Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Оростагӣ: «Ангушти зард» дорои чунин хосиятест, ки пӯстро пок кунад]2.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Он дорои чунин хосият аст, ки андомҳои асабӣ ва офатҳои онҳоро суд бахшад.
Андомҳои сар: «Ангушти зард» хусусан аз девонагӣ судманд аст.
Ҷойнишинҳо: Бадали он аз девонагиро суд доштанаш якуним баробар ҳазоргашон бо сеяки якчанди он аз мушки замин бувад.
30. АЛУМОЛӢ1 – РАВҒАНИ АНГУБИНӢ
Elaiomeli
Моҳият: Ин равғани ниҳоят гарм ва чун ангубин ва аз он ҳам ситабртар аст. Онро аз танаи дарахти тадмурӣ ситонанд ва таъмаш ширин бувад. Аз он равғанро бадин тариқ ҳосил кунанд, ки бад-он равғани гули он дарахтро биомезанд. Ин [равғани ҳосилшуда]-ро «умоли»2 ва «равғани ангубинӣ» хонанд.
Ихтиёр: Беҳтаринаш онест, ки равшантар, ситабртар ва куҳантар бувад.
Табъ: Равғани ангубинӣ гарми тар аст ва гармияш беш аз тарияш бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Тило ва зимод кардани он аз гари решшуда судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Дардҳои пайвандгоҳҳоро нофеъ аст.
Андомҳои сар: Қобилияти суботоварӣ ва ланҷӣ овардан дорад.
Андомҳои чашм: Агар онро бар чашм бикашанд, торикии онро сиҳат кунад.
Андомҳои ронанда: Истеъмоли се уқияи он бо нуҳ уқия об талха ва хилтҳои хомро ба исҳол берун орад, ланҷ кунад ва сустӣ физояд. Вале касе, ки бо он исҳол овардан хоҳад, бояд ба [ланҷию сустӣ овардани] он эътибор надиҳад ва аз он натарсад, чунки равғани ангубинӣ бо вуҷуди он чи ки аз вай зоҳир ҳамегардад, саломатӣ бахшад. Вале чунонки гуфтаанд, албатта, пас аз [истеъмоли] он набояд хуфт.
31. АҒОЛЛУҶӢ1 – УД
Aquilaria agallocha Roxb.
Моҳият: Ин чӯби ҳиндӣ ва ё арабист, хушбӯй аст, пӯсташ [ба рангҳои гуногун] пӯшида аст2 ва андар ҷумлаи хушбӯиҳо бидарояд. Он дорои гирандагӣ буда, андаке талх аст.
Андомҳои сар: Бо ҷӯшонидаи он мазмаза кардан даҳонро хушбӯй кунад.
Андомҳои (255) нафасгирӣ ва сина: Аз дарди паҳлу судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Дарди ҷигарро суд бахшад. Як мисқоли он аз часпакии меъда ва нотавонии он нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: Агар бо об ошомида шавад, аз решҳои рӯдагон ва печиши гарми ноф суд бахшад.
32. УММУҒАЙЛОН1 – МУҒЕЛОН
Acocia arabica Wild.
Моҳият: Ин дарахтест аз [ҷинси] растаниҳои хордори2 биёбонӣ ва маъруф.

Табъ: Муғелон сарди хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Муғелон гиранда буда, хун ва ҳамаи синфҳои сайлонро боз дорад.
Андомҳои нафасгирӣ: Муғелон хунпартоиро боз дорад.
Андомҳои ронанда: Муғелон аз сайлони заҳдон судманд аст.
33. АДАРҚИС1 – АДАРҚИС
Adarkis
Моҳият: Ин навъе аз «кафки дарё» буда, бо ҳалфоъ, яъне най часпида, сахт шудааст. Ин доруи тез буда, ба иллати тезияш онро наошоманд, балки баъд аз шикастани тезии он вайро ба тариқи тило кардан истифода баранд.
Табъ: Адарқис сахт гарм аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Он мизоҷи бади сардро ба мизоҷи хуб бигардонад ва ҷуз ба тариқи тило кардан ба истеъмолаш ҷуръат накунанд.
Оростагӣ: Адарқис калафро нофеъ аст.
Омосҳо ва табишҳо: Табишҳои шириро суд дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз гари решшуда ва парюн нофеъ аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Зимоди он қавинро суд бахшад.
34. ОЗОДДАРАХТ – ОЗОДДАРАХТ
Melia azedarach L.
Моҳият: Ин дарахти маъруф ва дорои самарест, ки шабеҳ ба кунор бувад ва онро ба Рай «дарахти ҳалила»
ва «кунор» ва ба Табаристон «тоҳак»1 хонанд. Озоддарахт дарахти бузург буда, аз навъи дарахтони бузург аст.
Табъ: Шукуфаи он андар дараҷаи севвум гарм ва андар охири дараҷаи якум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Шукуфаи он суддаҳоро бикушояд.
Оростагӣ: Оби барги он шупушро бикушад ва мӯйро дароз кунад. Хусусан агар решаҳои онро бо хамр истеъмол кунанд, [чунин бувад].
Андомҳои сар: Шукуфаи озоддарахт суддаҳои мағзро бикушояд.
Андомҳои нафасгирӣ [ва сина]: Донаи он барои сина сахт зиён дорад ва қаттол аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Донаи он барои меъда бад ва тосаоваранда аст.
Табҳо: Гуфтаанд, ки агар пӯсти онро бо шоҳтара ва ҳалила биҷӯшонанд ва равшан кунанд, табҳои балғамиро сахт судманд бувад.
Заҳрҳо: Фишурдаи шохчаҳои он бо ангубин ҳамаи заҳрҳоро муқовамат кунад ва донааш аксар вақт қаттол бувад.
Ҷойнишинҳо: Ҷойнишини он андар дароз кардани мӯй шаҳдона, барги мурд ва сидр бувад.
35. ИРИСО1 – БЕХИ САВСАНИ ОСМОНГУНӢ
Rhizoma Iridis (Iris florentina L.) Моҳият: Ин бехи савсани осмонгунӣ аст ва аз навъи гиёҳҳои соқдор бувад. Гули он гуногун буда, аз рангҳои сафед, зард, осмонгунӣ ва арғавонӣ таркиб ёфтааст ва бад-ин сабаб онро «ирисо», яъне «камони Рустам» ном ниҳодаанд. Бехҳои он гиреҳзада ва баргҳояш бориканд ва чун куҳан бигардад, кирм занад.

пешина
аз 1215
навбатӣ