Қонуни тиб

Андомҳои ғизокашӣ: Агар панирмояро бо сирко биошоманд, шири андар меъда паниргашта ва хуни андар меъда сахтшударо ҳал бикунад, вале [худ ба худ] барои меъда бад бувад.
Андомҳои ронанда: Агар онро баъд аз пок шудан аз ҳайз ба зер баргиранд, обистанро ёрӣ диҳад ва агар пеш аз пок шудан аз ҳайз биошоманд, обистанро боз дорад.
Панирмоя ва хусусан панирмояи саги дарёӣ аз ихтиноқи раҳм судманд ва дардҳои раҳмро созгор аст. Панирмоя ва хусусан панирмояи курраи асп низ решҳои рӯдагонро суд бахшад, Заҳрҳо: Ҳамаи панирмояҳо подзаҳранд ва аз шавкарон нофеъ буванд. Созгортарини онҳо барои ин кор панирмояи бузғола, бачаи оҳу, курраи шутур ва барра аст. Барои ҳамаи заҳрҳову газидагиҳо се убулус аз он биошоманд. Як ошомидании он ба андозаи даҳ қирот ва бо майпухта бувад. Панирмояи бузғола подзаҳри фурбиюн аст.
14. АМЛАҶ – ОМУЛА
Phyllanthus emblica L.
Моҳият: Омула маъруф аст. Парвардаи он аз парвардаи ҳалила заифтар аст, вале ба равиши он бувад.
Чун онро андар шир тар бикунанд, «широмула» номанд1.
Табъ: Ба наздики Яҳудӣ гарм, ба наздики бисёре аз пизишкон андар дараҷаи дуввум сард ва ба наздики Шараки Ҳиндӣ гармифизоянда бувад. Вале дурусташ ин аст, ки шояд хушки камтар сард бошад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гармии хунро хомӯш бикунад.
Оростагӣ: Решаи мӯйро қавӣ ва мӯйро сиёҳ кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Асабҳову пайвандгоҳҳоро ниҳоят суд дорад.
Андомҳои чашм: Омула қувватбахшандаи чашм аст.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Омула дилро қавӣ кунад, кори онро битезонад ва фаҳмро биафзояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Омула меъдаро қавӣ сохта, дибоғат бидиҳад, ташнагӣ ва қайро бинишонад ва иштиҳои таом оварад.
Андомҳои ронанда: Омула мақъадро2 қавӣ гардонад ва боҳро бедор кунад. Ба наздики гурӯҳе омула шикамро бибандад, лекин парвардаи он аз ғайри ранҷ овардан шикамро нарм кунад ва аз бавосир суд бахшад.
15. УКҲУВОН1 – КОФУРБӮЙ
Pyrethrum parthenium Smith.
Моҳият: Навъе аз он сафед ва навъе маллагун аст.
Сафеди он қавитар буда, шохаҳояш борик ва бар онҳо гулҳои дорои баргҳои сафеди шабеҳ ба гулҳои марв нишастаанд ва бӯю таъми тез доранд. Дисқуридус гӯяд:
«Бархе аз мардум онро «амороқун»2, бархе «фарсониюн»3 ва бархе дигар «арақсимун»4 хонанд. Барги он барги кашнизро монад. Гули он сафеди гирд буда, миёнааш зард аст. Он дорои бӯи гарон бувад ва андар таъми он талхист».
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Кофурбӯй гармиоваранда, пазонанда ва кушояндаи суддаҳост. Сурхранги он бо вуҷуди як миқдор қобилияти таҳлиловарӣ доштан ҳамаи анвоъи сайлонро қабз карда, боз дорад, лекин қабз кардан ва хушконидани он бештар буванд. Кофурбӯй арақ омаданро битезонад. Равғани
онро агар бимоланд, низ чунин кунад. Он даҳонаҳои рагҳоро боз карда, таҳлил оварад ва латифӣ бахшад.
Андомҳои сар: Кофурбӯй суботоваранда аст ва агар тозаи онро бибӯянд, хоб оварад. Равғани он аз дардҳои гӯш судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар пораи суфро андар оби ҷӯшондаи он оғушта, биниҳанд, печидагии асабро нофеъ бошад.
Омосҳо ва табишҳо: Омосҳои гарми меъда ва хуни андар он сахтшударо ҳал кунад ва омосҳои сардро суд бахшад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Кофурбӯй носурҳоро нофеъ аст, хушкрешиҳо ва решҳои палидро бирезонад ва ҷароҳатҳои асабро суд бахшад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Агар хушки онро бо сикангубин ва намак чун ошомидани афитимун биошоманд, дамкӯтоҳиро нофеъ бошад.
Андомҳои ғизокашӣ: Кофурбӯй даҳони меъдаро бад бувад, вале чизи ба сӯи меъда ҷазбшударо ҳал карда, хушк созад ва хуни андар он бастаро низ ҳал кунад.
Андомҳои ронанда: Кофурбӯйро агар бо оби ангубин биошоманд, пешобро сахт битозонад, хуни андар обгаҳ бастаро ҳал кунад ва санги обгаҳро хурд созад. Агар бо гул ва шукуфааш андар шароб афканда биошоманд, ҳайз ва пешобро битозонад. Ҳамчунин агар равғани онро ба зер баргиранд, [ҳайз ва пешобро] сахт битозонад. Низ ба зер баргирифтани равғани он сахтии раҳмро ҳал кунад ва раҳмро бикушояд. Хушки онро андар сикангубин афканда, чун афитимун биошоманд ва он савдо ва балғамро ба исҳол берун ронад ва аз омосҳои гарми мақъад суд бахшад. (251) Ҳам худи кофурбӯй ва ҳам равғани он бавосир бикушоянд. Кофурбӯй аз истисқои обии хоя, баъд аз он ки онро бишикофанд, нофеъ аст. Он аз қулинҷ, дарди обгаҳ ва сахтии испурч судманд бувад.
16. ОЗАРИЮН – ОЗАРГУН, НОХУНАК
Calendula officinalis L.
Табъ: Озаргун андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Оростагӣ: Бо сирко судаи он аз «бемории рӯбоҳ» нофеъ аст.
Афзорҳои павайндгоҳҳо: Молидани хокистари он бо сирко бар қавин [судманд бувад].
Андомҳои ронанда: Дисқуридус гӯяд: «Агар занон ба навъи кӯҳии он даст расонанд ва онро ба зер баргиранд, худи ҳамон соат бача афкананд».
Заҳрҳо: Озаргун аз ҳамаи заҳрҳо ва хусусан аз газидагиҳо судманд аст.
17. ИСТУРАК – ИСТУРАК
Gummi Styracis (Styrax officinale L.) Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки он як навъи майъа аст ва ба наздики бархе самғи дарахти зайтун бувад.
Дудаи он андар ҳама ҳол ҷои дудаи кундур бигирад.
Ихтиёр: Истураки аз ҳама беҳтар аз ҳама тезбӯйтари он аст. Дисқуридус гӯяд: «Беҳтарини истурак онест, ки малларанг, равғанӣ ва шабеҳи ротинаҷ аст. Андар ҷисми он ҷузвҳоеанд, ки рангашон ба сафедӣ бигарояд ва дорои бӯи хуш буда, он муддати дароз боқӣ бимонад.
Агар онро молиш бидиҳанд, аз он рутубате берун ояд, ки гӯӣ ангубин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё