Қонуни тиб

Заҳрҳо: Ошомидан ва ё тило кардани ду дирамсанг аз тухми он бо шароб, майпухта ва оби гарм бо ҳамаи заҳрҳо, хусусан бо заҳри каждум, бикӯшад. Пӯсти он низ қариб чунин кор бикунад. Афшураи пӯсти он ба тариқи ошомидан ва ё пӯсти он ба тариқи зимод газидагии афъиҳоро судманд бувад.
39. ИСҚАНҚУР1 – САҚАНҚУР, РЕГМОҲӢ
Scincus officinalis
Моҳият: Ин варали обиест, ки онро аз Нили Миср сайд кунанд. Гӯянд, ки он аз насли тимсоҳ аст, бад-ин гуна ки агар онро беруни об биниҳанд ва андар хушкӣ бузург шавад.
Ихтиёр: Беҳтарини он сақанқурест, ки баҳор ҳангоми гушн рафтан сайд кунанд ва беҳтарин андоми он нофаш аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз иллатҳои сарди асаб судманд аст.
Андомҳои ронанда: Модом ки намаки он боҳро биангезад, пас, гӯшти он, хусусан гӯшти ноф, бахши сипасини гурда ва алалхусус пиҳи он чӣ гуна чунин набувад?
40. ИҶҶОС – ОЛУ
Prunus domesticа L.
Моҳият: Олу маъруф аст.
Ихтиёр: Олуи бустӣ қавитар аз олуи сиёҳ ва зарди он қавитар аз сурх аст. Олуи сафеди бузург гарон ва кам исҳоловаранда аст. Олуи арманӣ беш аз ҳама ширин ва исҳоловаранда аст. Беҳтарин олу онест, ки бузурги сергӯшт бошад.
Табъ: Олу андар аввали дараҷаи дуввум сард ва андар охири дараҷаи дуввум тар аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Самғи он латифкунанда, буранда ва часпакиоваранда аст. Олуи димашқӣ ба наздики Дисқуридус, на Ҷолинус, шикам бибандад ва қабз кунад.
Олуи хоме, ки ҳанӯз напухтааст, дорои қабзкунандагӣ буда, камғизост. Онро бояд пеш аз таом хӯрд ва шахси тармизоҷ бояд баъди он оби ангубин ва набиз биошомад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Самғи он решҳоро гӯшт бирӯёнад ва [истеъмоли он] бо сирко, хусусан агар ҳамроҳи он ангубин ва ё шакар бошад, парюн ва хусусан парюни бачагонро бибурад.
Андомҳои сар: Барги олуро агар мазмаза кунанд, назлаҳои ба сӯи бодомакҳо ва забонча ояндаро боз дорад.
Андомҳои чашм: Самғи олу ба тариқи ба чашм кашидан биноиро нерӯманд кунад.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Нордони он афрӯхтагии дилро паст кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Нордони он сафроро беш аз ҳама фурӯ нишонад ва ширинаш бо тарифизоии хеш меъдаро суст карда, сард бигардонад ва умуман онро созгор нест.
Андомҳои ронанда: Ширини он беш аз ҳама сафроро ба исҳол оварад. Олуи тар низ беш аз хушки он исҳол оварад. Исҳоли он ба иллати часпакии он бувад.
Олуи димашқӣ ба наздики баъзеҳо шикамро бибандад.
Олуи даштӣ, агар хуб пухта набошад, ба иҷмоъи ҳама гиранда аст. Ҷолинус гӯяд, ки Дисқуридус андар гуф
тани он, ки олуи димашқӣ гиранда аст, хато кардааст ва он исҳоловаранда бувад. Самғи олу санги обгаҳро хурд кунад ва обаш ҳайзро битозонад. Олу ҳар андоза, ки хурд бошад, ҳамон андоза камтар шикам оварад.
41. ИСФИДОҶ – САФЕДА
Plumbum aceticum
Моҳият: Сафеда хокистари арзиз ва сурб аст. Сафедаи сурбӣ агар бештар сӯхта шавад, сиринҷ бигардад ва латифии зиёдатӣ ситонад. Ҳамаи сафедаҳо бо ёрии сирко ҳосил карда шаванд ва гоҳе онро бо ёрии намакҳо ҳосил кунанд. Сафеда бо роҳҳои гуногуне, ки андар китобҳои аҳли ин пеша нишон дода шудаанд, ҳосил карда мешавад.
Табъ: Сафеда андар дараҷаи дуввум сарди хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Сафедае, ки бо ёрии сирко ҳосил шудааст, бештар латифкунанда аст ва фурӯтар биравад ва дигар навъи он сахт латифкунанда нест, вале хусусан навъи сиринҷ часпонанда бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Омосҳои сард ва сахтро нарм кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Сафеда андар таркиби марҳамҳо бидарояд ва он решҳоро пур кунад, андар онҳо гӯшт бирӯёнад ва хусусан сиринҷ гӯшти бадро бихӯрад.
Сиринҷ низ ниҳоят рӯёнандаи гӯшт бувад.
Андомҳои чашм: Сафеда аз табишҳои чашм нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: Сафеда яке аз доруҳои кафидагиҳои мақъад аст ва сахт суд бахшад.
Заҳрҳо: Сафеда яке аз намуди заҳрҳост ва шарҳи он андар боби заҳрҳо ёд шавад.
42. (259) ОБНУС – ОБНУС
Diospyros ebenum Koen.
Моҳият: Обнус маъруф аст. Он чӯби дарахтест, ки аз Зинҷ ва ба ақидаи Дисқуридус аз Ҳабашистон оваранд.
Он сиёҳи холис ва бидуни қабатҳост. Ба суфтагӣ шохи ҳамвор ва ба қавле шохи тарошидаро монад. Агар онро шикананд, шикастагии он зич буда, забонро бигазад.
Ихтиёр: Беҳтарини он обнуси сиёҳи ҳамворест, ки дорои хатҳо набошад ва ҳангоми совидан чун шохҳои тарошида эҳсос шавад. Обнус бадошт ва мазааш тез аст.
Агар онро бар болои ахгар биниҳанд, аз он чун аз атр бӯи хуш бархезад.
Табъ: Обнус андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Гурӯҳе даъво кардаанд, ки он баробари гармии хеш гармии хунро хомӯш кунад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Обнус мисли бисёре аз сангҳо андар об совида шавад. Вай латифкунандаи зудоянда бувад.
Андомҳои чашм: Пардаи чашм ва сафедиро бизудояд. Аз совидагии он шиёф омода кунанд ва аз он ба сабаби созгорияш барои доруҳои чашм санги фасон бисозанд.
Чун резаҳои онро бар табақ бисӯзанд ва сипас онро бишӯянд, решҳои деррави чашм, рамади хушк, гари чашм ва сайлони дерравро судманд бошад.
Андомҳои ронанда: Хузистониён гӯянд, ки санги гурдаро обнус хурд бикунад. Гуфтаанд, ки он қобилияти дамиши шикамро паст кардан дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё