Қонуни тиб

Гурӯҳе гуфтаанд, ки он андар дараҷаи якум гарм аст, вале андар сард будани барги он шубҳае нест.
Хосиятҳо: Гӯянд, ки он хуни муътадил бизояд.
Омосҳо ва табишҳо: Зимоди он бо писти ҷав омосҳои гармро фурӯ нишонад ва барги он низ чунин бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Равғани бунафша ба тариқи тило гарро хуб бувад.
Андомҳои сар: Бӯй кашидан ва [ё] тило кардани он сардарди хуниро фурӯ нишонад.
Андомҳои чашм: Тило кардан ва ё ошомидани он рамади гармро судманд аст.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Бунафша аз сурфаи гарм суд дорад ва хусусан парвардаи он бо шакар синаро нарм кунад. Шароби бунафша аз барсом ва омоси шуш нофеъ аст ва он андар ин бобат беҳтар аз гулоб бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бунафша афрӯхтагии меъдаро суд дорад.
Андомҳои ронанда: Шароби бунафша дарди гурдаро судманд аст ва пешобро битозонад. Бунафшаи хушк сафроро ба исҳол берун кунад. Шароби он низ табиатро ба оҳистагӣ нарм созад ва он аз баромадагии мақъад нофеъ аст.
84. БАҲМАН – БАҲМАН
Radix statices (S. limonium L.) et Radix Centaureae (C. behen L.)
Моҳият: Ин пораҳои чӯбиест, ки онҳо бехҳои хушккардаи ба ҳам печидаи афсурда ҳамебошанд.
Баҳман ду навъ аст: сафед (267) ва сурх.
Табъ: Баҳман андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Оростагӣ: Баҳман фарбеҳкунанда аст.
Андомҳои сина: Дилро ниҳоят қавӣ кунад ва аз хафақон суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Баҳман маниро ба таври намоён биафзояд.
Ҷойнишинҳо: Як чанди он тударӣ ва ним чанди он «забони гунҷишк» ҷои он бигиранд.
85. БАРАНҶОСФ – БӮМОДАРОН
Artemisia vulgaris L.
Моҳият: Ин растаниест, ки афсинтинро монад, вале дорои ранги сабз ва рутубати часпак бувад. Синфе аз онро шохаҳои кӯтоҳтар ва баргҳои бузургтаранд. Бӯмодарон дорои баргҳои хурди тунуки сафеду зард буда, андар баҳор ва тобистон падид оянд. Ҷолинус гуфтааст: «Ду гиёҳи табиатан ба ҳам наздикро бо ин ном хонанд».
Табъ: Андар дараҷаи якум сарди тар аст.
Хосиятҳо: Бӯмодарон ниҳоят латифкунандаю кушоянда буда, зимоди он ба сӯи андом кашида шудани фазлаҳоро боз дорад.
Андомҳои сар: Аз он зимод ниҳодан ва пухтакови он бар сар рехтан сардарди сардро судманд аст. Пухтаи он беосеб буда, аз суддаҳои бинӣ ва зуком суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Андар оби ҷӯшонидаи он нишастан сангро андар гурда хурд бикунад ва ҳайзро битозонад.
Ошомидан ва ё аз он зимод ниҳодан решҳои [раҳмро] нофеъ аст, машима ва ҷанинро биафтонад, часпидани даҳони раҳмро суд бахшида, онро бикушояд ва сахтии онро
бибарад. Бӯмодаронро ба миқдори то панҷ дирамсанг биошоманд.
86. БАЛОЗУР – БАЛОЗУР
Semecarpus anacardium L.
Моҳият: [Ин маъруф аст]1. Меваи онро донаест, ки ба донаи хурмо монад ва мағзаш чун мағзи гавз буда, ширин ва безиён аст. Қишри он ковоки сӯрох-сӯрох аст ва андар ковокиҳои он ангубини часпаки бӯйноке ҷой дорад. Баъзеҳо меваи онро хусусан бо гавз бихоянд ва зиёне наоварад.
Табъ: Андар охири дараҷаи чаҳорум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Ангубини он реш кунад, омос оварад ва хуну хилтҳоро бисӯзонад.
Оростагӣ: Балозур озахҳо барканад, песиро бибарад, нигорро нест кунад ва «бемории рӯбоҳ»-и балғамиро беҳ кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Балозур омосҳои гарми андаруниро ба шӯр оварад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз сардии асаб ва истирхои он ва аз фалаҷу лақва суд бахшад.
Андомҳои сар: Агар маъҷуни балозурро, ки бо номи «анақардиё» маъруф аст, бихӯранд, табаҳ шудани хотираро нофеъ бувад, лекин васваса ва молихулиё падид оварад.
Андомҳои ронанда: Бо он чун бавосирро дуд андозанд, онро хушк кунад.
Заҳрҳо: Балозур худ аз ҷумлаи заҳрҳост. Он хилтҳоро бисӯзонад ва [одамро] бикушад. Тарёки он дӯғ аст ва равғани гавз қуввати онро бишканад.
Ҷойнишинҳо: Панҷ баробари вазни он фундуқ бо чаҳоряки вазни он аз равғани баласон ва сеяки вазни он нафти сафед андар ҳамаи бемориҳо ҷои он бигиранд.
87. БАВРАҚ1 – БУРА
Natrii carbonas
Моҳият: [Бура маъруф аст]2. Он аз намак қавитар буда, қуввааш аз ҷинси қувваи он, вале ғайри гиранда аст.
Бураро гоҳе бар сафол гирифта, бар фарози ахгари афрӯхта бидоранд ва то бирён шудан бисӯзанд.
Ихтиёр: Беҳтарини он бураи арманиест, ки сабук, баргакӣ, резонак, исфанҷӣ, сафед ва ё вардӣ, арғавонӣ ва газанда бувад. Қиёси бураи ифриқӣ нисбат ба дигар бураҳо чун қиёси бура ба намак аст. Бураро ҷуз ба тақозои сабаби бузурге нахӯранд. Кафки бура андар қувват латифтар аз худи бура аст ва беҳтарини он кафки бураи обгинаӣ аст, ки зуд резанда бувад.
Табъ: Андар охири дараҷаи дуввум гарми хушк аст ва гоҳе хушкияш ба дараҷаи севвум бигарояд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Бура ва хусусан навъи ифриқии он сахт бизудояд ва бишӯяд. Бура пӯст биканад, пок кунад ва хилтҳои ситабрро бибуронад. Ҳамаи бураҳо ба ҷуз навъи ифриқӣ ба сабаби шӯрӣ ба изофаи хуб зудудан дорои андаке гирандагӣ мебошанд, вале навъи ифриқиро гирандагӣ нест, балки дорои зудоиши холиси қавӣ бувад. Намакро қабз кардан аст, вале зудудан ҷуз ба андак набошад.
Оростагӣ: Пошидани он [бар сар] мӯйро тунук кунад ва агар аз он зимод биниҳанд, хунро ба зоҳири тан кашида, рангро хуб кунад ва аз лоғарӣ суд бахшад, вале мум кин аст бисёр хӯрдани он рангро сиёҳ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё