Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ОЗОНУ-Л-ФАЪР – «ГӮШИ МУШ»
  1. Myosotis stricta Lk.; 2) Myosotis palustris LAM.
    Моҳият: Ин гиёҳест, ки қувваташ ба наздики Ҷолинус ба қувваи гиёҳи шишаро зудоянда2 наздикӣ дорад.
    Ин ном бар ду гиёҳ дода шуда аст: яке онест, ки Ҷолинус ёд кардааст ва аз он бӯи панирак ояд ва [ҷирми] он сахт набошад; дигар гиёҳест, ки Дисқуридус ёд кардааст ва тасдиқ кардааст, ки ин гиёҳ печакро монад, вале баргҳояш нисбат ба баргҳои он кӯтоҳ буванд. Вай гиёҳест, ки бар рӯи замин рӯида, шохаҳояш борик, бӯстонӣ ва хушбӯй аст, вале бӯю таъмаш қавӣ нестанд, гулаш лоҷувардӣ буда, тухмаш тухми кашнизро монад. Парастуҳо онро бихӯранд ва он хусусан агар маҳалли рӯидааш ба наздики об набошад, тез аст. Масеҳ гуфтааст: «Манфаати он чун манфаати афсинтин бувад». Вале воқеъ шудани ин чиз аз ҳар ду якҷоя ғайри чашмдошт бошад.
    Табъ: Оне, ки ба наздики Ҷолинус маъруф аст, андар дараҷаи якум сарди тар аст ва дигарӣ аз ҷумлаи доруҳои гарм ба шумор биравад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Якумиро гирандагӣ нест ва дуввумӣ хушккунандаи сурхиоваранда бувад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Оне, ки Дисқуридус ёд кардааст, хор ва устухонрезаҳоро берун орад, ҷароҳатҳоро бичаспонад ва решҳоро пок кунад.
    Андомҳои сар: Ошомидани он сардардро судманд аст ва чун онро андар бинӣ афкананд, лақваро сахт суд бахшад ва мағзро пок созад.
  1. АРНАБ БАРРӢ1 – ХАРГӮШИ ДАШТӢ
    Oryctolagus cuniculus [Моҳият: Ин маъруф аст]2.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Панирмояи [харгӯши даштӣ] ҳамаи он корҳоеро кунад, ки андар боби панирмояҳои ҳайвонӣ ёд кардем, вале [таъсираш] латифтар ва хубтар бувад. Вай низ дорои дигар феълҳои зиёдатист.
    Оростагӣ: Хуни харгӯш доғи кунҷидаро пок кунад ва хокистари сари он, хусусан харгӯши дарёӣ, барои «бемории рӯбоҳ» доруи хуб аст. Агар шикамбаи харгӯшро, ҳамон тавре ки ҳаст, бо андомҳои андарунии он гирифта, бар тоба бирён карда, бисӯзанд, хокаи он бар рӯёнидани мӯи сар доруст ва бо равғани гул ба кор баранд.
    Дисқуридус гуфтааст: «Аммо агар харгӯши дарёиро ба танҳоӣ ва ё бо газна зимод кунанд, мӯйро бирезонад».
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Мағзи бирёнкардаи харгӯш аз раъшае, ки баъди беморӣ ба амал омада бошад, нофеъ аст.
    Андомҳои сар: Агар мағзи онро бар вораҳои кӯдакон бимоланд, бо хосияти худ рустани дандонҳоро битезонад ва бидуни дард [баромадани онҳоро] осон гардонад. Ин ба иллати хосияте бошад, ки андар он аст. Агар бо равғани гов, ё маска ва ё ангубин ҳал карда шавад, низ чунин бувад. Агар панирмояи он бо сирко ошомида шавад, аз саръ судманд бошад.
    Андомҳои ронанда: Агар панирмояи харгӯши даштӣ баъд аз пок шудан [аз ҳайз] се рӯз бо сирко ошомида шавад, обистанро боз дорад ва рутубати аз раҳм ояндаро берун кунад. Хуни бирёнкардаи харгӯши даштӣ аз саҳҷ,

омоси рӯдагон ва исҳоли деррав нофеъ аст.
Заҳрҳо: Панирмояи харгӯши даштӣ бо сирко тарёк ва подзаҳри (260) заҳрҳост. Хуни бирёнкардаи харгӯши даштӣ аз заҳри тирҳои арманӣ судманд бувад.
45. АНХУСО1 – ШИНГОР
Anchusa tinctoria L.; А. italica Retz.
Моҳият: Гурӯҳе гуфтаанд, ки анхусо харкоҳуст2 ва онро «шинҷор» ва «шинқор» низ гӯянд. Он мӯякдор, хордор, дурушт ва сиёҳ аст ва бар бехи худ баргҳои заифе дорад, ки ба он часпидаанд. Ситабрии бехи он ба андозаи ангушт буда, сурхи баланд аст ва агар тобистон ба он бирасанд, дастро рангин кунад. Як синфи дигаре аз он баргҳои хурд дошта, рангаш сурх аст. Синфҳои ин растанӣ чаҳоранд: унуқлиё3; убусовирус4; убуҷалсус5; ва аксуфонин6.
Ихтиёр: қавитарини инҳо ду синфи аввалист.
Табъ: Ҷолинус гуфтааст: «Навъе аз анхусо гарми хушк ва навъи дигар бар хилофи он бувад».
Феълҳо ва хосиятҳо: Оне, ки «унуқлиё»7 номида шудааст, латифкунанда ва гиранда аст ва бинобар ин тунди тез бувад. Қабз кардан андар дигар навъҳо зоҳиртар аст.
Ду синфи ахир ҳар ду назар ба ҷуфти аввалӣ сӯзандатар ва гармияшон қавитар бувад. Бехи онҳо беш аз баргашон гарм аст.
Оростагӣ: Агар бо сирко тило карда шавад, нофеъ буда, ҳатто баҳак ва бемориеро беҳ кунад, ки пӯст ба иллати он қишр барорад. Барги шингор заифтар аз бехаш аст.
Омосҳо ва табишҳо: Бехи навъи унуқлиё8 бо орди кашк сурхбодро нофеъ аст. Бехи абуҷалсус низ чунин бошад ва агар онро бо пиҳ бар хукакҳо биниҳанд, онҳоро ҳал кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Анхусоро бо пиҳ бар ҳамаи решҳо ва хусусан бар сӯхтагии оташӣ биниҳанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Бехи унуқлиё9 меъдаро дибоғат бидиҳад ва ҷӯшонидаи он бо молиқиротун аз ярақон ва дарди испурч судманд аст.
Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи он бо молиқиротун, [ки он оби ангубин аст]10, аз дарди гурда ва санги он нофеъ бувад. Агар зан бехи онро ба зер баргирад, бача афканад. Барги доғкардаи он бо шароб шикамро бибандад, лекин убуқлиё хилтҳои сафровиро ҳал кунад. Бехи навъи зардбарги он бо зуфо ва хардал кирмҳоро бикушад ва берун орад. Шингори мутлақ чи зард ва чи ғайри он, низ чунин бувад, лекин зардаш андар ин кор бештар қавист.
Табҳо: Ҷӯшонидаи бехи ин гиёҳ бо молиқиротун аз табҳои деррав судманд аст.
Заҳрҳо: Агар донаҳои сурхи навъи зардбарги ин растаниро хоида, бар ҷунбандагони зиёнкор афкананд, онҳоро бикушад. Ду синфи ахири онро агар биошоманд, ё тило кунанд ва ё зери ҷойхоб ниҳанд, аз газидани афъӣ нофеъ бувад.
46. АЛМОС – 1) АЛМОС; 2) БУЛӮР

  1. Diamont; 2) Quartz Моҳият: [Ин санги маъруф аст]1. Гуфтаанд, ки андар боби ҳарфи «мим» овардани «алмос» дурусттар аст, вале мо онро андар ин боб ёд кардем, зеро ин шакл маъ руфтару машҳуртар аст.
пешина
аз 1215
навбатӣ