Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

хурд ва бузург. Ин ҳар ду намудро аз кишвари Рум оранд.
Он монанди дӯлона, вале бештар сиёҳ аст ва бӯяш тези хуш бувад. Дарахти он ду синф аст: як синфро барг чун барги сарв ва серхор буда, паҳн аст, на дароз; ва синфи дигарро барг чун [барги] дарахти газ ва таъмаш чун таъми сарв буда, ин намуд бештар хушку камтар гарм бувад. Агар аз он ду чанди дорчинӣ бигиранд, ҷои онро бигирад3.
Табъ: Бархе гуфтаанд, ки он андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
(249) Феълҳо ва хосиятҳо: Сахт таҳлил оварад ва хушкифизои сӯзанда буда, гирандагии сабуке дорад. Андар таркиби равғанҳои гармкунанда ва равғанҳои хушбӯй бидарояд. Бештар вақт андар таркиби равғани шираи ангур бидарояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Хокаи он бо ангубин аз хӯра ва решҳои гандида суд дорад ва пеши реши хазанда ва решҳои сиёҳро бигирад. Гоҳе онро ба тариқи зимод ба кор баранд, вале он ба иллати газандагӣ, сахт гармӣ овардан ва хушкифизоии хеш решро фароҳам наоварад, балки онро бихушконад.
Андомҳои сар: Агар бурсғундаро андар равғани кунҷид ва андар кафлези оҳанин то сиёҳ шудани гавҳараш биҷӯшонанд ва андар гӯш бичаконанд, аз карӣ ниҳоят нофеъ бошад.
Андомҳои ронанда: Агар онро биошоманд, пешоби хунӣ оварад ва ҷанинро биандозад. Агар онро ба зер баргиранд ва ё онро дуд биандозанд, низ чунин кунад.
11. УШНА – УШНА
Usnea articulata Ach.; Lecanora esculenta Ev.
Моҳият: Ушна қишрҳои латифи тунукест, ки бар танаи дарахти булут, санавбар ва гавз печидааст ва дорои бӯи хуш аст. Гурӯҳе гуфтаанд, ки онро аз кишвари Ҳинд оваранд.
Ихтиёр: Хуби он сафеди он аст ва сиёҳаш бад бувад.
Дисқуридус гӯяд: «Беҳтарини ушна онест, ки бар дарахти шарбин, яъне санавбар, бирӯяд. Баъд аз он беҳтарин онест, ки бар дарахти гавз ёфт шавад ва беҳтарини ин аз ҳама хушбӯйтари он ва онест, ки рангаш сафеди моил ба кабудист».
Табъ: Андар он сардии андакест, ки ба ширгармӣ бигарояд ва ба иътидол қабз кунад. Гурӯҳе ақида доранд, ки ушна андар дараҷаи якум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст, вале хузистониён гӯянд, ки он сарди ниҳоят хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ушна дорои қувваи гирандагии якҷоя бо ҳал кардан ва нармкунандагист. Хусусан ушнаи санавбарӣ ба иътидол қабз кунад. Ушнаи булутӣ суддаҳоро бикушояд ва гӯштҳои ковокро сахт кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Ушнаро чун бар омосҳои гарм тило кунанд, онҳоро бинишонад, сахтиҳоро ҳал кунад ва омосҳои гӯшти ковокро фурӯ нишонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ушна андар равғанҳои аз мондагӣ муфид дохил аст ва сахтии пайвандгоҳҳоро ҳал кунад. Ҷӯшонидаи он низ чунин бувад.
Андомҳои сар: Агар онро андар шароб тар кунанд, ошомандаи онро хоб оварад.
Андомҳои чашм: Бинишро равшан кунад.

Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Аз хафақон нофеъ бошад.
Андомҳои ғизогирӣ: Ушна қайро фурӯ нишонад, меъдаро қавӣ кунад ва дамиши онро бигардонад. Хусусан андар шароб таркардаи он қабзкунанда буда, аз дарди ҷигари нотавон судманд аст.
Андомҳои ронанда: Ушна суддаҳои раҳмро бикушояд ва агар андар оби он бинишинанд, дарди раҳмро нофеъ бувад ва хуни ҳайзро битозонад.
Ҷойнишинҳо: Қардамоно ба андозаи якчанди вазни он ҷои онро бигирад.
12. АЗФОРУ-Т-ТИБ1 – НОХУНИ ПАРИЁН
Ungues odorati
Моҳият: Ин пораҳои нохунмонанди хушбӯи атриест, ки андар дуд кардан ба кор баранд. Дисқуридус гӯяд: «Нохуни париён аз ҷинси сафолакҳои садаф аст ва онҳоро аз ҷазирае бигиранд, ки андар дарёи Ҳинд бувад ва андар он ҷой сунбул бирӯяд. Навъе аз онҳо қулзумӣ ва навъе бобулӣ буда, сиёҳи хурд аст ва ҳар дуро бӯи хуш бувад».
Ба гумонам навъи қулзумӣ ҳамонҳоест, ки «қурайшӣ»-яш бихонанд. Гӯянд, ки онҳо бо гӯшту пӯст часпидаанд. Гоҳе чизе аз онҳо ба Ободон биафтад ва бисёри онҳо маккӣ буда, онҳоро аз тариқи Ҷидда биёваранд. Ин навъи нохуни париён давоӣ буда, танро пок ва хушбӯй бикунад.
Ихтиёр: Беҳтарин нохуни париён онест, ки ба сафедӣ бизанад ва ба Қулзум, Яман ва Баҳрайн биафтад. Аммо навъи бобулӣ сиёҳи ниҳоят хурд аст. Атторон гуфтаанд, ки беҳтари он навъи баҳрайнӣ, сипас маккии аз Ҷидда оварда шудааст. Гоҳе чизе аз он ба Ободон воқеъ шавад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст ва хушкияш қариб ба дараҷаи севвум бирасад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Нохуни париён латифкунанда аст.
Андомҳои сар: Дуди он аз саръ судманд бувад.
Андомҳои ронанда: Ҳар киро ихтиноқи заҳдон бошад, дуд кардани он ба ҳуш оварад ва агар онро, аз кадом навъе набошад, бо сирко биошоманд, шикамро ба ҷунбиш орад.
13. ИНФАҲА – ПАНИРМОЯ
Coagulum
Моҳият: Панирмояҳо зиёданд ва мо ҳар кадоми онро андар боби ҳайвони худаш ёд хоҳем кард.
Ихтиёр: Беҳтарини онҳо андар навъ панирмояи харгӯш аст.
Табъ: Ҳамаи навъҳои панирмоя гарми хушки оташист.
Феълҳо ва хосиятҳо: Панирмоя ҳар гуна чизи сахтшудаи аз қабили хун, шири паниргашта ва хилти ситабрро ҳал кунад ва ҳар гуна чизи гудохтаро бибандад. Ҳамаи намудҳои он буранда аст ва ҳар гуна сайлон ва хунравии занонро боз дорад. Ҳамаи навъҳои панирмоя латифкунанда буда, бо вуҷуди он бешубҳа хушккунанда низ ҳаст. Ҷолинус гуфтааст: (250) «Ман панирмояи тезро андар ҷое, ки андар он ҷой ба қабз кардан ниёзмандист, ба кор нахоҳам бурд».
Андомҳои сар: Ҳамаи панирмояҳо, хусусан панирмояи фуқӣ1 (саги дарёӣ), агар ошомида шаванд, аз саръ нофеъанд.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Хуни андар шуш сахтшударо ҳал кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ