Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ОС – МУРД
    Myrtus communis L.
    Моҳият: Мурд маъруф аст. Он дорои талхӣ буда, бо тундӣ ва ширинист ва ба иллати тундии хеш сард бувад.
    Банаки он беш аз ҳама қавист ва аз он бо шароби тунд қурс бисозанд. Андар он гавҳари хокӣ ва андаке гавҳари латиф аст. Банаки он бо вуҷуди он ки чизи бар пояи он буда аст, вале ба ранги пояи он ва ба сурату шакли кафи даст бувад. Равғани мурдро ҳамаи он судмандиҳоест, ки ёд хоҳем кард.
    Ихтиёр: қавитарин мурд онест, ки ба сиёҳӣ бизанад ва хусусан хусравонии гирдбарг ва алалхусус кӯҳии он аз ҳамаи навъҳои он [қавитар бувад]. [Самари мурди сиёҳ камқувваттар аз самари мурди сафед аст]1. Беҳтарини гули мурд сафеди он аст. Фишурдаи барги он ва фишурдаи самари он беҳтар бувад. Агар фишурдаи он дер биистад, камқувват гардида, кара бандад. Бинобар ин, аз он боистӣ қурсҳо сохт.
    Табъ: Андар мурд гармии латиф аст ва сардӣ бар он ғолиб буда, гирандагии он аксар вақт аз сабаби сардии он бувад. Чунин бинамояд, ки сардии мурд андар дараҷаи якум ва хушкии он андар ҳудуди дараҷаи дуввум бувад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Исҳолу арақ ва ҳар як хунравӣ ва ҳар як сайлони ба сӯи ягон андом бударо бозгирад.
    Агар андар гармоба бо он молиш бидиҳанд, танро қавӣ кунад ва рутубатҳои зери пӯстро бикашад. Ҷӯшонидаи онро чун бар устухонҳо бирезанд, онҳо зуд бипайванданд. Сӯхтаи он андар хушбӯйӣ кардани тан ҷои тӯтиё бигирад. Мурд аз тариқи олудан, зимод кардан ва ошомидан аз ҳар гуна хунравӣ суд дорад. Рубби он ва рубби донаи он низ ҳамчунин аст. Қабз кардани он қавитар аз сардифизоии он буда, ғизобахшияш кам аст. Андар миёни шаробҳо ба ғайр аз шароби мурд ягон шаробе нест, ки табиатро бибандад ва аз дардҳои шуш ва сурфа судманд бошад.
    Оростагӣ: Равған, фишурда, ҷӯшонида ва хусусан донаи он буни мӯйҳоро қавӣ кунад, аз рехтан боз дорад ва дарозу сиёҳ созад. Донаи андар равғани зайтун ҷӯшонидаи мурд арақро боз дорад ва аз арақ реш шудан нагузорад. Барги хушки он бӯи бади зери бағал ва буни ронро боз дорад. Хокистари мурд ба ҷои тӯтиёст: он калаф ва кунҷидаи сурхро пок кунад ва баҳакро бибарад.
    Омосҳо ва табишҳо: Мурд бо равғани зайтун омосҳои гарм, сурхбод, намла, табишҳо, решҳо, обилаҳое, ки бар кафи даст ба амал оянд ва сӯхтагии оташро бинишонад. Шароби мурд низ чунин бувад. Аз барги он баъд аз омехтан бо равғани зайтун ва хамр зимод кунанд. Равғани он ва марҳамҳои аз ин равған омодасохта низ чунин буванд. Хушки онро агар бар нохунхора бипошанд, суд кунад. Мумравғани аз он омодакарда низ чунин аст.
    Агар донаи онро низ бо шароб биҷӯшонанд ва ҳамчун зимод ба кор бибаранд, решҳои андар кафи дасту пойҳо буда ва сӯхтагии оташро беҳ кунад ва онҳоро аз обила шудан боз дорад. Хокистари он бо мумравған низ чунин бувад.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Зимод кардани тухми бо шароб ҷӯшонидаи он истирхои пайвандгоҳҳоро созгор аст

[ва агар бар шикастаҳои устухон, ки бо ҳам намепайванданд, рехта шавад, онҳоро суд кунад]2.
Андомҳои сар: Хуни биниро боз дорад, сабӯсаи сарро бибарад, решҳои сарро хушк кунад ва агар оби онро бар гӯш бичаконанд, решҳо ва рими онро бихушконад.
(246) Шароби мурд аз истирхои гӯшти буни дандонҳо нофеъ аст. Барги онро агар бо шароб ҷӯшонида, зимод қунанд, сардарди сахтро фурӯ нишонад. Агар шароби онро пеш аз набиз биошоманд, хуморро боз дорад.
Андомҳои чашм: Омоси чашм ва барҷастагии чашмро фурӯ нишонад. Агар онро бо писти ҷав биҷӯшонанд, омосҳои чашмро беҳ кунад. Хокистари мурд андар радифи доруҳои нохунаи чашм бидарояд.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Мурд дилро қавӣ кунад ва хафақон бибарад. Мурддона ба иллати ширинии хеш аз сурфа нофеъ аст ва бо гирандагии худ шиками худованди онро, ки агар исҳол дошта бошад, бибандад.
Мурддона аз хунпартоӣ суд бахшад ва рубби он низ чунин бувад.
Андомҳои ғизогирӣ: Мурд ва хусусан рубб ва донаи он меъдаро қавӣ кунанд ва ба сӯи меъда рехтани фазлаҳоро боз доранд.
Андомҳои ронанда: Фишурдаи самари мурд пешобро биронад ва худи он сӯзиши пешоб ва сӯзиши обгаҳро суд бахшад. Вай андар боз доштани ба фузун омадани ҳайз хуб аст. Оби мурд агар тило карда шавад, табиат бибандад ва исҳоли сафровӣ ва савдовиро боз дорад.
Агар бо равғани кунҷид онро ба кор бибаранд, балғамро низ фишурда, берун орад. Ҷӯшонидаи самари мурд аз омадани рутубатҳои заҳдон нофеъ аст. Зимод кардани он бавосирро суд дорад ва аз омоси хоя нофеъ бувад. Ҷӯшонидаи он аз берун омадани мақъад ва заҳдон судманд аст.
Заҳрҳо: Мурд ва ҳамчунин донаи он агар бо шароб ошомида шавад, аз газидагии ғунда нофеъ аст ва низ аз газидагии каждум чунин бувад.
5. АҚОҚИЁ1 – ШИРАИ ҚАРАЗ
Succus Acaciae (Acacia arabica Willd.) Моҳият: Ин шираи қараз буда, онро хушк кунанд ва қурс созанд. Ақоқиё сӯзишовар аст, вале бо об биравад, зеро он аз гавҳари хокии гиранда ва аз гавҳари латифе мураккаб аст, ки сӯзиш аз он падид ояд ва бо шустан бекор шавад. Бо ёрии тезии хеш [таъсираш андар тан] сахт фурӯ нишинад ва сардӣ оварад. Дисқуридус гуфтааст:
«Ин дарахти ақоқиёст, ки ба Миср ва ғайри Миср рӯяд.
Он дорои хорҳо ва хорҳояш ғайри ростанд ва шохаҳояш низ ҳамчунинанд. Ақоқиё дорои гули сафед аст ва мевааш мисли боқилии мисрӣ сафед ва андар ғилоф бувад. Ақоқиёро ҷамъоварӣ кунанд ва шираашро бад-ин гуна бигиранд, ки баргашро якҷоя бо мевааш бикӯбанд ва шираи онҳо берун ояд. Бархе аз мардум ҳила ба кор бурда, онро бо об бисованд ва он чи ки берун ояд, аз он бирезанд. Ин корро то ҳангоме давом диҳанд, ки оби равшан падид наояд. Сипас онро қурсҳо сохта, андар зимни доруҳо ба кор бибаранд.
Ихтиёр: Беҳтарин ақоқиё онест, ки хушбӯй, рангаш сабзи ба сиёҳӣ гароянда ва гаронсанги сахт бошад.
Табъ: Шустаи он сарди андар дараҷаи дуввум хушки физост.

пешина
аз 1215
навбатӣ