Қонуни тиб

Дисқуридус гуфтааст: «Барги савсани осмонгунӣ барги савсани даштиро монад, вале он дарозтару бузургтар аз ин аст. Он дорои соқ буда, гулҳо бар рӯи он мувозии якдигар ҷой гирифтаанд. Ранги савсан гуногун аст: бархе аз онро ранг ба зардӣ бизанад ва арғавонӣ бувад ва бархеро ранг ба ранги осмон бизанад. Бинобар гуногунии ранг онро ба «ирисо» ташбеҳ дода, бад-он номаш ниҳодаанд. Он дорои бехест, ки сахт, гиреҳдор ва хушбӯй бувад. Ҳар гоҳ онро ҷамъоварӣ кунанд, боистӣ андар соя бихушконанд ва андар риштаи катонӣ бикашанд».
Ихтиёр: Беҳтарини он бехест, ки сахт, касиф, ба ҳам часпида, кӯтоҳ, моил ба сурхӣ ва хушбӯй буда, аз он бӯи [савсани] даштӣ наояд. Ин забонро бихоронад ва атсаи сахт оварад.
Табь: Андар ниҳояти дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Бехи савсани осмонгунӣ гармиоваранда, латифибахшанда, пазонанда, кушоянда, зудоянда ва поккунанда аст. Фишурдаи он бо оби ангубин ҳалканда аст ва балғами ситабрро пок карда, берун орад.
Оростагӣ: Он бо як чанди худ аз харбақ калаф ва намашро бибарад. Худи он ба танҳоӣ низ чунин кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Пухтаи он сахтиҳо, омосҳои ситабр, хукакҳо ва табишҳои палидро нарм кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз решҳои чиркнок нофеъ аст ва агарчи онро ба шакли хока ҳам ба кор бибаранд, андар носурҳо гӯшт бирӯёнад ва устухонҳоро гӯшти хуб бипӯшонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Равғани он мондагиро бибарад ва агар бо сирко ва ё бо шароб онро биошоманд, аз ташаннуҷ ва даридагии мушакҳо суд бахшад. (256) Ҳуқнаи он аз қавин нофеъ аст.
Андомҳои сар: Ирисо хоб оварад ва сардарди деррав бибарад. Гоҳе бо он равғани гул ва сирко биомезанд, вале як худи он ба танҳоӣ сардардро боз дорад ва атса оварад. Бо ҷӯшонидаи он мазмаза кардан дарди дандонҳоро фурӯ нишонад ва равғани он бо сирко бонг задани гӯшҳоро бибарад. Ирисо назлаҳои дерравро боз дорад ва равғанаш бӯи биниро бибарад. Ҷӯшонидаи он низ чунин кунад ва аз решшавӣ2 нофеъ аст.
Андомҳои чашм: Ирисо ашк оварад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Бехи савсани осмонгунӣ дарди паҳлуро фурӯ нишонад. Аз сурфа ва хусусан [аз сурфае], ки аз рутубати ситабр бошад, аз омоси шуш, душвории нафас ва хуноқ суд дорад. Он бо ёрии ниҳоят латифкунанда ва кушоянда будани худ он фазлаҳои андар сина ҳабсшудаеро биронад, ки рондани онҳо душвор бувад. Ба ҳангоми иллатҳои сина онро бо майпухта биошоманд. Мазмаза кардани он забончаро пажмурда кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ирисо агар бо сирко ошомида шавад, дарди сарди ҷигар ва испурчро бинишонад [ва] хусусан барои испурч [судманд аст]. Ошомидан ва тило кардани он аз истисқо суд дорад.
Андомҳои ронанда: Даҳонаҳои бавосир бикушояд, печиши нофро бибарад ва омадани мазӣ ва бисёр рӯй додани иҳтиломро нест кунад. Бо шароб истеъмол кардани он ҳайзро битозонад. Аз барои муолаҷаи сахтии заҳ
дон ва дардҳои сарди он андар оби ҷӯшонидаи ирисо бинишинанд. Ба кор бурдани фарзаҷаи он бо ангубин бача биафтонад. Равғанаш раҳмро нофеъ бувад. Агар аз куҳани он, ки андар ангубин суда бошанд, биошоманд, оби зард, талха ва балғамро ба исҳол берун кунад. Як ошомидании он аз ним уқия то ҳафт драхмӣ бувад.
Табҳо: Равғани ирисо сардӣ ва табларзаро бибарад.
Заҳрҳо: Агар бо сирко ошомида шавад, аз ҳамаи заҳрҳо судманд бувад.
36. АНҶУРА1 – ГАЗНА
Urtica dioica L.
Моҳият: Ранги тухми он ба ранги тухми гандано монад, вале зардтару тобишноктар аст ва на мисли он дароз бувад. Он ҳар чизи дучоромадаашро ва ҳатто рӯдаҳоро бисӯзонад.
Табъ: Газна ва тухми он андар аввали дараҷаи севвум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушканд, вале тухмаш камтар аз худи он хушк бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Газна кашанда, решкунанда, сахт ҳалкунанда ва сӯзонанда аст. Бархе аз пизишкон гуфта, ки гармибахшии он қавӣ нест, қувваи дамиш овардан дорад, сахт зудоянда аст, вале решҳоро газанда нест. Агар онро бо гӯшт биҷӯшонанд, гӯшт миёни газна ва феълҳои он ҷудоӣ андозад.
Омосҳо ва табишҳо: Зимоди он бо сирко решҳои ғарбелакро бикафонад ва аз онҳо суд бахшад ва аз сахтиҳо судманд бувад. Тухми онро зимод ниҳодан аз саратон нофеъ аст ва хокистараш низ чунин бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Хокистари он бо намак аз решҳое, ки аз газидани саг ба амал омадаанд, ва аз решҳои палид ва саратонҳо судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Зимоди газна бо намак аз печидагии асаб суд дорад.
Андомҳои сар: Барги кӯфтаи он хуни биниро бибандад ва тухми он суддаҳои устухони полояндаро бо қувват бикушояд. Аз тухми газна зимод ниҳодан кандани дандонҳоро осон гардонад ва аз худи он зимод ниҳодан аз омосҳои паси гӯш ва [омосҳое], ки «фуҷисло»2 ном доранд, нофеъ аст.
Андомҳои нафасгирӣ [ва сина]: Агар онро бо оби ҷав биошоманд, синаро пок кунад ва ё агар барги онро андар оби ҷав биҷӯшонанд, ҳар чи аз хилтҳои ситабре, ки андар сина аст, берун орад. Тухми газна бештар қавист ва он дамкӯтоҳӣ ва нафаси росто ва навъи сарди барсомро бибарад.
Андомҳои ронанда: Газна ва хусусан тухми он бо тило боҳро биангезад, даҳони заҳдон бикушояд ва он маниро бипазирад. Агар онро бо пиёз ва хояи мурғ бихӯранд, низ чунин бувад. Агар газнаро бо мурр ба зер баргиранд, ҳайзро битозонад ва раҳмро бикушояд. Агар ҷӯшонидаи онро бо мурр биошоманд, низ чунин бошад. Барги сабзи онро агар зимод кунанд, заҳдони берунояндаро устувор кунад. Газна бо зудоиши худ, на бо қувваи исҳоловарандаи хеш, балғами хомро ба исҳол берун орад. Равғани он беш аз равғани хасакдона исҳол оварад. Ҷӯшонидаи барги он бо садаф табиатро нарм кунад. Агар бихоҳӣ, ки исҳоли он тунук бошад, мағзи донаи онро бигир, бо пист орд кун ва андар шароб афканда, биошом, вале ошомандаи онро лозим аст, ки аз паси он андаке равғани гул биошомад, то ки гулӯяш насӯзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё