахт пок кунад ва аз сурфа суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Пари сиёвушон бо шароб аз ҷорӣ шудани фазлаҳо ба сӯи шикам ва меъда судманд аст ва аз дарди испурч ва ярақон суд дорад.
Андомҳои ронанда: Пешобро битозонад, сангро хурд кунад, хуни ҳайзро битозонад, машимаро берун орад, нифоси занҳоро пок кунад ва хунравиро боз дорад. Пари сиёвушон ба наздики аксари [пизишкон] шикамро бибандад ва ба наздики Ибни Мосавайҳ исҳол оварад.
Заҳрҳо: Пари сиёвушон бо шароб аз анвоъи газидагиҳо суд дорад: газидани морҳо, саги девона ва ҷонварони зиёнкори дигар.
Ҷойнишинҳо: Ҳангоми дамкӯтоҳӣ ба қадри як андозаи вазни он бунафша бо ними вазни он аз рубби ширинбаён ҷои он бигирад.
111. БОЗРУҶ– БОДРУҶ, РАЙҲОНИ КӮҲӢ
Ocimum basilicum L.
Моҳият: Ин «ҳавк» аст ва он маъруф бувад. Равғани бодруҷ андар қувват чун равғани марзангӯш аст, вале камқувваттар аз он буда, дорои қувваҳои ба ҳам зидд бувад.
Табъ: Бодруҷ андар дараҷаи якум ва моил ба дуввум гарм ва андар аввали дараҷаи якум хушк аст. Андар он рутубати зиёдатиест, ки тарифизоии он қариб ба дараҷаи дуввум бирасад, вале на андар гавҳар.
Феълҳо ва хосиятҳо: Бодруҷ дорои гирандагӣ ва шикаморандагӣ бувад. Он ба шарте гирад, ки агар бо фазлаи омодае дучор наояд ва агар бо ягон хилте дучор ояд, исҳол хоҳад овард. Бодруҷ [низ] дорои [хосиятҳои] пазондан, ҳал кардан ва бод ангехтан аст. Он зуд рӯ ба гандидан оварда, хилти бади савдовӣ бизояд. Тухми он касеро хуб аст, ки андар тани ӯ савдо пайдо мешуда бошад.
Омосҳо ва табишҳо: Агар онро бо сирко ва равғани гул бар омосҳои гарм тило кунанд, судманд бувад.
Андомҳои сар: Оби фишурдаи он барои хуни бинӣ чаконидании хубест ва хусусан агар онро бо сиркои хамрӣ ва кофур ба тариқи фатила ба кор бибаранд. Вай гаронии гӯш1 бибарад ва аз қабили чизҳоест, ки атсаи як мизоҷро бинишонад ва атсаи аз мизоҷи дигар бударо биҷунбонад.
Андомҳои чашм: Зимоди он дил задани чашмро судманд аст ва хӯрдани он ба сабаби ситабрии рутубати он ва бухор шудани ин рутубат тирагии чашм падид орад. Оби фишурдаи онро агар ба чашм бикашанд, онро қавӣ кунад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Дилро сахт қавӣ кунад ва шушу синаро хушкӣ физояд. Як сукарраҷа аз оби он бадии нафасро суд бахшад ва обаш барои хун партофтан хуб буда, ширро биафзояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Бодруҷ ва хусусан оби барги он дергувориши зудганданда буда, барои меъда бад аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ