Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бинобар ин, ҳолати доруҳоро бояд донист ва ҷинсҳои гуногунро аз ҳамсоягии якдигар будан дур дошт.
Ҳукмҳои ба якдигар омехташавӣ чунинанд, ки феълҳои доруҳо гоҳе аз тариқи омезиш қавӣ бигарданд, гоҳе бекор шаванд ва гоҳе ба ислоҳ омада, зиёнҳои онҳо бираванд. Мисоли якумӣ ин аст, ки баъзе доруҳоро қувва исҳоловаранда аст, вале онҳо ба ёридиҳанда ниёзманданд, чунки андар табъи онҳо ёридиҳандаи қавие вуҷуд надорад. Бинобар ин,ҳар гоҳ ба онҳо чизи ёридиҳанда ёр шавад, онҳо сахт амал кунанд. Мисоли ин турбид аст.
Турбид дорои қувваи шикаморанда аст, лекин тезии он суст буда, бар ҳал кардани сахт қодир нест ва танҳо он чиро аз балғами тунук, ки мавҷуд аст, берун оварад. Вале ҳар гоҳ бо он занҷабил ҳамроҳ кунанд, турбид ба ёрии тезии он хилти часпаки сарди обгинагуни бисёреро ба исҳол берун орад ва шикаморандагияш сареътар бигардад. Ҳамчунин афитимун сустисҳол аст ва ҳар гоҳ ки бо он мурч ва доруҳои латиф ёр шаванд, зуд исҳол оварад, чунки онҳо афитимунро андар таҳлил овардан ёрӣ расонанд. Ҳамчунин зарованд дорои қувваи гирандаи қавӣ аст, вале ҳамроҳи он (238) қувваи кушоянда ҷой дорад, ки он феъли [қувваи гиранда]-ро бикоҳад. Бинобар ин, агар бо гили арманӣ ва ё бо ақоқиё сиришта шавад, сахт гиранда бигардад.
[Доруҳо]-ро гоҳе барои гузаронидан ва бадрақа кардан биомезанд, чунончи, заъфаронро бо гул, кофур ва буссад барои он биомезанд, ки то онҳоро ба сӯи дил бигузаронад. Гоҳе доруҳоро аз барои акси ин гуна кор биомезанд. Масалан, тухми турбро бо доруҳои латифкунандаи гузаро биомезанд, то ки онҳоро андар ҷигар то муддати анҷом ёфтани феъли мавриди ниёз нигоҳ дорад, зеро агар онҳо бо ҳамон латифии хеш андар ҷигар бигузаранд, пеш аз тамом кардани феъли худ аз он ҷо бо шитоб бираванд. Бинобар ин, тухми турб маниши гаштан оварад ва он чиро ки ба сӯи рагҳо ҳаракат мекунад, ба ёрии зиддият нишон додан боз дорад.
Аммо доруҳое, ки феълҳои онҳо ба воситаи омезиш бекор мегарданд, чунинанд, ки масалан, ду дору як феъл бикунанд, лекин бо ду қувваи ба ҳам зидд ва ё ҳамчун ба ҳам зидд. Ҳар гоҳ ин ду бо ҳам ҷамъ оянд ва чунин иттифоқ афтад, ки агар яке аз онҳо пештар ба кор ояд, феълеро ба амал хоҳад овард, вале агар ҳеҷ як аз онҳо бар дигарӣ пешӣ кардан натавонад, якдигарро мумонаат хоҳанд кард. Масалан, бунафша ва ҳалила ҳамин гунаанд. Бунафша бо нарм сохтан шикам орад ва ҳалила бо фишурдану зич кардан шикам оварад. Ҳар гоҳ онҳо бар модда баробар ворид шаванд, феъли ҳар ду баробар бекор шавад.
Агар ҳалила пештар бирасаду аз паси он бунафша ояд, ҳеҷ як аз ду амал нахоҳад кард. Агар бунафша пештар бирасаду нарм созад ва аз паси он ҳалила ояд ва бифишорад, феъл қавитар бигардад.
Мисоли севвумӣ сабр, касиро ва муқл аст. Сабр шикам оварад ва рӯдаҳоро пок кунад, вале онҳоро хуншор сохта, даҳони рагҳоро бикушояд. Касиро часпакиоваранда ва муқл қабзкунандаанд. Агар касиро ва ё муқл онро ҳамроҳӣ кунанд, касиро он чизеро, ки сабр бурда бо

шад, часпак бикунад ва муқл даҳонаҳои рагҳоро қавӣ бисозад ва бо ҳамин кор ба дурустӣ бианҷомад.
Ин буд қонунҳо ва мисолҳое, ки андар шинохтани табъҳои доруҳо ва ба кор бурдани онҳо судманданд.
Мақолаи шашум:

АНДАР ЧИДАНИ ДОРУҲО
ВА ЗАХИРА КАРДАНИ ОНҲО
Мо гӯем: Ба таҳқиқ бархе аз доруҳо маъданӣ, бархе растанӣ ва бархе ҳайвониянд.
Беҳтарини доруҳои маъданӣ он доруҳоест, ки аз маъданҳои ба тавассути ин доруҳо маъруф ҳосил карда шаванд. Мисоли ин қалқанди қубрусӣ ва зоги кирмонист.
Баъд [доруҳои маъданиеанд], ки аз омехтаи бегона пок буванд. Гузашта аз ин, бояд чизи чидашуда гавҳари андар боби хеш холис ва рангу таъми хоси он ношикаста бошад.
Аммо доруҳои растанӣ бошанд, бархе аз онҳо баргҳо, бархе тухмҳо, бархе бехҳову соқаҳо, бархе гулҳо, бархе меваҳо ва бархе ҳамаи як растанӣ, чунонки ҳаст, мебошанд.
Баргҳоро баъд аз он ки ҳаҷми лозимаи худро пурра дарёфтанд, бар ҳайати хеш боқӣ бимонданд [ва| пеш аз он ки рангашон бигардаду қувваташон бишканад, боистӣ чид, чи ҷои он ки онҳо хазон шуда, биафтанд.
Тухмҳоро баъд аз он, ки ҷирмашон мустаҳкам бигардад ва хомию бахши обӣ аз онҳо бираванд, боистӣ чид.
Бехҳоро ҳангоме бояд гирифт, ки баргҳо ба рехтан оғоз кунанд.
Соқаҳоро вақте бояд ҷамъоварӣ кард, ки расида, вале ба пажмурдаю хушк шудан оғоз накарда бошанд.
Гулҳоро бояд баъд аз шукуфтани тамом ва пеш аз пажмурда шудану афтидан ҷамъоварӣ кард.
Меваҳоро боистӣ баъд аз расидани тамом ва пеш аз омодаи рехтан гардидани онҳо чид.
Аммо рустание, ки ба тамомӣ гирифта шавад, бояд ҳангоми обнокии пурраи он ва қариби расидани тухмҳояш ҷамъоварӣ карда шавад.
Ҳар андоза, ки бехҳо камтар турунҷидаву танаҳо камтар пажмурда, донаҳо фарбеҳтару пурратар ва меваҳо рехтатару гаронтар бошанд, ҳамон андоза хубтар аст.
Бузургӣ бо пажмурдагию нуқсон кор намеояд, балки агар бо гаронмоягӣ бошад, ин бисёр хуб аст. Он чи ки андар ҳавои соф чида шудааст, беҳтар аз он аст, ки ба ҳангоми намнокии ҳаво ва наздик ба замони боронгарӣ чида шуда бошад.
Ҳамаи растаниҳои даштӣ ҳарчанд ҳаҷман хурданд, вале қавитар аз бӯстонӣ буванд. Растаниҳои кӯҳӣ қавитар аз даштиянд. Он растаниҳое, ки аз ҷойҳои хушбоду ҳаво ва офтобрӯя чида шаванд, қавитар аз дигарон буванд. Он растание, ки андар вақти чиданаш хато нашуда аст, қавитар аз оне бошад, ки андар вақти чидани он хато рафта бошад. Ҳамаи инҳо андар ғолибтар бештар бувад. Ҳар андоза, ки [растанӣ] серрангтар, таъмаш зоҳиртар ва бӯяш сахттар бошад, он андар боби хеш қавитар хоҳад буд.
Гиёҳҳо баъд аз се сол камқувват ҳамешаванд, ба истиснои баъзе доруҳо, ки аз қабили ҳар ду навъи харбақ ангуштшуморанд ва муддати бақои онҳо дарозтар аст.
Самғҳо бояд баъд аз баста шудан ва пеш аз хушкшавие ҷамъоварӣ шаванд, ки қобили суда шудан аст. Қуввати бештари онҳо, хусусан фурбиюн, баъд аз се сол боқӣ намемонад, (239) вале муддати бар хубии худ боқӣ мондани қавитарини ҳар табақае дер бикашад.

пешина
аз 1215
навбатӣ