Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Табъ: Андар ниҳояти дараҷаи севвум сарди хушк аст.
Хосиятҳо: Зиришк ниҳоят пахшкунандаи сафрост.
Омосҳо ва табишҳо: Яке аз хосиятҳои зиришк ин аст, ки зимоди он омосҳои гармро нафъ кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Зиришк меъдаву ҷигарро қавӣ кунад ва ташнагиро бисёр хуб шиканад.
Андомҳои ронанда: Зиришк табиат бибандад, саҳҷ ва аз зер омадани хунро нофеъ бошад. Ошомидани он рутубатҳои аз заҳдон ба таври доимӣ сайлонкунандаро суд бахшад. Гуфтаанд, ки агар зани обистан бо бехи ин дарахт се бор бар шиками хеш бизанад ва ё онро бар хеш бимолад, бача биафканад. Он аз омадани хун аз фурӯсӯ судманд аст.
26. ИСФАНҶ – ИСФАНҶ
Euspongia officinale L.
Моҳият: Исфанҷ ҷисми дарёии чун намад нарми ковок аст. Гӯянд он ҳайвон буда, бар чизе, ки бад-он часпида аст, ҳаракат кунад ва аз он ҷудо нашавад.
Ихтиёр: Тозаи он ба иллати қувваи табиати дарё доштан беш аз ҳама қавӣ буда, сахт хушкифизо аст.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст. Санги исфанҷ низ ба худи он наздикӣ дорад, вале камтар гарм бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Исфанҷ ва хусусан тозаи он агар бо равғани зайтун сӯхта шавад, сахт хушкиоваранда аст ва бинобар он, хокистари он хунеро боз дорад, ки аз маҳалли буридагӣ ва ё шикофтагӣ фаввора бизанад. Исфанҷро чун афрӯхта, бар маҳалли [рафтани хун] биниҳанд, ба изофаи он, ки гавҳари боздорандаи хун аст, доғ низ биниҳад. Инчунин аз он фатила сохта, бар даҳонаҳои бастаи рагҳо биниҳанд ва он даҳони рагҳоро бикушояд. Агар онро бо равғани зайтун бисӯзонанд, хунравиро боз дорад.
Санги исфанҷ аз ғайри гармӣ овардан латифӣ бахшад ва хушкию зудоиш физояд.
Омосҳо ва табишҳо: Исфанҷ омосҳои балғамиро бихушконад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Исфанҷро чун андар сирко оғушта карда, бар ҷароҳатҳо биниҳанд, онҳоро фароҳам оварад. Агар бо ангубин ҷӯшонида шавад, решҳои амиқро фароҳам оварад. Инчунин агар онро ба таври хушк, ё ба таври андар об ва ё шароб таркарда бар он (решҳо) биниҳанд, тарии деринаро хушк ва маҳалли решро пок кунад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Агар исфанҷро бо равғани зайтун бисӯзанд, барои муолиҷаи хун партофтан созгор бувад.
Андомҳои ронанда: Санги андар исфанҷбуда ба наздикӣ касони ғайри Ҷолинус санги обгаҳро хурд кунад ва Ҷолинус то ба обгаҳ нуфуз кардани қуввати онро аз ҳақиқат дур меҳисобад, вале санги гурда [судани онро инкор намекунад].
27. (254) АБОР ВА ОНУК – АБОР ВА СУРБ
Plumbum
Моҳият: «Абор» ва «онук» ҳар ду сурби сиёҳанд ва андар он гавҳари обии зиёдест, ки сардӣ онро бастааст

ва гавҳари бодию хокиест, ки чандон бисёр нестанд.
Далели рутубатнокии он, чунонки Ҷолинус таъкид кунад, зуд гудохта шудани он бувад ва далели бодӣ будани он ниҳоят пӯк будани он аст. Агар онро андар замини намнок бигузоранд, афзоиш ёфта бидамад. Сурб барои омосҳо сахт сардифизоянда аст.
Табъ: Сурб андар дараҷаи дуввум сарди тар аст.
Омосҳо ва табишҳо: Аз сурб рӯсангу зерсанг сохта, ҳар дуро бо баъзе равғанҳо ба якдигар совида орд кунанд. Маҳлули аз он ҳосилшуда омосҳои гармро нофеъ буда, сардӣ физояд ва аз барои решҳои палид ва ҳатто саратон низ чунин бошад. Тахтачаи аз он сохтаро бар ханозир, ғуддаҳо, решҳои пайвандгоҳҳо ва ғуддаҳои онҳо бибанданд ва онҳоро сахт бигудозад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Судаи ёдкардаи сурб, сӯхтаи он ва хусусан шустагии ин сӯхта аз ҷароҳатҳои палид, решҳои саратонӣ ва решҳои пайвандгоҳҳо судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Суда ва сӯхтаи ёдшудаи он аз решҳои пайвандгоҳҳо суд доранд ва агар бар печидагии пайвандгоҳҳо ва ғуддаҳои онҳо бибанданд, онҳоро бигудозанд.
Андомҳои чашм: Сӯхтаи сурб ва хусусан агар онро шуста бошанд, аз решҳои чашм суд дорад ва омоси хушки чашмро низ чунин бувад.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Сӯхтаи сурб решҳои синаро нофеъ аст. Суда ва сӯхтаи ёдшудаи он низ ҳамчунин буванд.
Андомҳои ронанда: Судаи ёдшуда ва сӯхтаи он ҳар ду аз бавосир судманданд. Тахтачаи аз сурб сохташударо чун бар камаргоҳ бибанданд, иҳтиломи думодумро боз дорад ва шаҳвати боҳро бинишонад. Ҳар ду намуди он [яъне суда ва сӯхта] аз решҳо ва омосҳои закар ва хояҳо нофеъанд.
28. УШНОН – УШНОН, ШӮРАГИЁҲ
Salsola kali L.
Моҳият: Ушнон якчанд навъ аст. Навъи латифтарини он ушнони сафед аст ва онро «саргини гунҷишкон»
хонанд. Тезтаринаш ушнони сабз аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ушнон зудоянда, поккунанда ва кушоянда аст.
Андомҳои ронанда: Ним дирамсанги он душвории пешоб бикушояд, панҷ дирамсангаш бачаро ё зинда ва ё мурда биафтонад. Аз ним дирамсанги ушнони форсӣ то як дирамсанг ҳайзро битозонад. Се дирамсанги он бахши обии истисқоро ба исҳол берун кунад.
Заҳрҳо: Даҳ дирамсанги он заҳри қотил аст. Аз дуд андохтани ушнони сабз ҷунбандагони зиёнкор бигурезанд.
29. АСОБИУ-С-СУФР1 – «АНГУШТИ ЗАРД»
Anastatica hierochuntica L.
Моҳият: Шакли он чун кафи даст буда, рангаш миёни зардию сафедист. Бархе аз он сахт аст ва дорои андаке ширинист. Бархе зарди хокиранг ва бидуни сафедӣ бувад.
Табъ: «Ангушти зард» тақрибан андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Фазлаҳои ситабрро сахт ҳалкунанда бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ