Қонуни тиб

Гоҳе аз он бо ҳамроҳии ангубин шиёфҳо сохта, ба зер баргиранд ва он хилтҳои бадро берун орад.
37. АФЮН1 – АФЮН
Opium
Моҳият: Ин шираи кӯкнори сиёҳи мисрист, ки бӯидани он хоб оварад ва як ошомидании он на беш (257) аз ду донг бувад. Гоҳе аз коҳуи даштӣ низ афюн бигиранд ва ин ҳам карахткунанда, вале камқувват аст. Афюнро бар оҳани тофта то сурх шудан бирён кунанд.
Ихтиёр: Беҳтаринаш онест, ки гаронсанг, тезбӯй, зудшикананда, ба осонӣ андар об ҳалшаванда буда, ҳангоми гудозиш2 баста нагардад, андар офтоб ҳал шавад ва агар аз он чароғро афрӯзанд, нури онро хира накунад. Навъи зард обро рангкунанда, дурушт, камбӯй ва рангаш равшан буда, мағшуш аст. Ин гуна афюн бо момисо мағшуш бувад. Гоҳе онро бо шири коҳуи даштӣ мағшуш созанд ва ин камбӯй бошад. Гоҳе онро бо самғ мағшуш созанд ва тобандаи ниҳоят равшан бошад.
Табъ: Афюн андар дараҷаи чаҳорум сарди хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Афюн чи ба тариқи ошомидан ва чи ба тариқи тило кардан карахткунанда ва фурӯнишонандаи ҳамаи дардҳост. Як ошомидании он ба андозаи як наски бузург бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Омосҳои гармро бигардонад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Афюн дорои қувватест, ки решҳоро хушк бикунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Афюнро бо зардии хояи бирён омехта, ниқрисро тило кунанд ва ин хусусан бо шир дардро бинишонад.
Андомҳои сар: Афюн хобоваранда аст ва ҳатто агар ба тариқи фатила ва ё ғайри фатила ба зер баргиранд, [низ чунин бувад]. Агар андар равғани гул гудохтаи онро бо мурр ва заъфарон андар гӯши дарднок бичаконанд, дардро фурӯ нишонад. Вай сардарди дерравро бинишонад ва осудагӣ бахшад. Афюн аз ҷумлаи чизҳоест, ки фаҳму зеҳнро бекор кунад.
Андомҳои чашм: Истеъмоли он бо шири занон дардҳои рамади чашм ва омосҳои онро бигардонад. Бисёре аз пизишкони пешин афюнро ба иллати бинишро зиён расонданаш ҳангоми бемории рамад ба кор намебурданд.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Афюн сурфаи пайвастаро ором кунад ва бисёр вақт сурфаи сахтро фурӯ нишонад.
Андомҳои ғизокашӣ: Гоҳе меъдаро дибоғат дода, онро ҷамъ созад ва ин ҳангоме бошад, ки меъда аз гармӣ ва тарӣ суст шуда бошад. Агар онро танҳо бидуни гунди бедастар биошоманд, аксар вақт гуворишро бекор кунад ва ё онро ниҳоят бикоҳад.
Андомҳои ронанда: Исҳолро бибандад, саҳҷ ва решҳои рӯдагонро суд бахшад.
Заҳрҳо: Афюн бо сардии қавӣ овардани худ бикушад ва тарёки он гунди бедастар аст.
Ҷойнишинҳо: Се чанди он аз тухми банг ва ду чанди он аз тухми луффоҳ ҷои он бигиранд.
- УТРУҶ – ТУРУНҶ
Citrus medica Risso. Var. Cederata Risso.
Моҳият: Турунҷ маъруф аст. Равғани он, ки аз пӯсташ ситонанд, қавист ва оне, ки аз шукуфаи турунҷ ситонанд, андар ҳама бобат заифтар бувад.
Табъ: Пӯсти турунҷ андар дараҷаи якум гарм ва андар охири дараҷаи дуввум хушк аст. Гӯшти он андар дараҷаи якум гарм ва андар ҳамин дараҷа тар аст. Балки гурӯҳе гуфтаанд, ки он андар дараҷаи якум сарди тар буда, сардияш бештар бувад. Турушаи он андар дараҷаи севвум сарди хушк аст ва тухмаш андар дараҷаи якум гарм ва андар дараҷаи севвум хушкифизост.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гӯшти турунҷ дамиш оварад ва баргаш дамиш фурӯ нишонад, вале шукуфаи он беш аз [гӯшташ] латиф аст. Турушаи он гиранда ва шиканандаи сафрост. Тухм ва пӯсти турунҷ ҳалкунандаанд. Агар пӯсти онро андар ҷомаҳо бигузоранд, аз матта задан боз дорад. Бӯяш табаҳии ҳаво ва ваборо ба ислоҳ оварад.
Оростагӣ: Турушаи турунҷ рангро бизудояд ва доғи кунҷидаро бибарад. Сӯхтаи пӯсти он ба тариқи тило песиро хуб бошад. Ҷӯшонидаи он бӯи даҳон хуш кунад ва он фарбеҳкунанда бувад. Пӯсти турунҷ агар андар даҳон гирифта шавад, низ бӯи даҳонро хуш бикунад.
Омосҳо ва табишҳо: Турушаи он ба тариқи тило кардан парюнро суд дорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Равғани турунҷ истирхои асабро суд бахшад ва онро танҳо аз пӯсташ биситонанд.
Вай бемории фалаҷро [низ] нофеъ аст. Турушаи он барои асаб бад аст.
Андомҳои сар: Турунҷ аз лақва судманд аст ва ҷӯшонидаи ои бӯи даҳон сахт хуш бикунад.
Андомҳои чашм: Турушаи онро чун ба чашм бикашанд, ярақони чашмро бибарад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Турушаи турунҷ хафақони гармро бинишонад ва парвардаи он барои гулӯ ва шуш хуб аст. Лекин турушаи он барои сина бад бувад. Дилаи турунҷро агар бо сирко биҷӯшонанд ва ним сукарраҷа аз он биошоманд, девчаи фурӯбурдаро бикушад ва берун орад.
Андомҳои ғизокашӣ: Гӯшти турунҷ барои меъда бад, дамишоваранда ва дергуворидашаванда аст, бинобар он, боистӣ онро бо парварда бихӯранд. Ҳамчунин парвардаи он бо ангубин дурусттар ва бештар қобили гувориш аст, вале набояд бисёр хӯрда шавад. Лекин барги он меъда ва андомҳои андаруниро қавӣ гардонад ва баъди он шукуфааш биистад. Пӯсти он агар андар таомҳо ҳамчун дегафзор афканда шавад, гуворишро ёрӣ диҳад, вале худи пӯсташ ба иллати сахтӣ гуворида нагардад. Ҷӯшонидаи он қайро бинишонад. Рубби он, ки рубби турушаи он аст, (258) меъдаро дабоғат бидиҳад. Оби турушаи он аз ярақон нофеъ аст, қайи сафровиро бинишонад ва иштиҳо оварад. Турунҷро боистӣ танҳо хӯрд ва чизеро на пеш ва на баъд аз хӯрдани он бо он набояд биомехт.
Андомҳои ронанда: Гӯшти турунҷ қулинҷ ба амал оварад, турушааш шикамро бибандад ва аз исҳоли сафровӣ суд бахшад. Тухми турунҷ аз бавосир нофеъ аст ва андар он қувваи шикаморанда бувад. Афшураи турушаи он сахт ҷимоъ хостани занонро ором кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё