Қонуни тиб

Ихтиёр: Хуби он сафеди ситабри серрахи дурушт аст. Аммо бузайдони суфтаи борики камтар сафед бад бувад. Гоҳе онро бо луъбати барбарӣ мағшуш созанд.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи якум хушк аст.
Хосиятҳо: Бузайдон латифкунанда аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз дарди пайвандгоҳҳо ва ниқрис судманд аст.
Андомҳои ронанда: Боҳро биафзояд.
Заҳрҳо: Аз заҳрҳо суд дорад.
103. БАРАНК КОБУЛӢ – БАРАНГИ КОБУЛӢ
Embelia Ribes Burm.
Моҳият: Ин дони ҳиндӣ ва ё синдист ва он ду навъ бошад: хурди ғайри рахшак; ва бузурги рахшак. Беҳтаринаш хурди он аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Балғамро аз пайвандгоҳҳо биканад ва андар ин бобат ғояти илоҷ бувад.
Андомҳои ронанда: Балғам, кирмҳо ва кирми кадудона аз рӯдаҳо биронад ва андар ин кор ниҳоят қавӣ бошад.
104. БУҚАЙСО – ДАРДОР, САДА
Ulmus densa L.
Табъ: Сард аст.
Хосиятҳо: Зудоянда ва доройи гирандагӣ бувад. Ғилофи самараш рутубат дорад.
Оростагӣ: Рӯйро бизудояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Хокаи онро бар гари решшуда бипошанд. Дардор ва хусусан пӯсти дарахти он ба сабаби гирандагӣ ва зудоиши хеш ҷароҳатҳоро бичаспонад ва оби ҷӯшонидаи бехи он ва барги онро бар устухонҳои шикаста бипошанд ва натул кунанд.
Андомҳои ронанда: Агар як мисқол аз пӯсти ситабри он бо оби (273) сард ва ё шароби райҳонӣ ошомонда шавад, балғамро ба исҳол берун кунад.
105. БАҲОР – ГОВЧАШМ
Anthemis arvensis L.; А. nobilis L.
Моҳият: Ин растаниест, ки онро «ковҷашм» (говчашм), яъне «айну-л-бақар» гӯянд. Гули он зардбарг буда, миёнаи он сурх аст ва барги он аз барги бобуна ситабртар аст.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи якум хушк аст.
Андомҳои сар: Бӯидани он аз бодҳои ситабри андар сар буда судманд аст.
106. БУСИР – БУСИР, ДУМИ ГОВ, МАРГИ
МОҲӢ
Verbascum songaricum Schrenk.; V. Thapsus L.
Хосиятҳо ва феълҳо: Хусусан оне, ки гулаш заргун аст, ҳалкунанда бувад ва ба иътидол зудоиш оварад.
Оростагӣ: Гулҳои заргуни навъи даштии он мӯйро сурх кунанд.
Омосҳо ва табишҳо: Оби ҷӯшонидаи барги он аз омосҳо нофеъ бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Онро бо ангубин бар решҳо ва ҷароҳатҳо зимод кунанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Оби ҷӯшонидаи он аз да
ридани мушакҳо суд дорад.
Андомҳои сар: Ҷӯшонидаи онро аз барои дарди дандонҳо мазмаза кунанд.
Андомҳои чашм: Ҷӯшонидаи он аз рамади гарм судманд аст.
Андомҳои нафаскашӣ: Ҷӯшонидаи он аз сурфаи деррав суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Навъи сафедбарг ва сиёҳбарги он аз исҳоли деррав судманд бувад.
107. БАНҶ – БАНГ
Hyoscyamus albus L.; H. niger L.; H. aureus L.
Моҳият: [Банг маъруф аст]1. Бадтарин ва палидтарини он банги сиёҳ ва сипас сурх бошад. Банги сафед беҳтар аст ва ин ҳамон навъест, ки ба кор баранд. Аммо ду навъи аввалиро ба кор нахоҳанд бурд. Гули банги сиёҳ арғавонӣ, гули банги сурх зард ва гули банги сафед сафед ва ё моил ба зардист. Ҷузви бакорравандаи он рутубати равғании он бувад.
Ихтиёр: Беҳтарин банг навъи сафед аст ва агар ноёфт бошад, навъи сурхро ба кор баранд, вале аз сиёҳи он ҳамеша бигрезанд. Аммо фишурдаи шохаҳои онро гоҳе ба ҷои афюн ба кор баранд.
Табъ: Банги сиёҳ андар охири дараҷаи севвум ва банги сафед андар аввали он сарди хушканд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Банг карахткунанда буда, хунро боз дорад ва бо карахт кардани худ дардҳои дилзанандаро фурӯ нишонад.
Оростагӣ: Банг ба сабаби хунро баста, сахт карданаш андар [таркиби доруҳои] фарбеҳкунанда бидарояд.
Омосҳо ва табишҳо: Дардҳои онҳоро бинишонад, сахтии хояҳоро ҳал кунад ва аз сурхбод нофеъ бошад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар онро тило кунанд ва ё агар се қироти онро бо оби ангубин биошоманд, дарди ниқрис бинишонад. Гуфтаанд, ки агар аз барги он се ё чаҳор қирот бо майпухта биошоманд, хӯраи устухонҳоро беҳ кунад.
Андомҳои сар: Фишурдаи кадом ҷинсе аз онро нагирӣ, дарди гӯшро ором кунад ва бо сирко ва равғани гул дарди дандонҳоро бинишонад. Тухм ва бехи андар сирко пухтаи он ва равғанаш андар ҳамаи ин ҳолатҳо чунин буванд. [Илова ба ин] суботовар аст. Агар аз барги он ба андозаи намоёне хӯрда шавад, ақлро беҷо кунад. Агар бо оби барги пухтаи он ҳуқна бирезанд, низ чунин бувад. Равғани онро чун андар гӯш бичаконанд, дарди онро ором кунад.
Андомҳои чашм: Тухм ва ё фишурдаи барги онро чун ба чашм тило кунанд, дардҳои душвори чашмро фурӯ нишонад. Шукуфа, ё барг ва ё тухми онро бар пешонӣ тило кунанд, назлаҳоро аз фуруд омадан ба сӯи чашм боз дорад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Агар аз тухми банг ду убулус биошоманд, аз хунпартоии ба ифрот суд бахшад. Барги онро андар омосҳои пистон зимод кунанд.
Гоҳе банг андар таркиби доруҳои сурфаро оромкунанда бидарояд. Онро бар омосҳои пистон, ки баъд аз обистан падид омада бошанд, тило кунанд ва онҳоро боз дошта, бигудозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё