Қонуни тиб

Навъе аз он қайангез аст. Гурӯҳе гуфтаанд, ки он пиёзи лиз аст ва гурӯҳи дигар гуфтаанд, ки чунин нест, балки он аз ҷинси талхпиёз аст.
Балбус мисли ин аст, ки аноғолис2 бошад ва агар чунин бошад, бояд сифатҳои ҳар дуро якҷоя ба ин ҷо овард.
Табъ: Табъи балбус ба табъи пиёз наздик аст ва шояд ба изофаи рутубати зиёдатӣ андар дараҷаи якум хушк бошад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Балбус бодангез буда, арақ оварад ва забонро дурушт бисозад.
Оростагӣ: Онро бар доғи кунҷида, хусусан андар офтоб истода, тило кунанд, суд бахшад. Инчунин пайҳои решҳоро нофеъ аст. Вай ком ва забонро дурушт кунад.
Онро чун бо зардии хояи мурғ бар озахҳо ва бо сикангубин бар решҳои ширӣ3 тило кунанд, суд бахшад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар онро бо сари моҳии сир4 бирён кунанд ва бар решҳои занах бипошанд, онҳоро биканад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар аз он бо ҳамроҳии сирко зимод омода созанд, сустии миёнаҳои мушакҳоро хуб аст ва онро барои ниқрис ва дардҳои пайвандгоҳҳо низ зимод кунанд. Аз он ба танҳоӣ барои печидагии асаб зимод ниҳанд ва ин зимоде бошад, ки аз шикастагии нохун, гӯш ва ғайра [суд дорад]. Онро бо пист зимод кунанд.
Андомҳои сар: Ин доруи сабӯса ва решҳои сар бувад.
Онро омехта бо зардии хояи мурғ бар ҷароҳатҳои чоранопазире тило кунанд, ки бо шикастагӣ ҳамроҳ набошанд.
Андомҳои чашм: Балбусро танҳо ва [ё] бо зардии хояи мурғ аз барои хунпечидагӣ ба кор баранд. Агар ба он сирко изофа кунанд, барои ғарб ва омосҳои кунҷи чашм доруи хубест.
Андомҳои ғизокашӣ: Балбуси ширини сурх барои меъда хуб аст ва аз он бо ангубин барои дардҳои меъда зимод ниҳанд. Балбуси талх беҳтар аст ва он таомро бигуворад ва ғизобахшии онро бештар созад, ҳарчанд ки худи он хусусан хомаш ғизои хуб нест. Агар он гуворо дарёфта нашавад, печиши ноф оварад ва бод ангезад.
Андомҳои ронанда: Балбус боҳро биангезад.
91. БИЗР ҚАТУНО – ТУХМИ АСПҒУЛ
Semen Psyllii (Plantago psyllium L.)
Моҳият: Ин ду навъ аст: зимистонӣ ва тобистонӣ. Як ошомиданӣ аз кадоми ин ду набошад, ба андозаи ду дирамсанг бувад.
Ихтиёр: Беҳтаринаш рехтаи пурра буда, андар об ба зер биравад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сарди тар аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Бирёнкарда ва андар равғани гул оғуштаи он гиранда аст ва зимоди он бо сирко сардардро фурӯ нишонад. Ин бағоят хуб аст.
Омосҳо ва табишҳо: Онро андар сирко зада, бар омосҳои гарм, намла, сурхбод ва хусусан оне, ки андар фурӯсӯи гӯш барояд ва бар омосҳои балғамӣ ба кор баранд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз он барои печидагии асаб ва ташаннуҷи он, барои ниқрис ва барои дардҳои гарми пайвандгоҳҳо бо сирко ва равғани гул зимод кунанд.
Андомҳои сар: Ҳар кӣ онро бар сар зимод кунад, аз сардарди гарм ӯро суд бахшад.
Андомҳои сина: Синаро сахт нарм кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Луоби он бо равғани гул ва ё равғани гавз аз барои ташнагии сахти сафровӣ нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: Бирёнкардаи он ба андозаи ду дирамсанг ва оғушта бо равғани гул хусусан бачагонро табиат бибандад ва аз саҳч суд орад. Луобдори он ва худи луоби он бо равғани бунафша табиат бикушояд.
Табҳо: Онро биошоманд ва оташи табҳои гармро фурӯ нишонад.
92. БУЁНИС1 – ГОВШИР
Opopanax сhironium Koch.
Моҳият: Он чи аз ин аксар истеъмол кунанд, бехи он аст ва низ он дорои самғ ва фишурда ҳамебошад. Самғи он беш аз фишурдааш қавист. Гоҳе буёнисро бо равғани зайтун, обкома ва андаке шароб биомезанд ва то ситабр шудан онро омезиш диҳанд. Хубии он ба андозаи андар ситабрӣ муътадил будани он аст.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва хушк аст.
Хосиятҳо: Говшир ҳалкунанда аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Устухонҳаи табаҳшударо ба миёнҷии сахт хушкӣ овардани хеш қишр биканад ва решҳоро пок кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Буёнис асабро сахт созгор аст.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Ошомидан ва зимод кардани он фазлаҳои ситабри андар сина бударо судманд аст ва шушу решҳои онро муносиб аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар онро, чунонки ҳаст ва ё андар оби гарм ҳал карда, тило кунанд, аз сахтии испурч суд дорад.
93. (270) БУСР ВА БАЛАҲ – ХУРМОИ БУСР
ВА ҒӮРА
Fructus Phoenicis (Phoenix dactylifera L.) Моҳият: Ин ҳар ду маъруфанд ва ҷуз ба шаҳрҳои гарм ёфт нашаванд.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сарди хушканд ва хурмои буср беш аз хурмои қасб қабз оварад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Хурмои буср ва ғӯра бодангезанд, хусусан агар аз болои онҳо об ошомида шавад. Ҳар гоҳ онҳо ба ширин шудан оғоз карда бошанд, қуроқури бисёр оваранд ва андар андомҳои андарунӣ судда падид оваранд. Оби ҷӯшонидаи хурмои буср тафсро паст кунад, вале гармии модарзодиро нигоҳ дорад. Бисёр хӯрдани онҳо андар шикам хилтҳои ситабр бизояд.
Андомҳои сар: Хурмои буср сардард оварад ва бисёраш муҷиби сакта бигардад. Ҳар ду навъ барои вора ва буни дандонҳо хубанд.
Андомҳои сина: Ҳар ду навъ барои сина ва шуш баданд.
Андомҳои ғизокашӣ: Онҳо меъдаро дибоғат диҳанд, ҷигарро судда оваранд ва дер гуворида гарданд. Навъи резонаки хурмо камгувориш ва камғизост ва навъи ширини онҳо начандон суст гуворида бигардад.
Андомҳои ронанда: Ҳар як аз ин ду навъ хусусан агар бо сирко ва ё шароби тунд омехта шавад, шикамро бибандад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё