Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Соқаш гоҳе ба ду зироъ бирасад ва гулаш арғавонист. Донаи он мисли донаи коҷира, вале бештар гирд аст.
Табъ: Бехи он сардифизо буда, бо андаке таҳлил хушкӣ оварад. Тухми он гарми латиф аст. Баъзе пизишкон гуфтаанд, ки ҳамаи бахшҳои он сахт гарм аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Бодовард ва хусусан тухми он дорои қувваи ҳалкунанда ва кушоянда аст. Вай қувваи хунравиро қабзкунанда дорад ва гирандагияш муътадил бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Бодовард ба фазли қувваи таҳлил ва қабзкунандагӣ доштанаш омосҳои балғамиро нофеъ аст ва аз он, хусусан аз бехи он, зимод ниҳанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бодовард ба сабаби он ки баробари таҳлил овардан дорои гирандагии муътадил аст, аз ташаннуҷ нофеъ бошад. Тухми онро агар бачагон ҳангоми табаҳ шудани ҳаракатҳои мушакҳо биошоманд, эшонро суд бахшад.
Андомҳои сар: Бо оби ҷӯшонидаи он агар мазмаза кунанд, дарди дандонҳоро фурӯ нишонад.
Андомҳои сина: Бодовард ва хусусан бехи он аз хун партофтан судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Заъфи меъдаро суд дорад ва суддаҳои онро бикушояд.
Андомҳои ронанда: Хусусан бехи он аз исҳоли деррави хусусан меъдавӣ фоида дорад ва [низ] пешобтозонанда бувад.
Табҳо: Бодовард аз табҳои балғамии дароз, аз табҳое, ки сабабашон заъфи меъда аст ва аз тамоми табҳои куҳан судманд бувад.
Заҳрҳо: Агар онро хоида, бар ҷои газидаи каждум биниҳанд, суд бахшад ва заҳри онро бикашад. Агар тухми онро биошоманд, аз газидани ҷунбандагони зиёнкор нофеъ бошад.
Ҷойнишинҳо: Андар табҳо бадали он шоҳтара бувад.
82. БАЛАСОН – БАЛАСОН
Commiphora opobalsamum Engl.
Моҳият: Ин дарахтест мисрӣ ва танҳо андар маҳалле бирӯяд, ки он ҷойро Айну-ш-шамс гӯянд. Барг ва бӯи он ба судоб монанд аст. Лекин рангаш бештар ба сафедӣ бигарояд ва ба боло чун дарахти ҳузаз бувад. Равғани баласон беҳтар аз донааш ва донааш андар ҳама рӯй қавитар аз чӯбаш аст. Равғани онро бад-ин тариқ бигиранд, ки баъд аз баромадани ситораи Шиъро танаи онро бо теғ бибуранд (266) ва он чи аз он битаровад, бо пунба ҷамъ кунанд. Андар соле миқдори он аз чанд ратл таҷовуз нахоҳад кард. Дисқуридус гуфтааст: «Ин дарахт танҳо ба кишвари яҳудиён, ки он Фаластин аст ва он ҳам андар Ғури он ҷо бирӯяд. Он аз ҷиҳати дуруштӣ, дарозӣ ва борикӣ гуногун бувад».
Ихтиёр: Дисқуридус гуфтааст: «Равғани баласонро бад-ин гуна озмоянд: агар аз он бар шир бичаконанд, шир баста бигардад. Аммо мағшуши он ширро пок кунад ва баста нагардонад. Онро ба намудҳои гуногун мағшуш созанд, зеро баъзе касон онро бо бархе аз равғанҳо аз қабили равғани хинҷак, равғани ҳино, равғани дарахти мас

тако, равғани савсан, равғани бон ва равғани санавбар биомезанд. Гоҳе онро бо муме мағшуш созанд, ки андар равғани ҳино гудохта бошанд». Ӯ низ гуфтааст:
«Агар равғани холиси баласонро бар об бичаконанд, ҳал шавад ва сипас зуд қивоми ширро ба худ бигирад.
Аммо мағшуши он мисли равғани зайтун бар сари об гардида, ҷамъ шавад ва ё парешон шуда, ба ситорачаҳо табдил ёбад. Он дорои бӯи тез аст. Ҳар ки гумон кунад, ки чун холиси онро бар об бичаконанд, нахуст ба зер биравад ва сипас аз ғайри ҳал шудан бар об баромада, бигардад, чунин пиндор хатост. Беҳтарин равғани баласон тозаи он бувад. Аммо ситабру куҳани онро ҷуз қувваи андаки ночиз ҳеҷ қувват набошад».
Табъ: Чӯби он андар дараҷаи дуввум гарми хушк, донааш андаке аз он гармтар ва равғанаш аз ҳар ду гармтар бувад. Баласон андар аввали дараҷаи севвуми гармӣ қарор дорад ва онро аз гармиоварии он андозае нест, ки пиндоранд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Суддаҳоро бикушояд ва андомҳои андарунии дардмандро суд бахшад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Баласон хусусан бо бехи савсани осмонгунӣ решҳоро пок кунад ва қишрҳои устухонҳоро берун орад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ошомидани он аз қавин суд дорад ва оби ҷӯшонидаи онро аз барои ташаннуҷ биошоманд.
Андомҳои сар: Баласон решҳои сар ва худи сарро пок бикунад ва аз саръ ва гижа суд бахшад.
Андомҳои чашм: Баласон ва равғани он пардаро бизудояд ва биноиро тез кунад.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Чӯб ва донаи баласон дарди ҳар ду барро нафъ кунад ва аз дамкӯтоҳии дурушт, тангии нафас ва дарди сарди шуш суд бахшад. Донаи он аз омоси сарди шуш ва сурфа нофеъ аст. Равғани он низ чунин бувад. Умуман, баласон андомҳои андаруниеро судманд аст, ки аз барсӯи мароқ ҷойгиранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Баласон аз нотавонии гувориш судманд аст ва оби ҷӯшонидаи он бадгуворӣ бибарад, меъдаро пок кунад ва ҷигарро нерӯманд бигардонад.
Андомҳои ронанда: Баласон пешобро битозонад ва аз печиши ноф суд бахшад. Бахури он рутубати раҳмро нофеъ аст ва онро бихушконад. [Инчунин] аз сардии он судманд буда, ҷанин ва машимаро берун орад. Агар онро дуд андозанд, ҳамаи дардҳои заҳдонро нофеъ бошад.
Оби ҷӯшонидаи он даҳони раҳм бикушояд. Мумравғани он бо равғани гул ва мум сардии заҳдонро суд дорад ва он аз душвории пешоб судманд аст.
Табъ: Равғани он табларзаро бибарад.
Заҳрҳо: Баласон бо заҳрҳо бикӯшад ва аз газидагии афъиҳо суд дорад. Равғанашро агар бо шир биошоманд, аз шавкарон, аз ҷунбандагони зиёнкор ва хусусан [аз каждум]1 нофеъ бувад.
83. БАНАФСАҶ – БУНАФША
Viola odorata L.
Моҳият: Бунафша маъруф аст ва таъсири бехи он ба таъсири худи он наздик аст.
Табъ: Бунафша андар дараҷаи аввал сарди тар аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ