Қонуни тиб

ҚОИДА
Аммо қоидаро бар ду қисм гардонидам
Қисми якум
АНДАР ЗИКРИ ЛАВҲҲО
БА ТАРЗИ ДИГАРИ ШУМОРИШ
Бидон, ки андар баёни доруҳои ҷузъии содае, ки андар синоати тиббии мо ба кор бурда мешаванд, лавҳҳои ба рангҳои хоссе рангкарда дуруст кардам ва ин корро ҳамчун қонун ва дастур гардонидам, то ки толибони ин синоатро ёфтани манфаатҳои доруҳои сода барои зоҳиру ботини ҳар як аз андомҳо ва зиёни онҳо осон бигардад.
Бинобар он, [лавҳҳоро ба гунаи зерин] тартиб додам:
лавҳи нахустин аз барои номҳои доруҳои сода ва шинохтани моҳияти онҳо; лавҳи дуввум аз барои ихтиёр кардани дурусти онҳо; лавҳи севвум аз барои ёд кардани кайфият ва табъҳои онҳо; лавҳи чаҳорум аз барои хосиятҳои ҳолатҳо ва феълҳои ҳамагонии онҳо, аз қабили ҳал кардан, пазондан, часпондан, карахт кардан ва дигар феълҳои ба ҳаминҳо монанд, ки андар ҷумлаи нахустин мо онҳоро ёд кардаем ва [низ аз барои] хосиятҳои дигаре, ки агар онҳоро бошанд ва барои ҳар кадоми онҳо китобати рангае махсус гардондам, то ки дарёфтани онҳо осон бигардад; лавҳи панҷум андар феълҳои онҳо, ки ба оростагӣ алоқаманд буда ё андар пӯст ҷой доранд, аз қабили бартараф кардани баҳак, песӣ ва озахҳо ва ё андар мӯй ҷой доранд, аз қабили нигоҳ доштан, дароз кардан ва сиёҳ кардани он ва низ андар баёни он чи ки андар боби оростагӣ бидарояд. Ҳар як чизеро, ки андар пӯст, ё мӯй ва ё андомҳои дигар дохил аст, бо нишонаи ранга нишонаҳо ниҳодам, то ки бад-ин восита ҷустани он андар зимни ҷадвалҳо осон бигардад ва то ҳамаи доруҳои содае, ки андар онҳо омадаанд, ба зудӣ дарёфта шаванд; лавҳи шашум андар баёни феълҳои онҳо андар омосҳо ва табишҳо. Низ ҳар як синфи ёдшудаи онро ба ранге навишта хоҳӣ ёфт, ки ҳар кадоми онҳоро хос аст; лавҳи ҳафтум ҳамчунин аз
барои решҳо, ҷароҳатҳо ва шикастагиҳо, ки бо рангҳои хос омадаанд; лавҳи ҳаштум аз барои бемориҳои пайвандгоҳҳо ва асабҳо, ки ҳамчунин ранга навишта шудаанд; лавҳи нуҳум аз барои ҳамаи бемориҳои андомҳои сар, ки бо рангҳои хос ранг карда шудаанд; лавҳи даҳум аз барои бемориҳои андомҳои чашм; лавҳи ёздаҳум аз барои бемориҳои андомҳои нафасгирӣ ва сина, ки бо рангҳои хос оварда шудаанд; (243) лавҳи дувоздаҳум аз барои бемориҳои андомҳои ғизогирӣ, ки ба рангҳои хос омадаанд; лавҳи сездаҳум аз барои андомҳои ронанда, ки низ ранга омадаанд; лавҳи чаҳордаҳум андар баёни табҳо ва он чи, ки бад-онҳо вобаста аст; лавҳи понздаҳум андар нисбати доруҳо ба заҳрҳо; лавҳи шонздаҳум андар баёни ҷойнишинҳои доруҳо андар ҳолатҳое, ки доруи мавриди эҳтиёҷ ноёфт бошад.
Гоҳе андар як дору ҳамаи лавҳҳо гирд омада бошанд ва гоҳе андар бархе аз онҳо ҷуз баъзе аз лавҳҳо ёфт нахоҳад шуд. Мо андар оғози ҳамин китоби хеш онҳоро ба ҳасби [доруҳо] овардаем.
Қисми дуввум
АНДАР БАЁНИ ДОРУҲОИ СОДА
БА ТАРТИБИ ХУБ
Ман ҳамегуям: Андар ин қисм номҳои доруҳоро ба тартиби абҷад (ҳарфҳои ҷумал) ёд кардаам, то каси бадин синоат машғул манфаатҳои ҳар як доруи хоси ҳар як андомро, ки андар лавҳҳои муносиби он андом ёд шуда аст, ба осонӣ ёфтан битавонад. Ин қисмро бар бисту ҳашт фасл бахш намудам ва ҳар як фасл шомили як идда аз номҳои доруҳоест, ки андар охири ҳар як фасл шумурда шаванд. Чун аз зикри ҷадвалҳо ва фаслҳое, ки бар қувваҳои доруҳо далолаткунандаанд, фориғ шавам, ҷумлаи дуввумро ба поён расонда, ин китобро андар он ҷой хатм хоҳам кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё