Қонуни тиб

Андомҳои чашм: Аз сабали деррав суд кунад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: [Нафасгириро осон кунад ва]4 ширро фаровон биоварад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ташнагии аз рутубатҳои бурагӣ падидояндаро бибарад ва суддаҳои ҷигару испурчро, ки аз тариҳо падид омада бошанд, суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Пешоб, арақ ва тамси сафедро биронад, раҳмро аз омадани тариҳои сафед пок кунад ва боҳро биҷунбонад. Гоҳе шикамро бибандад ва андар ин кор пешобоварандагии он ёрӣ диҳад. Суддаҳои гурда, обгаҳ ва заҳдонро бикушояд.
Табҳо: Таби куҳанро суд дорад.
Заҳрҳо: Зиёни заҳрҳо ва ҷунбандагони зиёнкорро бигардонад. Як ошомидании пурраи он ба таври холис ним дирам аст. Ба ислоҳоварандаи [зиёни] он розиёна бувад.
3. АФСИНТИН1 – АФСИНТИН, ТАХАЧ
Artemisia absinthium L.
Моҳият: Гиёҳест шабеҳ ба барги саътар. Он дорои талхӣ, гирандагӣ ва тезист. Ҳунайн гӯяд: «Афсинтин чанд навъ аст: хуросонӣ; машриқӣ; аз кӯҳи Луком оварда шуда; сусӣ; ва тарсусӣ». Каси дигаре аз пешиниён гуфтааст, ки он бар панҷ синф аст: сусӣ; тарсусӣ; набатӣ; хуросонӣ; ва румӣ.
Андар набатии он бӯи хуш аст. Умуман, афсинтин дорои гавҳари хокӣ буда, бо ёрии он қабз бикунад ва дорои гавҳари латиф буда, бо он исҳол оварад ва судда бикушояд.
Афсинтин яке аз синфҳои дермана буда, бад-ин сабаб бархе донишмандон онро «дерманаи румӣ» хонанд. Фишурдаи он қавитар аз баргаш аст ва он ба қиёси фишурдаи ганданои кӯҳист.
Ихтиёр: Беҳтарини он сусӣ ва тарсусӣ буда, анбаригун аст ва ҳангоми молиш додан бӯи сабрро диҳад.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дараҷаи севвум хушк аст ва фишурдааш гармтар бувад. Бархе [пизишкон] гуфтаанд, ки андар дараҷаи дуввум хушк аст ва ин дурусттар бошад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Кушояндаи гиранда аст ва гирандагии он қавитар аз гармияш2 бувад. Афсинтини набатӣ бештар гиранда ва камтар гарм аст ва бад-ин сабаб балғамро, агарчи андар меъда бошад ҳам, берун овардан натавонад ва андар ин кор бефоида бувад. Вай таҳлиловаранда низ ҳаст. Яке аз хосиятҳои он ин аст, ки ҷомаҳоро аз матта задан ва фасоди ҷунбандагони зиёнкор нигоҳ дорад, сиёҳиро аз дигаргун шудан бидораду коғазро аз [муш] хӯрдан.
Оростагӣ: Рангро беҳ кунад, аз «бемории мор» ва «бемории рӯбоҳ» суд бахшад ва доғҳои бунафшии зери чашм ва ғайраро бибарад.
Ҷароҳатҳо, омосҳо ва табишҳо: Аз тариқи молидан ва ошомидан омосҳои сахти андаруниро суд бахшад.
Андомҳои сар: Афсинтин сарро хушкӣ оварад ва фишурдаи он дарди сар кунад, вале гумон мекунам, ки ин ба иллати меъдаро зиён овардани он бувад. Бухори ҷӯшонидаи он аз дарди гӯш суд дорад. Агар пеш аз шароб ошомида шавад, хуморро суд бахшад. Агар онро [бо натрун]3 аз андаруни ком зимод кунанд, аз хуноқи да
рунӣ фоида дорад ва аз омосҳои паси гӯш судманд аст.
Аз гӯшдард ва аз омадани рутубатҳои гӯш нофеъ аст.
Агар бо ангубин ошомида шавад, аз сакта суд дорад.
Андомҳои чашм: Хусусан агар афсинтини набатиро андар маҳалле, ки зери чашм аст, зимод кунанд, аз омоси деринаи чашм ва аз парда гирифтани он нофеъ бувад. Агар аз он бо майпухта зимод омода созанд, дил задани чашм ва варами онро бинишонад ва вадақаи онро суд бахшад.
Андомҳои нафастирӣ: Шароби афсинтин аз кашидагии зери сарҳои паҳлуҳо нофеъ аст.
Андомҳои ғизогирӣ: Агар даҳ рӯз аз оби ҷӯшонидаи афсинтин ва [ё] фишурдаи он рӯзе се убулусӣ биошоманд, иштиҳоро боз орад ва барои иштиҳо доруи аҷибест. Шароби афсинтин меъдаро қавӣ кунад ва корҳои дигаре низ бикунад. Хусусан агар фишурдаи онро даҳ рӯз ва ҳар рузе се уқиягӣ биошоманд, аз ярақон суд бахшад. Аз барои истисқо ҳам нофеъ аст. Ба тариқи зимод ниҳодан ба кор бурдани он бо анҷир, натрун ва орди шайлам низ чунин бувад. Ин зимоди испурч низ ба шумор биравад. Гоҳе барои [бемориҳои мазкур] аз он ва аз анҷир, орди савсан ва натрун зимод кунанд. Афсинтин, хусусан агар онро бо наск (245) ва ё гуринҷ ҷӯшонида бошанд, кирмҳоро бикушад. Фишурдаи он барои меъда бад аст. Инчунин гиёҳи он, ба истиснои навъи набатӣ, хусусан ба иллати шӯрии хеш даҳони меъдаро зиён дорад. Агар онро бо сунбул биомезанд, аз дамиши меъда ва шикам суд дорад. Аз он бар ҷигар, меъда ва тиҳигоҳ марҳам ниҳанд ва дарди онҳоро суд бахшад: барои ҷигару тиҳигоҳ бо равғани ҳино ба намуди мумравған ба кор баранд; ва барои меъда бо равғани гул ва ё омехта бо гул ба кор баранд. Ҳамчунин сахтии онҳоро манфаат кунад.
Андомҳои ронанда: Афсинтинро, хусусан агар бо оби ангубин ба зер баргиранд, пешоб ва ҳайзро ба таври қавӣ битозонад. Сафроро берун кунад, вале андар овардани балғам суд надорад ва на чизи андар рӯда истодаро биронад. Як ошомидании он ба тариқи таркарда ва ё ҷӯшонида аз панҷ то ҳафт дирам ва худи он, чунонки ҳаст, ба андозаи то ду дирам бувад. Ошомидани шароби он низ аз бавосир ва кафидагиҳои мақъад нофеъ аст. Агар онро танҳо ва ё бо гуринҷ биҷӯшонанд ва бо ангубин биошоманд, кирмҳоро бикушад ва шикамро андаке исҳол оварад. Агар онро бо наск биҷӯшонанд, низ чунин бувад. Шароби он ҳамаи ин корҳо бикунад ва рагҳоро аз хилтҳои сафровию обӣ пок сохта, онҳоро битозонад.
Табҳо: Афсинтин, хусусан шираи он, бо шираи ғофит таби деринаро суд бахшад.
Заҳрҳо: Аз газидани аждаҳои дарёӣ ва каждум, аз газидани муғолӣ ва аз шавкарон бо шароб ошомидани он суд дорад ва аз хуноқоварии саморуғи футр, хусусан агар бо сирко биошоманд, муфид бувад. Пошидани он хомӯшакро биронад. Агар бо оби он сиёҳӣ об карда шавад, муш китобро начарад.
Ҷойнишинҳои он: Бадали он ба андозаи як чанди он гесугуна ва ё дерманаи арманист. Барои тақвияти меъда [бадали он] як чанди он асорун бо ними вазни он ҳалила бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё