Қонуни тиб

Хурмои ғӯра пешобро биафзояд ва агар бо сиркои тунд ошомида шавад, сайлони раҳм ва хунравии бавосирро нофеъ бошад.
Табҳо: Бисёр истеъмол кардани онҳо боиси падид омадани табларза ва фарошо бигардад.
94. БУНК1 – БУНАК, ПӮСТИ БЕХИ МУҒЕЛОН
Cortex Acaciae (А. gummifera Willd.) Моҳият: Ин чизест, ки аз Ҳинд ва Яман оваранд. Бархе гуфтаанд, ки он [пӯстҳоест], ки аз бехи дарахти муғелон ҷудо шуда, бирезанд.
Ихтиёр: Беҳтарини он зард, сабук ва хушбӯй аст, вале сафеду гарони он бад бувад.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарми хушк аст. Ба наздики бархе андар дараҷаи якум сард аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Андомҳоро қавӣ кунад.
Оростагӣ: Пӯстро пок кунад, рутубатҳои зери онро бикашад, бӯи танро хуш кунад ва бӯи нураро бибурад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз барои меъда хуб аст.
Андомҳои сар: Ҳушу хирадро парешонӣ оварад.
95. БИТТИХ – ХАРБУЗА
Cucumis melo L.
Моҳият: Ин маъруф аст.
Табъ: Харбуза андар дараҷаи дуввум сард ва андар охири он тар бувад. Агар тухми онро хушк кунанд, тариоваранда набошад, балки андар дараҷаи якум хушкӣ оварад. Бехи он хушкиоваранда бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Пухтагии он латиф ва хоми он касиф аст ва харбузаи нопухта табиати хиёрро дорад. Харбуза ҳар тавре набошад, кушоянда аст. Мелиюн1 (харбузаи гармак) аз ҷиҳати хилт беҳтар аз дигар харбузаҳост.
Гӯшти он ва хусусан донааш пазонандаи зудоянда бувад.
Харбузаи пухта ва нопухтаи он [низ] зудояндаанд, тухмашон бештар бизудояд ва ба ҳамон хилте табдил бигардад, ки созгори меъда аст. Он, ки аз сафро дида ба балғам сахт ҳамегарояд, пас, чӣ гуна ба савдо бигарояд? Мелиюн зуд ба хилт намегардад.
Оростагӣ: Харбуза ва хусусан тухми он пӯстро пок бикунад ва гӯшташ низ чунин бувад. Хусусан агар харбузаро, чуноне ки ҳаст, бо орди гандум сиришта, андар офтоб хушк кунанд, доғи кунҷида, баҳак ва сабӯсаи сарро судманд бошад.
Андомҳои чашм: Пӯсти онро бар пешонӣ часпонанд, назлаҳои ба сӯи чашм фурӯдояндаро боз дорад. Ин бағоят хуб аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Харбуза ва хусусан бехи он қайоваранда аст. Агар ду дирамсанг аз он бо шароб биомезанд ва аз он як убулус биошоманд, бе душворӣ қай оварад. Агар харбуза ниҳоят гуворо набошад, бемории хом мондан ба амал оварад. Мелиюн дергувориш аст, магар ки онро бо ҳар чи андарунаш дорад, бихӯранд. Ғизои он дурусттар ва хилташ созгортар бувад. Харбуза бояд аз паси ягон таоми дигар [хӯрда шавад]. Зеро агар харбуза аз паси чизи дигаре наояд, маниши гаштан ва қай оварад. Каси гарммизоҷ аз болои он бояд сикангубин биошомад ва тармизоҷ ё кундур, ё занҷабили парварда ва шароби куҳани райҳонӣ биошомад.
Андомҳои ронанда: Пухтагии он пешобро битозонад ва хоми он санги гурда ва обгаҳро, ба шарте ки хусусан санги гурда хурд бошад, нофеъ аст. Мелиюн кам пешоб оварад, аз ҳама ширинтар бошад ва хусусан нарми он зудтар бигузарад.
Заҳрҳо: Харбуза агар андар меъда табаҳ гардад, табиати заҳрӣ бигирад. Бинобар ин агар харбуза гаронӣ оварад, боистӣ зуд берун карда шавад ва аз ҳама беҳтар он аст, ки бо ҳар чи мумкин аст, қай оварда шавад.
96. БАЙЗ – ХОЯҲО, ТУХМҲОИ ПАРАНДАГОН
Ovum
Моҳият: Хоя маъруф аст.
Ихтиёр: Беҳтарини он хояи тоза ва аз они мокиён аст.
Беҳтарин чизе, ки андар он аст, зардист ва беҳтарин намуди омода сохтани он чунин аст, ки нимбиришт бошад.
Баъд аз хояи мокиён хояи парандаҳое (271) аз қабили тазарв, дурроҷ, кабк ва тиҳу биистанд, ки ба мурғ наздикӣ доранд. Аммо хояи мурғобӣ ва монанди он бадхилт аст.
Табъ: Хоя ба иътидол моил аст. Сафедии он ба сардӣ, зардияш ба гармӣ гароида, ҳар ду ва хусусан сафедӣ тар буванд. Хояи аз ҳама хушктар хояи ғоз ва шутурмурғ аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Хоя ва хусусан зардии бирёнкардаи он гиранда аст ва сафедии он ба сабаби часпида мондан ва мисли шир зуд нагузаштанаш дардҳои сӯзонро оромкунанда бувад. Хояи сахттар пухта дергувориш ва серғизотар аст. Беҳтарини он хояи нимбиришт аст ва он зудгузаранда бувад.
Оростагӣ: Сафедии онро бар тан тило кунанд ва он рангро аз таъсири офтоб нигоҳ дорад ва онро дур кунад. Агар зардиро бирён карда, бо ангубин бисоянд, ин тилои доғи кунҷида ва сиёҳӣ хоҳад буд. Хояи оҳубара, чунонки гӯянд, хизоби хубест. Вақти барои ин кор мувофиқ будани онро бо нахи пашмӣ бисанҷанд. Нахро андар он гузаронида бигузоранд, то ки оё он сиёҳ мешавад, ё не. Хояи лаклак, чунонки гӯянд, низ чунин аст.
Омосҳо ва табишҳо: Хоя андар [таркиби доруҳои] боздорандаи омосҳо ва андар таркиби ҳуқнаҳои решҳову омосҳо бидарояд ва онро бо равғани зайтун бар сурхбод тило кунанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Хоя аз ҷароҳатҳои мақъад, зиҳор ва сӯхтагии оташ судманд аст. Онро ба тавассути пораи пашмин ба кор бибаранд ва реш шуданро боз дорад. Ҳангоми аз оби ҷӯш сӯхтан низ чунин бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: [Зардию сафедӣ] асабро нарм кунанд ва аз тамоми дардҳои пайвандгоҳҳо нофеъ бошанд.
Андомҳои сар: Хоя андар таркиби доруҳое бидарояд, ки хунравии аз пардаи мағз бударо боз доранд. Вай аз зуком судманд аст. Зардии хояи мурғ аз омосҳои гарми гӯш суд бахшад ва гӯянд, ки хояи сангпушти даштӣ аз саръ нофеъ аст.
Андомҳои чашм: Сафедии хоя дарди чашм фурӯ нишонад ва зардии он бо заъфарон ва равғани гул аз дил задани чашм ниҳоят суд дорад. Агар бо орди ҷав зимод кунанд, назлаҳоро аз сӯи чашм бигардонад. Инчунин онро бо кундур аз барои назлаҳои чашм бар пешонӣ тило кунанд.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Нимбиришти он аз дуруштии гулӯ судманд аст ва хусусан агар зардии ним гарми онро фурӯ баранд, аз сурфа, шавса, сил, аз хастагии аз гармӣ падидомадаи овоз, тангии нафас ва хун партофтан [суд бахшад].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё