Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Омосҳо ва табишҳо]3: Бура ва хусусан навъи ифриқии он бо сирко ба тавассути зардобро ҳал карданаш хоришро нофеъ аст. Инчунин аз гар суд бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз бура барои фалаҷ, хусусан [барои фалаҷи андар дараҷаи] ахир буда ва хусусан ҳангоми рӯ ба пастӣ ниҳодани он мумравған омода созанд. Вай аз печидагии асабҳо низ суд дорад.
Андомҳои сар: (268) Бура аз сабӯсаи сар нофеъ аст.
Агар кафки онро бо ангубин андар гӯш бичаконанд, онро пок бикунад, бикушояд ва кариро суд бахшад. Агар бо хамр ва ё шароби зуфо ба кор бибаранд, бонг задани гӯшҳоро судманд бошад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бура барои меъда бад аст ва онро табаҳ кунад. Бураи ифриқӣ қай биангезад ва агар поксозияш набошад, аксар вақт беш аз дигар бураҳо хилтҳои меъдаро бибуронад. Аз он бо якҷоягии анҷир барои истисқо зимод ниҳанд ва онро бигардонад.
Андомҳои ронанда: Агар онро ба зер баргиранд, [табиатро] бикушояд. Агар бо шароб ва зира ё бо оби ҷӯшонидаи судоб ва шибит бихӯранд, печиши нофро фурӯ нишонад. Бура бо инҳо ва амсоли инҳо аз намак боло биистад. Онро ҳамроҳи баъзе доруҳои кирмкушанда биошоманд ва онҳоро берун орад. Ҳамчунин агар онро ба шикам ва ноф бимоланд ва ба наздики оташ нишинанд, кирмҳоро бикушад. Бо ин ва амсоли ин аз намак боло биистад.
Заҳрҳо: Ҳар як бура ва хусусан навъи ифриқии он чи сӯхта ва чи ғайри сӯхта хуноқи аз саморуғ падидомадаро ниҳоят нофеъ аст. Кафки он низ чунин бувад. Бураро бо пиҳи хар ва ё хук бар ҷои газидагии саги девона биниҳанд. Ҳангоми ошомидани коғнаҳое, ки «буфристис»4 ном доранд, бураро бо об биошоманд. Онро бо ангудон барои дафъи зиёни хуни барзагов биошоманд.
88. БАСАЛ – ПИЁЗ
Allium сера L.
Моҳият: Пиёз маъруф аст. Вай ба изофаи тезии буранда талхӣ ва гирандагӣ дорад. Навъи хӯрокии он ҳарчи дарозтару тезтари он аст. Сурхпиёз беш аз пиёзи сафед, пиёзи хушк беш аз сабз ва пиёзи хом беш аз бирёни он тез аст.
Табъ: Пиёз андар дараҷаи севвум1 гарми хушк аст ва дорои рутубати зиёдатист.
Феълҳо ва хосиятҳо: Пиёз ва хусусан навъи хӯрокии он латифкунандаи буранда аст ва ба изофаи гирандагӣ зудоянда ва сахт кушоянда бувад. Вай бодангез аст ва хунро ба берун кашида, пӯстро сурх бигардонад. Пиёз, ба ғайри навъи пухтаи он, чандон ғизое намебахшад, ки қобили мулоҳаза бошад. Зирабои бо пиёз камтар аз зирабое бод ангезад, ки бепиёз аст. Ғизои пиёзе, ки пухта аст, низ ситабр бувад. Пиёзи хӯрокиро чунин хосият аст, ки аз зиёни обҳо суд бахшад. Агар суфли пиёзро ба об афканан, бӯи онро бибарад.
Оростагӣ: Пиёз рӯйро сурх кунад ва тухмаш баҳак бибарад. Бо он чун гирди ҷойгоҳи «бемории рӯбоҳ»-ро бимоланд, ниҳоят суд бахшад. Пиёз бо намак озаххоро биканад.

Ҷароҳатҳо ва решҳо: Оби пиёз решҳои чиркнокро судманд аст. Он бо пиҳи мурғ реши аз мӯза падидомадаро суд бахшад.
Андомҳои сар: Агар оби пиёзро ба бинӣ афкананд, сарро пок кунад. Онро барои гаронии сар, бонг задани гӯшҳо, чирк ва оби гӯшҳо андар гӯш бичаконанд. Пиёз аз ҷумлаи чизҳоест, ки сардард оварад ва бисёр истеъмол кардани он боиси субот бигардад. Пиёз аз қабили чизҳоест, ки ба иллати хилти бад зоидани худ ақлро зиён оварад.
Вай луобро биафзояд.
Андомҳои чашм: Фишурдаи пиёзи хӯрокӣ аз оби ба сӯи чашм фурудоянда судманд аст ва биноиро бизудояд.
Фишурдаи онро бо ангубин аз барои сафедии чашм бар чашм кашанд.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Оби пиёз бо ангубин аз хуноқ судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Пиёзи даштӣ ба сахтӣ гуворида гардад ва навъе аз он қайангез аст. Пиёзи хӯрокӣ ба сабаби талхии худ меъдаи нотавонро қавӣ гардонад ва иштиҳо оварад. Пиёзи ду бор пухта серғизо буда, ташнагифизост ва аз ярақон нофеъ бувад.
Андомҳои ронанда: Пиёз даҳонаҳои бавосир бикушояд ва ҳамаи навъҳои пиёз боҳро биангезад. Оби пиёз ҳайзро битозонад ва табиатро нарм кунад.
Заҳрҳо: Агар оби пиёзро бо намак ва судоб бар газидагии саги девона бирезанд, суд бахшад. Пиёзи хӯрокӣ зиёни боди самум бигардонад. Баъзеҳо гуфтаанд: «Ин бад-он сабаб чунин аст, ки пиёз андар меъда хилти тари зиёде бизояд ва он зиёни самум бишканад». Пиёз андар ин бобат бағоят судманд аст.
89. БАҚЛА ЯМОНИЯ–Тараи яманӣ, ДАХИНАҶ Amaranthus Blitum L.
Моҳият: [Ин маъруф аст]1. Дисқуридус гуфтааст, ки андар он ҳеҷ доругие нест ва он чун қатаф обнок буда, таъм надорад ва аз он ҷиҳат аз ҳамаи тараҳо бешӣ дорад. Дахинаҷ беш аз коҳу ва каду тарифизост, ғизояш андак бувад ва ба сабаби аз буранокӣ тамоман холӣ будан зудгузар нест.
Табъ: Ҷолинус гӯяд, ки он андар дараҷаи дуввум сарди тар аст.
Омосҳо [ва табишҳо]: Дахинаҷро ба тариқи зимод барои омосҳои гарм ба кор баранд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз бехи он барои [реши] шаҳдӣ зимод ниҳанд.
Андомҳои сар: Фишурдаи онро бо равғани гул биомезанд ва он аз сардарде, ки аз гармии офтоб падид ояд, суд дорад.
(269) Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Дахинаҷ сурфаро судманд аст ва хусусан агар оби ҷӯшонидаи онро бо равғани бодом ва оби анори ширин ба кор баранд, сурфаро фурӯ нишонад. Ҳамчунин ташнагии гармро паст кунад.
90. БУЛБУС1 – БАЛБУС, ПИЁЗИ ДАШТӢ, ПИЁЗИ ЛИЗ
Muscari comosum Mill.
Моҳият: Балбус пиёзи хӯрдании хурдест, ки пиёзи наргисро монад ва баргаш ба барги гандано ва гулаш ба бунафша шабоҳат дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ