Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Доруи мустаъмалро аз ҳамон панире бигиранд, ки аз шири буз ва меш омода карда бошанд.
Панир ва хусусан бирёнкардаи он аз барои решҳои рӯдагон нофеъ аст ва исҳолро боз дорад. Гоҳе бирёни онро бисованд ва бо равғани гул ва ё зайтун ҳуқна резанд, аз исҳоли хилтҳои хилмӣ судманд бувад.
Заҳрҳо: Чунин ёд кардаанд, ки панир бо пудинаи кӯҳӣ тилои заҳрҳост.

нанд. Газар ва хусусан тухми бӯстонии он боҳро биангезанд, зеро он ниҳоят бодангез аст, вале тухми даштии он чунин нест. Аммо шақоқул, ки он газари даштист, агар андар шумори газар дароварда шавад, беш аз [навъи] бӯстонӣ боҳангез бувад. Газарро ва хоссатан даштии онро агар биошоманд ва [ё] ба зер баргиранд, хуни ҳайз ва пешобро битозонад. Тухм ва бехи газар душвории обистанро суд доранд.

  1. ҶАДВОР1 – ҶАДВОР
    Radix сurcumae (С. zedoaria Rosc.)
    Моҳият: Ин пораҳоест, ки заровандро монанд, вале бориктар аз он буванд. [Қувваташ] чун қуввати он ва беҳтар аз он бувад. Ҷадвор ҳамроҳи беш бирӯяд ва растании беш аз ҳамсоягии он камқувват бигардад. Ибни Мосарҷувайҳ гуфтааст: «Феъли он чун [феъли] даруна, вале аз он заифтар бувад». Ман гӯям: Агар ӯ хоста бошад, ки ҷадвор заифтар аст, пас, бо ин гумони худ хато кардааст ва агар хоста бошад, ки даруна заифтар аст, пас, ин [гумон] аз ҳақиқат дур нест. То он ҷо ки ман медонам, Ибни Мосарҷувайҳ барои ҷудо кардани ин таҷрибаи кофӣ дошт.
    Сипас ӯро андар баёни ин гуфта ривояти нақлшудае нест, ки то ба сарчашма рафта бирасад ва гуфтаи ӯро боварибахш бигардонад. Ӯ худ медонад, ки ҷадвор бо беш бикӯшад ва чӣ гуна бошад, ки аз даруна заифтар бошад.
    Заҳрҳо: Ҷадвор тарёки ҳамаи заҳрҳои афъиҳо, беш ва ғайра бувад.
    Ҷойнишинҳо: Андар тарёк будан се чанди вазни он аз зурунбод ҷои онро бигирад.

  2. ҶИРҶИР – ИНДОВ, ТАРАТЕЗАК
    Eruca sativa Mill.
    Моҳият: Индов маъруф аст. Навъе аз он саҳроӣ ва навъе бӯстонист. Тухми индов ҳамон чизест, ки андар пазандагӣ ба ҷои хардал ба кор бибаранд.
    Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва андар дараҷаи якум хушк аст. Тозаи онро рутубат андар дараҷаи якум бувад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Индов бодангези нармиоваранда аст.
    Оростагӣ: Оби индовро бо заҳраи гов аз барои осори
    решҳо ва тухм ва ё оби онро бо ангубин аз барои кунҷидаи сурх ва калаф [ба кор бибаранд].
    Андомҳои сар: Онро хусусан агар танҳо бихӯранд, сардард оварад. Коҳу ва инчунин коснию хурфа зиёни онро бибаранд.
    Андомҳои сина ва нафаскашӣ: Индов тозонандаи шир бувад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Он ғизоро бигуворад.
    Андомҳои ронанда: Индови даштӣ ва хусусан тухми он пешоб битозонад, боҳ биангезад ва закарро бихезонад.
    Заҳрҳо: Агар онро бихӯранд ва аз болои он шароби райҳонӣ биошоманд, аз барои газидагии росу ва ғайра тарёк бувад.

  3. ҶАЗАР – 1) ГАЗАР, САБЗӢ;

  1. ГА3АРИ ДАШТӢ, ГАЗАРАК
  2. Daucus sativus (Hoffm.) Roehl.; 2) Daucus carota L.
    Моҳият: Газар маъруф аст. Аз ҳама қавитар тухми газари даштист. Дисқуридус гуфтааст, ки як синфи онро баргҳояш резатар аз баргҳои розиёна аст, вале худ ба сурати он бошад ва соқаш то ба як ваҷаб бирасад. Шукуфаи он зард буда, [чатри он] мисли (288) чатри кашниз ва ё шибит аст. Вай дорои самарест, ки сафеди тез ва хушбӯй ва хушхоиш бувад. Газар андар ҷойҳои кушоди офтобрӯяи санглохӣ бирӯяд. Бӯстонии он карафси румиро монад ва тези сӯзони хушбӯй бувад. Барги намуди севвуми газар мисли барги кашниз буда, шукуфааш сафед ва чатру самараш ба шибит монанданд. Кулоҳакҳои он чун кулоҳакҳои гавз буда, пур аз тухмҳоеанд, ки андар ҳайату тезӣ ба зира монанд буванд.
    Табъ: Андар охири дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи якум тар аст.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Тухм ва барги онро агар кӯфта, бар решҳои хӯрашаванда бигузоранд, онҳоро нафъ кунад.
    Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Газар барсом ва сурфаи дерравро суд бахшад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Газар душворгувор аст ва парвардаи он осонтар гуворида гардад. Вай аз истисқо нофеъ аст.
    Андомҳои ронанда: Газар ва хусусан тухми газари даштӣ печиши нофро ором кунад ва газари даштӣ, хусусан тухм ва инчунин барги он пешобро сахт битозо
  1. ҶОВАРС1 – ГОВАРС, АРЗАН
    Panicum miliaceum L.
    Моҳият: Ин се ҷинс2 аст ва андар қувват гуринҷро монад, лекин гуринҷ серғизотар аст. Говарс андар ҳама рӯй аз арзан хуб аст, вале арзан сахттар қабз кунад.
    Табъ: Андар охири дараҷаи дуввум сарди хушк аст. Аз миёни [пизишкон] бархе гӯянд, ки говарс андар дараҷаи якум гарм аст, вале гуфтаи аввалӣ дурусттар бувад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Андар говарс бидуни газидан қабз кардану хушкӣ овардан аст. Онро аз барои фурӯ нишондани дардҳо ба тариқи гармибандӣ ба кор баранд.
    Агар [пеш аз ба кор бурдани он] тадбире андешида нашавад, хуни бад хоҳад зоид. Говарс камтар аз ҳамаи ғаллаҳои дигаре ғизо бахшад, ки аз онҳо нон омода созанд ва ғизои он камтар часпак бувад. Андар он, ба гуфтаи баъзеҳо, латифист, лекин агар онро бо шир ва оби сабӯси гандуми сафед бипазанд ва хусусан агар бо равғани зард ва ё равғани бодом [бихӯранд], ғизобахшии он хуб бигардад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Чи гавҳари он ва чи нони он андар меъда дер бимонад.
    Андомҳои ронанда: Бо говарс печиши нофро гармибандӣ кунанд. Он пешобоваранда бувад.
пешина
аз 1215
навбатӣ