Қонуни тиб

Он навъ аз истурак, ки сиёҳи хушкида ва мисли сабӯс аст, бад бувад. Гоҳе аз он самғе бигиранд, ки самғи арабиро монад, рангаш равшан ва бӯяш шабеҳи бӯи мурр бувад. Кам рӯй бидиҳад, ки ин самғ ёфт шавад. Бинобар ин, бархе аз мардумон пиҳ ва мумро гудохта, бо истурак биомезанд».
Табъ: Истурак андар дараҷаи севвум гарм ва андар дараҷаи якум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Истурак ниҳоят гармкунанда, пазонанда ва нармкунанда бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Истуракро бо доруҳое, ки аз барои мондагист, биомезанд.
Андомҳои сар: Истурак сарро хоболуд ва гарон бикунад ва сардард оварад. Аз зуком ва назлаҳо нофеъ аст.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Аз сурфа, гирифтагии овоз ва қатъи он суд дорад.
Андомҳои ронанда: Равғани истурак сахтии раҳмро нофеъ аст, ҳайзро битозонад ва раҳмро бикушояд. Агар ҳамроҳи андаке аз сақизи хинҷак фурӯ бурда шавад, табиатро нарм кунад.
18. ИСМИД – САНГИ СУРМА
Antimonium; stibium
Моҳият: Ин гавҳари сурби мурда аст ва қувваташ ба қуввати арзизи сӯхта монанд аст.
Ихтиёр: Хуби он навъи тахтагиест, ки пораҳои он бидурахшанд, чизи бегона ва палиде бо он омехта набошад ва ниҳоят зуд аз ҳам бирезад.
Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дараҷаи дуввум хушк аст. Вай аз зоги сурх, ки он сурист, хале зиёд хушкӣ оварад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Санги сурма бидуни сӯзонидан қабз кунад ва хушкӣ оварад ва хунравиро боз дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Решҳоро суд дорад, гӯштҳои зиёдатиро бибарад ва решҳоро фароҳам оварад. Онро агар бо пиҳи тоза бар сӯхтагӣ ниҳанд, сӯхтагӣ реш нашавад ва агар реш шуда бошад, чун бо мум ва сафеда омехта биниҳанд, онро фароҳам орад.
Андомҳои сар: Санги сурма хуни бинии димоғиеро, ки аз пардаи мағз ояд, нофеъ аст.
Андомҳои чашм: Санги сурма чашми сиҳатро тандуруст дорад ва решҳои онро аз чирк пок кунад.
Андомҳои ронанда: Агар санги сурмаро ба зер баргиранд, аз хунравии заҳдон суд дорад.
Ҷойнишинҳо: Ҷойнишини санги сурма сурби сӯхта аст.
19. АҒАЛЛОҶУН – УД
Aquilaria agallocha Roxb.
Моҳият: Ин чӯбест, ки аз кишвари Ҳинд ва кишвари Араб1 оваранд. Он дорои сахтӣ, нуқтадор, хушбӯй ва дорои қишрест, ки мисли пӯст аст ва бо рангҳои гуногун пӯшида аст.
Оростагӣ: Агар онро бихоянд ва ё бо пухтакови он мазмаза кунанд, бӯи даҳонро хуш кунад. Онро гоҳе ба намуди хока омода сохта, бар тамоми тан бипошанд, то бӯи онро хуш кунад. Гоҳе онро ҳангоми дуд андохтан ба ҷои кундур ба кор бибаранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар ба қадри як мисқол аз бехи он ошомида шавад, часпакии меъдаро суд бахшад.
Рангобаи он судманд аст. Шири онро шакар биомезанд ва аз дарди ҷигар ва бар судманд бувад.
Андомҳои ронанда: Ошомидани уд аз решҳои рӯдагон ва печиши ноф суд дорад. Ин он чизест, ки Дисқуридус бад-он шаҳодат додааст.
20. АФИТИМУН – АФИТИМУН, ЗАРПЕЧАК
Cuscuta epithymum Murr.
Моҳият: Ин иборат аз тухмҳо, гулҳо ва шохаҳои хурди чарсак аст, таъмаш тези сӯзон ва тухмҳояш сурханд.
Қувваи растании он чун қуввати ҳошост, лекин ҳошо аз он заифтар аст. Гуфтаанд, ки афитимун аз ҷинси ҳошо аст.
Ихтиёр: (252) Хуби он навъи иқритӣ ва ё қубрусист, ки он ба сурхӣ бигарояд. Ҳар қадар ки рангаш сурху бӯяш тез бошад, беҳтар бувад.
Табъ: Ба наздики Ҷолинус афитимун андар дараҷаи севвум гарми хушк аст, вале Ҳунайн гӯяд, ки он андар дараҷаи севвум гарм ва андар охири дараҷаи якум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Афитимун дамишро паст кунад, думӯягон ва пиронро созгор бувад ва бемориҳои савдоро бибарад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз ташаннуҷ суд дорад.
Андомҳои сар: Афитимун аз молихулиё ва саръ суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Афитимун касонеро, ки бар мизоҷашон сафро ғолиб аст, тоса ва қай оварад ва он аз қабили доруҳоест, ки ташнагӣ физояд.
Андомҳои ронанда: Як ошомиданӣ аз афитимун, ки чаҳор дирам аст, агар бо ангубин ва миқдоре аз намак ошомида шавад, савдоро ниҳоят сахт ва балғамро низ ба исҳол берун орад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки як ошомиданӣ [аз ҷирми] он то ду дирам ва аз ҷӯшонидаи он то чаҳор драхмӣ бувад. Меошомидагии онро бояд бо равғани бодом биомехт ва андар ҷӯшонидани он набояд сахт муболаға кард.
21. УСТУХУДУС – ШОҲИСФАРАМИ РУМӢ
Lavandula stoechas L.
Моҳият: Ин растаниест, ки дорои сукҳои сурхи борике чун суки донаи ҷав аст, вале баргҳояш дарозтар аз баргҳои он бувад. Шохаҳояш чун шохаҳои афитимун хокиранг, вале бе гуланд. Вай тези андак талх буда, аз гавҳари хокии сард ва гавҳари оташии латиф таркиб ёфтааст.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Шоҳисфарами румӣ ба ёрии талхии хеш ҳалкунанда ва латифкунанда аст. Шароби он низ суд дорад. Он суддаҳоро бикушояд, зудоиш оварад ва дорои андаке гирандагиест, ки тан ва андомҳои андаруниро қавӣ гардонад ва гандиданро боз дорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ҷӯшонидаи он дардҳои асаб ва устухонҳои паҳлуро бинишонад. Шароби шоҳисфарам бемориҳои сарди асабро беҳтарин доруст. Бинобар ин, бояд касони асабашон нотавон ва аз сардӣ бемор пайваста аз он биошоманд.
Андомҳои сар: Аз молихулиё ва саръ нофеъ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё