Қонуни тиб

Фасли дуввум гуфтор андар баёни ҳарфи «бо» /ب/
79. БОН – БОН
Morinda pterygosperma Gaertn. seu M. aptera Gaertn.
Моҳият: Донаи бон бузургтар аз нахӯд буда, ба сафедӣ бигарояд ва дорои мағзи нарми равғанист.
Табъ: Бон андар дараҷаи севвум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Бон поккунанда аст ва хусусан мағзи он моддаҳои ситабрро бибуронад ва бо сирко ва об суддаҳои андомҳои андаруниро бикушояд. Андар дурди шираи он талхии зиёд ва гирандагист ва сабаб он бошад, ки он дорои қувваи доғниҳанда бувад. Пӯсти он бештар гиранда аст ва равғанаш низ аз гирандагӣ холӣ нест. Ҳамаи [бахшҳои] он зудоянда ва буранда бувад.
Оростагӣ: Донаи бон аз кунҷидаи сиёҳ, кунҷидаи сурх, калаф, баҳак ва осори решҳо суд дорад. Равғани он низ чунин бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Агар андар марҳамҳо афканда шавад, ҳамаи омосҳои сахт ва озахҳоро суд бахшад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: [Донаи бон] бо сирко аз гари қишррафта, гари решшуда ва табишҳои ширӣ нофеъ аст ва [инчунин] аз саъфа судманд бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бон ва хусусан равғани он асабҳои гарм ва ташаннуҷу сахтиҳои асабҳоро нарм кунад.
Андомҳои сар: Ба миёнҷии гирандагии хеш хуни биниро бибандад. Равғани он, хусусан агар бо пиҳи мурғобӣ истеъмол шавад, дарди гӯшҳо ва бонг задани онҳоро созгор бувад. Оби ҷӯшонидаи бехи онро мазмаза кардан дарди дандонҳоро суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар [аз донаи бон] бо сирко омехта, ба андозаи ду дирамсанг биошоманд, сахтии ҷигар ва сахтии испурчро судманд бошад. Гоҳе онро бо нон, ё бо орди шайлам ва молиқиротун, ё орди говдона ва ё орди савсан якҷоя созанд ва аз он испурчро зимод кунанд.
Бон барои меъда бад аст ва маниши гаштан оварад. Агар аз фишурдаи он ба қадри як мисқол бо ангубин биошоманд, қаи сахт ва исҳол оварад. Самари он низ чунин бувад.
Андомҳои ронанда: Як мисқол донаи он агар бо ангубин ошомида шавад, балғами хомро ба исҳол берун кунад. Равғани бон низ чунин бувад. Агар фатилаи андар [равғани] он оғуштаро ба зер бар гиранд, низ чунин кор бикунад.
Ҷойнишинҳо: Ба андозаи як чанди вазни он рунос, ним чанди он қишрҳои салиха ва даҳяки вазни он басбоса ҷои онро бигиранд.
80. БОБУНАҶ – БОБУНА
Matricaria chamomilla L.
Моҳият: Ин гиёҳест рангоранг. Бархеро гулҳои зард, бархеро гулҳои сафед ва бархеи дигарро гулҳои арғавонист (265) ва ин маъруф аст. Барг ва гули онро ба та
риқи қурсҳо сохтан нигоҳ доранд ва бехашро хушк кунанд ва нигоҳ доранд. Ҷолинус гуфтааст, ки қувваи латифсозандагии бобуна қариб ба гул баробар аст, вале гарм буда, гармияш чун гармии равғани зайтун созгор бошад. Ин андар ҷойҳои ноҳамвор ва наздики рашаҳо бирӯяд. Онро андар баҳор чида, ҷамъоварӣ кунанд.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Бобуна кушоянда ва зичиро латифсозанда, ковоккунандаи ҳалкунанда ва дорои андаке кашандагӣ, балки бидуни кашандагист. Ин андар миёни доруҳо хосияти хоси ӯст.
Омосҳо ва табишҳо: Бобуна бо суст кардану таҳлил овардан омосҳои гармро бигардонад ва сахтиҳоеро нарм кунад, ки чандон сахт набошанд. Бобунаро ба ҳангоми омосҳои касифшудаи андомҳои андарунӣ биошоманд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Азҳамкашидагиро суст кунад ва ҳамаи андомҳои асабиро қавӣ гардонад. Ин беҳтарин дору барои ранҷҳо бувад аз баҳри он ки гармии он шабеҳ ба гармии ҳайвон аст.
Андомҳои сар: Бобуна мағзро қавигардонанда буда, аз сардарди сард нофеъ аст, чаро ки он моддаҳои сарро берун орад, чаро ки бидуни кашиш таҳлил оварад ва ин кор хосияти он бувад. Бобуна қулоъро низ хуб аст.
Андомҳои чашм: Ғарби кафидаи чашмро зимоди он беҳ кунад. Инчунин ба тариқи зимод ба кор бурдани он рамад, тирагии чашм, табишҳо, хориш, дард ва гарро суд дорад.
Андомҳои сина: Бобуна балғам партофтанро осон бикунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бобуна ярақонро бибарад.
Андомҳои ронанда: Бобуна ва хусусан навъи гули арғавонӣ доштаи он пешобро битозонад ва сангро берун орад. Обгаҳро барои дардҳои сард ва гармаш бо бобуна гармибандӣ кунанд. Агар онро биошоманд ва андар обаш бинишинанд, хуни ҳайзро битозонад, ҷанин ва машимаро берун кунад ва иловусро нофеъ бошад.
Табҳо: Бо равғани он ҳангоми табҳои даврӣ молиш бидиҳанд ва андар поёни табҳои куҳан онро биошоманд.
[Равғани] он ҳар як таберо, ки чандон сахт набошад ва агар андар андомҳои андарунӣ ягон омоси гарми ба ғояти пухтагӣ расида вуҷуд надошта бошад, нафъ кунад. Гоҳе он таби омосиеро суд бахшад, ки [омос] ғайри гарм, вале пухта бошад.
Ҷойнишинҳо: Андар қувват бахшидани мағз ва сардардро суд бахшидан бӯмодарон, ки он қайсум аст, ҷои он бигирад.
81. БОЗОВАРД – БОДОВАРД
Picnomen acarna Coss.
Моҳият: Ин сафедхор ва шабеҳ ба хори хасак аст, вале аз он сафедтар ва хорҳояш дарозтар буванд. Барги он ба барги ҳамомо монанд буда, вале тунуктар ва сафедтар аз он аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё