Қонуни тиб

Ношустаи он андар дараҷаи якум сард ва хушкияш андар ҳудуди дараҷаи севвум бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ақоқиё гиранда буда, сайлони хунро боз дорад.
Оростагӣ: Мӯйро сиёҳ кунад, рангро хуб созад ва аз кафидагиҳои бар асари сармо падидомада суд бахшад.
Омосҳо ва табишҳо: Аз ҳамаи [бемориҳои] андар боби мурд ёдшуда суд дорад ва нохунхораро нофеъ аст. Онро ҳамроҳи сафедии хояи мурғ бар сӯхтагии оташ ва омосҳои гарм биниҳанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Истирхои пайвандгоҳҳоро боз дорад.
Андомҳои сар: Аз решҳои даҳон муфид аст.
Андомҳои чашм: Ақоқиё биноиро қавӣ ва латиф бигардонад ва чашмро ба ҷуз навъи мисрии он созгор нест.
Омоси чашм ва сурхии андар он падидояндаро низ бинишонад. Ақоқиё андар таркиби доруҳои нохунаи чашм бидарояд.
Андомҳои ронанда: Ошомидан, ҳуқна рехтан ва зимод ниҳодани он табиатро бибандад, саҳҷ ва исҳоли хуниро суд бахшад, сайлони заҳдонро қатъ кунад, баромадагии мақъад ва баромадагии заҳдонро бигардонад ва истирхои ҳар дуро суд бахшад.
6. ИШҚИЛ1 – ПИЁЗИ УНСУЛ
Scilla maritima L.
Моҳият: Ин «пиёзи муш» буда, аз баҳри он чунин номаш ниҳодаанд, ки мушро бикушад. Пиёзи унсул тези қавист. Гурӯҳе гуфтаанд, ки ин унсул аст. Бо ҷӯшонидан ва бирён кардан қуввати он бишканад. Намуди бирёнкардаи он шафтолуи хушкро монад ва рангаш зарди моил ба сафедист. Як ҷинс аз он заҳрноки қаттол аст ва бархе аз пизишкон бо ёфтани нишонаи ночизе андар он онро ба хато балбус пиндоштаанд.
Ихтиёр: Хубаш онест, ки рангаш чун ранги шох тобишнок ва таъмаш ширини омехта бо тезию талхӣ бувад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм [ва] андар ҳудуди дараҷаи дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Пиёзи унсул ҳалкунанда, хун ва фазлаҳоро ба зоҳири андом кашанда, ниҳоят сӯзанда, решкунанда ва кимусҳои ситабрро ниҳоят тунуккунанда ва ба изофаи қувваи гармиоварияш сахт буранда бувад. Сиркои он (247) тани нотавонро қавӣ кунад ва саломатӣ бахшад.
Оростагӣ: Бо равғани зайтун ва ротинаҷ тило кардани он озахҳоро биканад. Агар ҳангоми «бемории рӯбоҳ»
ва «бемории мор» онро тило кунанд ва ё бимоланд, мӯйро бирӯёнад. Пиёзи унсул, хусусан миёнаи он, аз кафидагиҳои пошнаи пой судманд аст. Сиркои он рангро хуб кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Решҳои берунаро бихушконад ва хӯрдани он решҳои андомҳои андаруниро зиён дорад. Молидани он [бар андом] реш биоварад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Пиёзи унсул баробари ба дардҳои асаб, пайвандгоҳҳо, фалаҷ ва хусусан қавин суд бахшидан асаби солимро андаке зиён дорад. Сирко ва шароби он низ чунин бошанд.
Андомҳои сар: Пиёзи унсул аз саръ ва молихулиё но
феъ аст. Сиркои он вораи дандонро сахт ва дандонҳои ҷунбонро устувор кунад ва аз пӯсидан нигоҳ дорад.
Андомҳои чашм: Хӯрдани пиёзи унсул биноиро тез бикунад ва фуруд омадани обро боз дорад.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Дамкӯтоҳиро сахт нофеъ аст, аз сурфаи дерина ва дуруштии овоз суд дорад ва онро ба андозаи се убулус бо ангубин биошоманд. Сиркои он гулӯро қавӣ ва сахт кунад ва онро суд бахшад.
Андомҳои ғизогирӣ: Сахтии испурчро нофеъ аст, меъда ва гуворишро қавӣ созад ва аз гирд гаштани таом бар сари меъда суд дорад. Сирко ва ҷӯшонидаи онро агар чиҳил рӯз биошоманд, бемории испурчро низ ҳамчунин бувад. Гуфтаанд, ки агар худованди бемории испурч чиҳилу як рӯз пиёзи унсул бар хеш биовезад, испурчашро бигудозад. Вай аз истисқо ва ярақон низ нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: Пешобро сахт биронад. Сирко ва шароби он низ чунин буванд. Ба сахтӣ омадани пешобро суд бахшад, хуни ҳайзро ронда, ҳатто ҷанинҳоро биафтонад ва сиркову шароби он низ чунин кунанд. Аз ихтиноқи раҳм нофеъ аст ва сиркояш низ ҳамчунин бувад. Пиёзи унсул, хусусан агар бирёни онро бо ҳаштчанди худ аз намаки бирён якҷоя кунанд, хилтҳои ситабрро ба исҳол берун орад. Як ошомидании он ба андозаи ду кафча ва бар ношито бувад. Пухтаи он низ чунин бошад. Тухми онро бикӯбанд, андар зарфи хушк бигиранд ва бо ангубин сиришта, бихӯранд, табиатро нарм кунад.
Пиёзи унсул дарди мақъаду заҳдонро нофеъ аст ва аз печиши ноф сахт суд бахшад.
Табҳо: Сиркои пиёзи унсул аз табларзаи деррав судманд аст.
Заҳрҳо: Агар пиёзи унсулро аз болои дарҳои хона биовезанд, чунонки гуфтаанд, ҷунбандагони зиёнкорро бигардонад. Пиёзи унсул тарёки ҷунбандагони зиёнкор аст, мушро бикушад ва агар аз ҷӯшонидаи он бо сирко зимод кунанд, газидагии афъиро суд бахшад.
Ҷойнишинҳо: Ба қадри якчанд аз қардамоно, ба қадри якчанду сеяк аз ваҷ ва ба қадри сеяки якчанд аз ҳамомо ҷои пиёзи унсул бигиранд.
7. ИЗХИР1 ВА ФУҚОҲУҲУ – ГӮРГИЁҲ ВА
ШУКУФАИ ОН
- Andropogon schoenanthus L.; 2) Juncus arabicus Post.
Моҳият: Навъе аз гӯргиёҳ арабист ва он хушбӯй аст.
Навъи дигар бешагист. Бархе аз он борик буда, сахттар ва бархе ситабр буда, ковоктар ва бебӯй аст. Дисқуридус гуфтааст: «Гӯргиёҳ ду навъ аст: яке бесамар ва дигарӣ бо самари сиёҳ».
Ихтиёр: Беҳтарини он навъи арабӣ, сурхранг ва хушбӯйи он бувад. Шукуфаи гӯргиёҳ ба сурхӣ гарояд ва чун кушода шавад, арғавонӣ бигардад. Шукуфааш тунукбарг аст ва агар бо даст хурд карда совида шавад, хушбӯияш бӯи гулро монад. Аксарияти судмандии гӯргиёҳ андар гул, шукуфа, бех ва соқаи он бувад. Гӯргиёҳ забонро бигазад ва бисӯзонад.
Табъ: Андар гӯргиёҳи бешагӣ қувваи сардифизоянда аст ва ба наздики Ибни Ҷурайҷ тамоман сард аст. Бехи он сахт гиранда бувад. Шукуфаи он андаке гармӣ оварад ва гирандагияш камтар аз гармияш бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё