Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Хояи сангпушти даштӣ барои сурфаи кӯдакон санҷидашуда аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Хояро, чунонки ҳаст, агар андар сирко бипазанд, ба сӯи меъда ва рӯдагон рехтани моддаҳоро боз дорад ва дуруштии сурхной ва меъдаро бибарад. Бирёнкардаи он ба [моддаи] дудӣ бигардад.
Андомҳои ронанда: Хояи бо будаш андар сирко пухта, исҳол ва саҳҷро боз дорад. Зардии хоя, хусусан агар онро хом фурӯ баранд, решҳои гурда ва обгаҳро нофеъ бошад. Агар хояеро, ки бар болои хокистари бедуд пухта шудааст, бо баъзе доруҳои гиранда ва ғӯраоб бихӯранд, аз кушодагии табиат суд бахшад ва аз дуруштии рӯда ва обгаҳ судманд бувад. Сафедии онро бо шоҳафсар аз барои решҳои рӯдаҳо ва гандидани онҳо ҳуқнарезӣ кунанд.
Хоя аз ҷароҳатҳои мақъад ва зиҳор нофеъ аст. Фатилаи андар он ва андар равғани гул оғуштаро аз барои омоси мақъад ва дил задани он ба зер баргиранд. Аз сафедии хоя бо равғани ҳино фарзаҷа бисозанд ва он аз решҳои раҳмҳо судманд буда, раҳмро нарм кунад. Агар хояро, чунонки ҳаст, хом фурӯ бибаранд, аз рафтани хун ва пешоби хунӣ омадан суд бахшад. Ҳамаи хояҳо ва хусусан хояи гунҷишкон боҳро биафзоянд. Гӯянд, ки агар хояи ғозро бо равғани зайтун омехта, нимгарм андар раҳм бичаконанд, баъд аз чаҳор рӯз хуни ҳайзро битозонад.
97. БУЛЛ – БУЛ
Aegle marmelos Corr.
Моҳият: Ҳиндӣ1 гӯяд, ки он хиёри ҳиндист ва чун хиёри кабар бувад. Вай талх аст ва занҷабилро монад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум ва ба наздики бархе андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Бул гиранда буда, андомҳои андаруниро қавӣ созад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз сахтии асаб, рутубати он ва бемориҳои сарди он аз қабили фалаҷ ва лақва нофеъ аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Оташи меъдаро биафрӯзад, аз қай суд бахшад ва андар таркиби гуворишот бидарояд.
Андомҳои ронанда: Шикамро бибандад ва бодҳоро пароканда кунад.
98. БАЛИЛАҶ – БАЛИЛА
Fructus terminaliae (T. bellerica Roxb.) Моҳият: Таъмаш ба омула наздик аст ва мағзаш ширин буда, ба фундуқ наздикӣ дорад.
Табъ: (272) Андар дараҷаи аввал сард ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Балила дорои қувваи зудояндаи латифкунанда ва қувваи гиранда бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Меъдаро бо дибоғат додану ҷамъ кардан қавӣ гардонад, истирхоъ ва рутубати онро нофеъ бошад. Ҳеҷ чизе беш аз он меъдаро дибоғатдиҳанда нест.
Андомҳои ронанда: Балила гоҳе шикамро бибандад ва ба наздики баъзеҳо танҳо нарм кунад ва ин худ зоҳир аст. Вай барои рӯдаи рост ва мақъад сахт суд дорад.

  1. БОДРАНҶБУЯ – БОДРАНГБӮЯ, ЛИМУКАҲ, нозбӯ Melissa officinalis L.
    Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Аз тамоми иллатҳои балғамӣ ва савдовӣ судманд аст.
    Оростагӣ: Бӯи даҳон ниҳоят хуб кунад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз гари савдовӣ нофеъ аст.
    Андомҳои сар: Аз суддаҳои мағз судманд аст ва бӯи бади даҳон бибарад.
    Андомҳои сина: Дилро хуррам ва қавӣ кунад [ва] хафақонро бибарад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Гуворишро ёрӣ расонад ва аз ҳукак нофеъ бошад.
    Ҷойнишинҳо: Барои хуррамӣ бахшидан як баробари он абрешим ва ба андозаи аз се ду ҳиссаи вазни он пӯстҳои турунҷ ҷои он бигиранд.
  2. БОЗИНҶОН – БОДИНҶОН
    Solanum melongena L.
    Моҳият: Бодинҷон маъруф аст.
    Ихтиёр: Нави он хуб ва куҳнаи он бад аст. Таъму табъи он чун ишхори ушнон бувад.
    Табъ: Ба наздики Ибни Мосарҷувайҳ бодинҷон сард аст. Лекин дурусташ ин аст, ки ба иллати талхӣ ва сӯзандагии он гармӣ ва хушкӣ андар дараҷаи дуввум бар қуввати он ғолибанд.
    Феълҳо ва хосиятҳо: [Бодинҷон аз ҳамаи иллатҳои балғамӣ судманд аст]1. Он савдо ва суддаҳо бизояд.
    Оростагӣ: Рангро табаҳ кунад, башараро сиёҳ ва рангро зард созад. Он чи аз бодинҷон хурд бошад, ҳамагӣ қишр буда, доғи кунҷида падид орад.
    Омосҳо ва табишҳо: Саратонҳо, сахтӣ ва ҷузом бизояд.
    Андомҳои сар: Бодинҷон сардард ва суддаҳо2 бизояд ва андар даҳон табиш падид орад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Бодинҷон ҷигар ва испурчро судда биоварад, лекин андар сирко пухтаи он гоҳе мумкин аст суддаҳои ҷигарро бикушояд.
    Андомҳои ронанда: Бодинҷон бавосир ба амал оварад, вале тило кардани судаи шукуфаи он, ки андар соя хушк карда бошанд, бавосирро судманд бувад. Бодинҷонро ба бастану кушодани табиат ҳеҷ нисбат нест, лекин агар андар равған пухта шавад, табиат бикушояд ва ё агар андар сирко пухта бошанд, табиат бибандад.
  3. БАҲРОМАҶ – БЕДМУШК
    Salix caprea L.
    Моҳият: Бедмушк аз ҷумлаи райҳонҳост.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Пухтакови он дамишро аз ҳама ҷо ҳал кунад.
    Андомҳои сар: Шукуфаи он барои бодҳои ситабри сар хуб аст ва агар баргашро бибӯянд, низ чунин бувад.
    Андомҳои ронанда: Бедмушк шикамро бикушояд.
  4. БУЗАЙДОН1 – БУЗАЙДОН
    Orchis morio L.; Tanacetum umbelliferum Boiss.
    Моҳият: Доруи чӯбии ҳиндӣ буда, қувваташ ба қуввати баҳман монад.
пешина
аз 1215
навбатӣ