Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ба доруи тозаи қавӣ ниёзмандӣ бошад, доруи заифи куҳан аз ҳама ҷиҳат қариб ҷои онро гирифтан битавонад.
Доруҳои ҳайвониро бояд аз ҳайвоноти ҷавон [ва] ҳангоми баҳор гирифт. Бояд ҳайвоноте ихтиёр карда шаванд, ки ҷисмҳояшон беш аз ҳама солим ва андомҳояшон тамомтар бошанд. Ҳар чи аз онҳо гирифта мешавад, бояд баъд аз сар буридану забҳ кардан гирифта шавад. Набояд ба чизи аз ҳайвоноте гирифта муроҷаат кард, ки ба сабаби бемориҳои онҳоро оризшаванда мурдаанд.
Ин буд он қонунҳои ҳамагоние, ки пизишк андар ко

ри доруҳои сода бояд ҳамеша бидонад. Мо ҳоло ба ҷумлаи дуввум оғоз карда, ҳамехоҳем оид ба табъҳои доруҳои содаи ба наздики мо маъруф ва оид ба доруҳое суханронӣ кунем, ки агар аз паи онҳо шуда, нишонаҳои дурусти онҳоро ҷустуҷӯ кунем, донистани онҳо моро мумкин аст муяссар шавад. Вале зикри доруҳоеро сарфи назар кунем, ки аз онҳо ба ҷуз ном моро хабаре нест ва ҳамаи лавҳҳои ёдшударо аз рӯи рангҳояшон ҷобаҷо хоҳем кард.
[Ба хости Худой ва ҳусни тавфиқи Ӯ мақолаи нахустин ба поён расид]11.

Ҷумлаи дуввум
[АНДАР ҚУВВАҲОИ ДОРУҲОИ СОДАИ ҶУЗЪӢ]

Ҷумлаи дуввумро мо ба якчанд лавҳҳо ва як қоида андар баёни доруҳои сода бахш кардаем.
Мо андар ҷумлаи нахустин бар тартиби лавҳҳое далолат кардем, ки мураттабашон сохтаем ва акнун андар ин ҷой ҳамехоҳем бар чизҳои андар ҳар як лавҳ воқеъшаванда ва бар рангҳое далолат бикунем, ки хоси онҳост.
Аммо чаҳор лавҳи нахустин бошанд, ҳоли онҳо зоҳир аст. Вале он чи ки баъди онҳо ҳамеояд, ниёзманди ба бобҳову рангҳо ҷудо кардан аст. Ҳаргиз гумон мабар, ки мо он чиро, ки баршумурдаем, ба таври ниҳоӣ кӯшои баршумурдани он шудаем. Мо чунин кор накардаем, балки он доруҳо ва он ҳукмҳои ба онҳо хоссеро овардаем, ки зикри онҳоро андар бобҳои доруҳои сода судманд донистем.
Лавҳи нахустин

[АНДАР БАЁНИ ФЕЪЛҲО ВА ХОСИЯТҲО]12
Яке аз лавҳҳое, ки андар онҳо рангҳо бидароянд, лавҳи феълҳо ва хосиятҳост: латиф; зич; часпак; обкашанда; латифсозанда; зичсозанда; лағжишоваранда; ҳалкунанда; зудоянда; часпонанда; дуруштиоваранда; ҳамворкунанда; кушояндае, ки даҳонаҳои рагҳо бикушояд; ковоккунанда; буранда; шиканандаи бодҳо; кашанда; сӯзишоваранда; пасгардонанда; поккунанда: оромкунандаи дардҳо; сурхиоваранда; хоришоваранда; решкунанда; хӯранда; сӯзонанда; уфунатро дурусткунанда; уфунатоваранда; доғниҳанда; қавигардонанда; пазонанда; хомнигоҳдоранда; карахткунанда; [чизи] сусту ковокро сахткунанда; дамишоваранда; шӯянда; лағжонанда; фишордиҳанда; гиранда; [гармиро] хомӯшкунанда; хунро равшанкунанда; араққушоянда; хунро боздоранда; арақро боздоранда; сутудакимус; бадкимус; зиёни обҳоро бартарафкунанда; серғизо; камғизо; андомҳоро қависозанда; андомҳои андаруниро қависозанда; бадхилт; ба ҳар хилте гарданда; бемориҳои савдоро судманд; савдозоянда; сафрозоянда; ронандаи зиёни сафро; балғамзоянда; ронандаи зиёни балғам; созгори пирон; [дорои] феълҳои бегона; андар ҳаво феълкунанда; [доруҳои] шикаморандаро бадрақакунанда ва онҳоро ёрирасонанда.
Лавҳи дуввум

АНДАР ОРОСТАГӢ
[Доруҳо чунинанд]: поккунанда; тиракунанда; шукуфаро равонанда; баҳаки сиёҳ, вазаҳ ва песиро муфид; пе

сиоваранда; парюн, доғи кунҷида ва кунҷидаи сурхро судманд; доғи кунҷида ва кунҷидаи сурх оваранда; пайҳои решро судманд; пайҳои обиларо судманд; кафидагиҳои рӯй ва лабро судманд; рангро сурхкунанда; кафидагиҳои пойро судманд; нигорро равонанда; озахҳоро судманд; бӯи бағал ва танро баранда; бӯи бағал ва тан баамал оваранда; устухонпора ва хорро беруноваранда; дандонҳоро ҷилодиҳанда; дандонҳоро кананда; бӯи биниро судманд; ганди даҳонро судманд; ганди даҳон оваранда; фарбеҳкунанда; лоғаркунанда; аз шупуш судманд; шупушоваранда; аз нохунхора судманд; аз ҷузом судманд; ҷузомоваранда; аз дандонҳои мушӣ судманд; аз нохунҳои каҷ судманд; аз нохунҳои хӯрдашуда судманд; аз нуқтаҳои сафеди нохун судманд; пистонро нигоҳдоранда; хояро нигоҳдоранда; рангро некӯ гардонанда; бӯйро хушкунанда; муйро сиёҳкунанда; мӯйро сафедкунанда;, мӯйро дарозкунанда; мӯйро афзоянда; мӯйро сурхкунанда; мӯйро қавӣ гардонанда; мӯйро гесугуна созанда; мӯйро ҳамворкунанда; мӯйро ҷудо-ҷудо кунанда; мӯйро аз ҷудоӣ боздоранда; аз «бемории рубоҳ» ва «бемории мор» судманд; аз рехтани мӯй судманд; калиро боздоранда; резонандаи мӯй; калиоваранда; равонандаи муй; рӯёнандаи мӯй.
Лавҳи севвум

(240) АНДАР ОМОСҲО ВА ТАБИШҲО
[Доруҳои] аз омосҳои гарм судманд; аз омосҳои сард
судманд; аз омосҳои андарунӣ судманд; аз омосҳои асаб
судманд; аз омосҳои мушакҳо судманд; аз омосҳои гӯш ҳо судманд; аз омосҳои зери бағал судманд; аз омоси ҷигар судманд; аз омосҳои испурч судманд; аз омосҳои нара судманд; аз омосҳои заҳдон судманд; аз омоси обгаҳ судманд; аз омоси пистон судманд; аз омоси хояҳо судманд; аз омоси гурда судманд; аз омоси мақъад судманд; аз фалағмунӣ судманд; аз омоси ковок судманд; аз дамиш судманд; аз саратон судманд, аз омоси сахт судманд; аз хукакҳо судманд; аз [реши] шаҳдӣ судманд; аз кафгиракҳои андарунӣ судманд; аз оташак судманд; аз намла судманд; аз махмалак судманд; аз [табишҳои] говарсӣ судманд; аз обилаҳо судманд; аз «оташи форсӣ» судманд; аз тоун судманд; аз омосҳои решӣ судманд; аз хушкгар судманд; аз табишҳои нарм судманд; падидоварандаи омосҳои гарм; падидоварандаи омосҳои сарди ковок; падидоварандаи омосҳои сахт; ва падидоварандаи саратон.

пешина
аз 1215
навбатӣ