Қонуни тиб

Андомҳои ғизокашӣ: Касонеро, ки бар мизоҷи эшон сафро ғолиб аст, тоса ва қай оварад ва ин аз ҷумлаи доруҳоест, ки ташнагӣ физояд.
Андомҳои ронанда: Шоҳисфарами румӣ афзорҳои пешобро қавӣ гардонад ва балғаму савдоро ба исҳол берун оварад. Ҷолинус ин чизро ёдоварӣ накарда аст. Ҳадди зиёди як бор ошомидани он дувоздаҳ уксубофун1 бо шароби холис, ё сикангубин ва андаке намак бувад.
22. УШАҚ–УША
Gummi ammoniacum (Dorema ammoniacum Don.)
Моҳият: Ин самғи тарсус аст ва гоҳе онро «сирешуми зар» хонанд, аз баҳри он ки коғаз ва ҷузвҳоро бо он зарҳал бидавонанд.
[Ихтиёр: Беҳтарин уша онест, ки ба кундур монанд бошад, бӯяш чун бӯи гунди бедастар, сахт фароҳамомада ва аз чирк пок бошад. Гуфтаанд, ки беҳтарин уша онест, ки ба кундур шабеҳ буда, касиф бошад, бӯяш чун бӯи кашниз ва таъмаш талх бошад]1.
Табъ: Уша андар ниҳояти дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи якум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Таҳлилу хушкӣ овардани он қавӣ бувад, вале сахт насӯзонад. Кушоданаш ба андозаест, ки аз даҳонаҳои рагҳо хун ҷорӣ шавад. Уша андар таркиби доруҳое бидарояд, ки ислоҳкунандаи зиёни доруҳои шикаморанда буванд. Вай дорои қобилияти нармкунандагию кашидан аст.
Омосҳо ва табишҳо: Агар онро бо сирко ва натрун тило ва зимод кунанд, аз хукакҳо, сахтиҳо ва домғулҳо суд бахшад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҷароҳатҳои бадро судманд аст.
Гӯшти палидро бихӯрад ва гӯшти хуб бирӯёнад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ушаро агар бо ангубин ва ё бо оби ҷав биошоманд, аз дарди қавин, тиҳигоҳ ва пайвандгоҳҳо нофеъ аст. Агар бо ангубин ва зифт аз он зимод ниҳанд, сангшудагии пайвандгоҳҳоро ҳал кунад. Агар бо сирко, бура ва равғани ҳино биомезанд, аз мондагӣ суд дорад.
Андомҳои чашм: Дуруштии пилкҳо ва гари онро нарм кунад, гули чашмро бизудояд ва рутубатҳои чашмро суд бахшад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Агар ушаро бо ангубин ва ё бо оби ҷав билесанд, аз дамкӯтоҳӣ, душвории нафас ва нафаси росто нофеъ аст. Уша решҳои ҳиҷобро пок кунад ва хуноқҳоеро, ки аз балғам ва талхаи сиёҳ падид омадаанд, суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар аз он як драхмӣ биошоманд, сахтии испурч ва сахтии ҷигарро фоида кунад. Агар бо сирко тило кунанд, низ чунин бошад. Уша аз истисқо нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: Пешобро ба андозае битозонад, ки хун ояд, «кадудона»-ро бикушад, исҳол оварад, ҷанинро хоҳ зинда ва хоҳ мурда бошад, берун орад ва ҳайзро битозонад. Онро чун бо сирко бар сахтии хояҳо бимоланд, онҳоро нарм кунад. [Як ошомидании он ба андозаи як дирам бувад. Ислоҳкунандаи он тухми карафс бувад]2.
Заҳрҳо: Ошомидани он бо майпухта ва мурр подзаҳри заҳрест, ки онро «тақсиқун»3 хонанд. Агар бо он танро равған кунанд, ҷунбандагони зиёнкорро биронад. Агар
онро бо мушки замин ва равғани зайтун омехта, ба ҷунбандагони зиёнкор наздик оранд, онҳоро бикушад.
Ҷойнишинҳо: Ҷойнишини он шухи ошёни магаси ангубин бувад.
23. (253) АНҶУДОН–АНГУДОН, КАМОЛ
Ferula assa-foetida L.
Моҳият: Навъе аз он сафед аст ва навъе сиёҳ буда, қавитар аст. Ин навъи сиёҳ андар зимни ғизоҳо надарояд.
Таъми бехи он ба таъми уштурғоз низдик аст ва табъаш бодист. Уштурғоз дергувор аст, вале ангудон низ, ҳарчанд ки ниҳоят дергувор аст, ба дараҷаи он намерасад. Аммо ангужад самғи ангудон аст ва мо барои он як боби дигар ҷудо карда, [нишон хоҳем дод], ки барои чи ҷӯшонидаи он ва ё сиркои онро истеъмол кардан беҳтар аз худи ҷирми он аст.
Табъ: Ангудон андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ангудон латифкунанда ва бехи он дамишоваранда аст. Агар танро бо ангудон ва хусусан бо шири он молиш бидиҳанд, моддаҳоро сахт берун кашад.
Оростагӣ: Бӯи танро бигардонад ва агар онро бо равғани зайтун зимод кунанд, хунпечидагии зери чашмро хуб беҳ кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Решҳои ғарбелаки андаруниро нофеъ аст ва агар худи ангудон ва ё бехи онро бо марҳамҳо биомезанд, аз ханозир нофеъ бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар онро бо равғани бехи савсани осмонгунӣ ва ё равғани ҳино биомезанд, ба таври махсус аз дардҳои пайвандгоҳҳо суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бехи ангудон оруғоваранда аст, вале шикамро бибандад. Он дер гуворида гардад, вале худ гуворанда аст, меъдаро гарм ва қавӣ кунад ва иштиҳо бикушояд.
Андомҳои ронанда: Агар ангудон бо пӯсти анор ва сирко ҷӯшонида шавад, бавосири мақъадро беҳ кунад. Он пешобро битозонад, бирозу бодро бӯи бад диҳад ва обгаҳро зиён оварад.
Заҳрҳо: Ангудон ба тариқи ошомидан подзаҳри ҳамаи заҳрҳост.
24. УШТУРҒОЗ1 – УШТУРҒОЗ
Magydaris libyca
Моҳият: Уштурғоз андар табъ наздик ба ангудон, вале бадтар аз он аст. Беҳтар он аст, ки сиркои он ба кор бурда шавад.
Табъ: Уштурғоз андар охири дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Сиркои он барои меъда хуб аст. Онро пок ва қавӣ кунад ва иштиҳо бикушояд. Ҷирми он ба иллати газандагӣ маниши гаштан оварад ва андар меъда дер биистад ва дер гуворида гардад.
Табҳо: Хосияташ ин аст, ки аз табҳои чаҳоррӯзӣ суд бахшад.
25. АНБАРБОРИС – ЗИРИШК, ЗЕЛОЛ
Berberis vulgaris L.
Моҳият: Ин зиришк аст. Бархе аз онро [донаҳо] гирди сурх буда, даштист ва бархеро [донаҳо] сиёҳи дароз рӯя буда, регистонӣ ва ё кӯҳистонист ва ин навъ қавитар бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё