Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Навъи арабии гӯргиёҳ андар табъи хеш қариб андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гӯргиёҳ гиранда аст ва бад-ин сабаб шукуфаи он аз хун партофтан, аз куҷое ки набошад, нофеъ аст. Андар равғани он қувваи таҳлиловар ва қабзкунанда ҷой дорад. Бехи он андар ин кор қавитар бувад. Гӯргиёҳ табиатро қабз кунад, қобили пазондану нарм кардан аст, даҳонаҳои рагҳоро бикушояд, дардҳои андарунӣ, хусусан андар заҳдонҳо бударо бинишонад ва бодҳоро ба таҳлил берун кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Равғани гӯргиёҳ аз хориш ва ҳатто аз [хориши] андар чаҳорпоён буда суд бахшад.
Омосҳо ва табишҳо: ҷӯшонидаи он аз омосҳои гарм, шароб, зимод ва ҷӯшонидаи он аз омосҳои сахти андарунӣ ва аз омосҳои сарди андар андомҳои андарунӣ буда судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар аз он чаҳоряк мисқол бо мурч биошоманд, мушакҳо ва ташаннуҷро суд бахшад.
Равғани он ранҷро бибарад.
Андомҳои сар: Гӯргиёҳ, хусусан бешагии он, сарро гаронӣ оварад, лекин бориктари ду навъи он сардард оварад ва ситабртарашон хоб. Тухми он карахткунанда аст.
Ҳамаи намуди гӯргиёҳ вораҳоро қавӣ кунад ва рутубатҳояшонро бикашад. Шукуфаи он сарро пок созад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Дарди шушро нофеъ аст ва шукуфааш (248) аз хун партофтан суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бехи гӯргиёҳ меъдаро қавӣ кунад ва иштиҳои таом оварад. Инчунин як мисқол бехи он, хусусан бо ҳамин миқдор мурч, маниши гаштанро фурӯ нишонад. Шукуфаи он дардҳои меъдаро ором кунад ва аз омосҳои меъда ва омосҳои ҷигар судманд бувад.
Андомҳои ронанда: Гӯргиёҳ хусусан аз дардҳои заҳдон нофеъ аст. Андар оби ҷӯшонидаи он нишастан омосҳои гарми заҳдонро суд бахшад. Агар аз оби [ҷӯшонидаи он] андар раҳм бичаконанд [ва ё оби онро дам кашанд], низ чунин бувад. Тухми он сангро суда кунад ва хусусан ҳар ду навъи бешагии он табиатро бибандад ва рехтани хуни занонро боз дорад. Шукуфаи гӯргиёҳ дардҳои гурда ва хун омадан аз онро нофеъ аст. Агар аз бехи он ба андозаи як мисқол бо мурч биошоманд, истисқоро судманд бувад. Шукуфаи он аз омосҳои мақъад нофеъ аст.
Заҳрҳо: Агар аз баргҳои тозаи навъи ситабри гӯргиёҳ, ки ба наздики бех растаанд, зимод ниҳода шавад, аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд бошад.
8. АСОРУН – АСОРУН, НОРДИНИ ДАШТӢ
Asarum europaeum L.
Моҳият: Асорун гиёҳест, ки аз кишвари Чин оваранд.
Он дорои тухмҳои зиёд аст ва бехҳояш бузурги гиреҳдори ноҳамворанд. Ба бедгиёҳ шабоҳат дорад, хушбӯй аст ва забонро бигазад. Гулҳои он миёни баргҳо наздик ба бехи онҳо ҷойгиранд ва ранги онҳо арғавонӣ буда, ба гулҳои банг монанданд. Бехҳои асорун беш аз ҳамаи он нофеъанд ва қуввати онҳо чун қуввати ваҷ буда, вале қавитар аст.
Ихтиёр: Беҳтарин асорун тезбӯйтарини он аст.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст ва гуф

таанд, ки хушкияш камтар аз гармияш бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Асорун судда бикушояд ва хусусан таркардаи он, ки мо онро андар боби истисқо ёд хоҳем кард, ҳамаи дардҳои андаруниро бинишонад. Вай [инчунин] латифӣ бахшад, таҳлил оварад, андомҳои сардро гарм кунад ва зудоиш бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Асорун ва хусусан таркардаи он, ки андар боби истисқо ёд шавад, аз қавин ва дарди деринаи ҳар ду сурин судманд аст.
Андомҳои чашм: Аз ситабрии [табақаи] қарния нофеъ бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Асорун аз суддаҳои ҷигар ва сахтии он ниҳоят судбахш аст ва аз ярақон низ фоида дорад. Се мисқол аз асоруни андар дувоздаҳ қутулӣ шираи ангур таркарда, ки онро метавон баъди ду моҳ равшан кард, аз истисқо нофеъ аст ва фоидааш барои таб бештар бувад. Аз сахтии испурч ниҳоят муфид аст.
Андомҳои ронанда: Асорун [пешобу ҳайзро] биронад, обгаҳу гурдаро қавӣ созад ва исҳол оварад. Он андар пок кардани шикам чун харбақи сафед бувад. Як ошомидании он ҳафт мисқол ва бо оби ангубин аст. Асорун маниро биафзояд.
АНЗАРУТ – АНЗАРУТ
Gummi Astragali (Astragalus sarcocolla Dym.) Моҳият: Анзарут самғи дарахти хордорест, ки андар кишвари Форс бирӯяд ва мазаи талхӣ дорад.
Ихтиёр: Анзарути хуб онест, ки рангаш ба зардӣ бизанад ва кундурро монад.
Табъ: Бархе пизишкон гуфтаанд, ки он андар дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи аввал хушк аст. Ибни Ҷурайҷ гуфтааст: «Он андар Форс ва Луристон бирӯяд ва ниҳоят гарм аст».
Феълҳо ва хосиятҳо: Анзарут бе сӯзиш бичаспонад ва бад-ин сабаб фароҳамоварандаи реш ва рӯёнандаи гӯшт буда, андар марҳамҳо онро ба кор бибаранд. Андар он як қувва часпандагии суддаовар ва дигар талхист. Ҳамчунин андар он қувваи пазиш ва таҳлил низ ҷой дорад.
Оростагӣ: Ошомидани думодуми он хусусан барои пирон боиси тосии сар бигардад.
Омосҳо ва табишҳо: Зимоди он ҳамаи омосҳо бинишонад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Анзарут гӯшти мурдаро бихӯрад, ҷароҳатҳои тозаро фароҳам орад ва лағжидагиро беҳ кунад. Барои ин кор маҳлули онро ба кор баранд ва маҳлули бехи хушконидаи [дарахти] он низ чунин аст.
Андомҳои сар: Агар аз ангубин фатила сохта, андар анзарути хока оғушта кунанд ва якчанд рӯз андар бинии решшуда ниҳанд, беҳ шавад.
Андомҳои чашм: Анзарут ва хусусан бо шири хар парвардаи он аз омоси чашм ва хусусан хилдак ва аз назлаҳои чашм суд дорад ва гардро аз чашм берун орад.
Андомҳои ронанда: Анзарут хилти хом ва балғами ситабрро хусусан аз сурин ва пайвандгоҳҳо ба исҳол берун кунад.
10. АБҲАЛ1 – БУРСҒУНДА
Fructus Juniperi (Juniperus communis L.) Моҳият: Абҳал [самари]2 сарви кӯҳӣ буда, ду навъ аст:

пешина
аз 1215
навбатӣ