Қонуни тиб

[доруҳои сода
ба тартиби абҷад]
Фасли нахустин
ГУФТОР АНДАР БАЁНИ ҲАРФИ «алиф» /ا/
- ИКЛИЛУ-Л-МАЛИК1 – ШОҲАФСАР
Melilotus officinalis L.
Моҳият: Ин гули растаниест, ки коҳиранги ҳилолишакл буда, баробари ковокӣ як андоза сахтӣ ҳам дорад.
Бархе аз он сафед ва бархе зард ҳамешавад. Дисқуридус гуфтааст: «Бархе аз мардум инро «алолисфоқун»2 хонанд.
Ин гиёҳи хушки дорои шохаҳои бисёри чаҳорпаҳлуи моил ба сафедист. Онро баргҳоест шабеҳ ба барги биҳӣ, лекин дарозрӯя. Ин гиёҳ андаке дурушт, дорои мӯяк ва рангаш моил ба сафедӣ буда, андар ҷойҳои ноҳамвор ҳамерӯяд».
Ихтиёр: Беҳтарин шоҳафсар ҳамонест, ки сахттар буда, рангаш андаке ба сафедӣ бигарояд ва таъмаш талхтару бӯяш зоҳиртар бошад. Дисқуридус гуфтааст: «Беҳтарин шоҳафсар онест, ки заъфаронигун буда, ҳарчанд бӯи навъи он аслан заиф аст, вале бояд бештар тез бошад ва рангаш ранги ҳулбаро монад».
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар ҳамин дараҷа хушк аст. Умуман, [табъи шоҳафсар] мураккаб буда, гармияш назар ба сардияш ғолибтар аст. Бадиғурус3 гуфтааст, ки он андар гармию сардӣ муътадил бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Андар шоҳафсар гирандагии андак бо таҳлил ҷой дорад ва бад-ин сабаб [омосҳоро] бипазонад. Бадиғурус гуфтааст, ки он бо хосияти худ фазлаҳоро бигудозад. Гуфтаанд, ки фишурдаи он бо майпухта дардҳоро фурӯ нишонад. Шоҳафсар ҳалкунандаи тунуккунандаи [хилтҳо] ва қависозандаи андомҳост.
Омосҳо ва табишҳо: Шоҳафсар хусусан бо майпухта аз омосҳои гарм ва сахт суд дорад. Низ онро ба ҳасби маҳалҳои гуногун бо сафедии хояи мурғ, орди ҳулба, тухми катон ва кӯкнор омехта, ба кор бибаранд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Шоҳафсар аз решҳои тар, хусусан аз реши шаҳдӣ суд дорад. Онро бо об ва ё бо ягон доруи хушкифизо, аз қабили мозу, гили хушк ва наск қарин сохта, тило бикунанд.
Андомҳои сар: Шоҳафсарро агар бо майпухта ва дигар чизҳои ёдшуда бар гӯшҳо бимоланд ва [ё] аз фишурдаи он андар гӯшҳо бичаконанд, омосҳои гӯшро суд
манд буда, дарди гӯшҳоро ором кунад ва судаш дардро зудтар бирасад. Агар аз он пухтаков бисозанд, дарди сарро ором кунад.
Андомҳои чашм: Шоҳафсарро агар бо майпухта ва чизҳои ёдшуда якҷоя зимод кунанд, омосҳои чашмро судманд бувад.
Андомҳои ронанда: Онро агар бо майпухта ва бо чизҳои ёдшуда ба шакли андар шароб пухта зимод кунанд, омосҳои мақъад, ҳар ду хоя ва заҳдонро судманд бошад.
Оберо, ки андар он шоха ва барги шоҳафсар ҷӯшонидаанд, агар биошоманд, пешоб ва хуни ҳайзро битозонад ва ҷанинҳоро берун орад. Бо обе, ки андар он шоҳафсар ҷӯшонидаанд, гармоба кунанд ва ин хориши андар хояҳо оризшударо фурӯ нишонад.
2. АНИСУН1 – ТУХМИ РОЗИЁНАИ РУМӢ
Fructus Anisi (Anisum vulgare GAERTN) Моҳият: Ин тухми розиёнаи румист. Тезии он аз [тезии розиёнаи] набатӣ камтар аст ва таъми ширин дорад.
Беҳтар аз розиёнаи набатист.
[Ихтиёр: Беҳтараш он аст, ки тоза буда, донаҳояш бузург бошанд, аз худ пӯсти сабӯсмонанд ҷудо накунад ва сербӯй бувад. Иқритии он беҳтар аз мисрӣ бувад]2.
Табъ: Ҷолинус гӯяд: «Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи севвум хушк аст». Вале [Булус]3 гӯяд, (244) ки ҳар дуи ин ҳол андар дараҷаи севвуманд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Анисун кушояндаи дорои андаке гирандагӣ, фурӯнишонандаи дардҳо ва арақоваранда аст. Хусусан агар онро бирён кунанд, бодҳоро ба таҳлил бибарад. Анисунро тезиест, ки бад-ин сабаб ба доруҳои сӯзонанда наздикӣ дорад.
Омосҳо ва табишҳо: Розиёнаи румӣ бодгирифтагии андар рӯй падидоянда ва омоси дасту пойро суд бибахшад.
Андомҳои сар: Агар онро бахур кунанд ва бухорашро ба бинӣ бикашанд, сардард ва гижаро бинишонад. Агар онро бисованд ва бо равғани гул сиришта, андар гӯш бичаконанд, ҳар шикофтагиеро, ки аз садма ва ё захм задан андаруни он падид омада бошад, беҳ кунад. Инчунин аз барои дарди гӯшҳо судманд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё