Қонуни тиб

Мисоли ин доруҳои пешобтозонанда, устухудус ва чизҳоест, ки бад-онҳо монанд.
Бархе аз доруҳо чунонанд, ки ҷӯшондани онҳо ба андозаи ҷӯшондани муътадил нарасад, балки ҷӯшондани камтар аз [муътадил] онҳоро кифоят бошад ва агар аз як сар беш ҷӯшонда шаванд, қувватҳои онҳо ҳал шуда, аз тариқи ҷӯшондан ҷудо шаванд ва аз онҳо асаре ба ҷой намонад. Мисоли ин афитимун аст. Агар онро нек биҷӯшонанд, қувваташ биравад.
Бархе аз доруҳо чунонанд, ки орд кардан қуввати онҳоро бехӣ бибарад. Масалан, сақмуниё ҳамин тавр аст.
Бинобар ин, бояд бо ниҳояти оҳистагӣ онро суд, то ки аз судан гармии қувваташро табаҳкунанда падид наояд.
Аксарияти самғҳо бад-ин сифатанд ва андар тарӣ ҳал кардани онҳо беҳтар аз он аст, ки суда шаванд.
Ҳамаи доруҳое, ки ба ифрот суда мешаванд, феълҳои онҳо барбод бираванд, зеро чунин нест, ки ҳар андоза ҷирм хурд бигардад, қувваашро ба андоза ва нисбати хурдии хеш нигоҳ дорад, балки равост ҷисмро нуқсон ба андозае бирасад, ки баъд аз он феъли хоси худро андак ҳам бошад, кардан натавонад. Чаро ки аслан чунин нест, ки агар қувваи ҷисме ягон ҳаракатеро ба амал меоварда бошад, бояд нисфи он ҷисм он чизи аз вай ба ҳаракат ояндаро андаке бошад ҳам, ҳаракат бидиҳад. Масалан, агар даҳ нафар андар як рӯз бореро ба масофаи як фарсах мебурда бошанд, аз ин воҷиб намеояд, ки панҷ нафар ним фарсах он тараф истад, ақаллан андаке онро бибаранд. Низ чунин нест, ки агар ними он борро ҷудо кунанд, то панҷ нафар ба танҳоӣ онро бибаранд ва аз ин чунин барояд, ки онҳо ба бурдани он қодиранд, балки мумкин аст чизи қобили бурдан аз ними қувва аслан мутаассир нашавад, зеро он ба ҷумла буда, ними он барои ними [қувва] ба қадре ғайри қобили таҳаммул аст, ки андар ҳоли пуррагӣ ба ҳамон андоза қобили он бувад. Чаро ки ин ним ба дигар ним пайваста буда, барои ҷунбонидани он ба танҳоӣ омода нест. Бинобар ин, на ҳар қадар, ки ҷирми дору хурд ва қуввааш камтар бошад, онро чунин дарёбӣ, ки феълаш андар хурдӣ ба ҳамон андоза бувад. Инчунин воҷиб нест, ки вай ба андозаи нисбати хурдии худ андар чизи аз бузургтар мутаассиршаванда албатта кореро бикунад. Вале гурӯҳе чунин ақида доранд, ки хурдсозӣ сурат ва қувваро бекор бисозад ва гуфтаи эшон андар баёни доруҳои мураккаб майл бад-он дорад, ки бояд сахт суда нашаванд9.
Агар доруҳоро феъле бошад ва онҳоро ба ифрот бисоянд, мумкин аст ин феъл ба навъи дигар аз феъл бигардад. Масалан, агар ба истифроғи хилт ва ё суфл10 қодир бошад, [баъд аз судан] аз ин кор оҷиз омада, бахши обиро истифроғ бикунад, (237) аз баҳри он ки қуввааш афтида бошад ва [низ] аз баҳри он ки ба сабаби хурдии хеш гузаротар шуда, зуд ба андоме бирасад, ки ғайри андоми андар он истодааш бошад [ва] ҳар гоҳ андозаи он бузург бошад, феъли он андар он ҷой пурра содир бигардад. Чунонки Ҷолинус ҳикоят кунад, ки боре иттифоқан маводди таркиби гувориши зирагиро ба ифрот судааст ва он дар сурате ки табиатан кушояндаи табиат аст, пешобтозонанда гардидааст. Бинобар ин, боистӣ ан
дар судани доруҳои гавҳарашон латиф муболаға карда нашавад, балки андар судани доруҳои гавҳарашон касиф бояд муболаға кард. Хусусан агар бихоҳанд, ки онҳо ба маҳалли дуре рафта бирасанд, ба ҳоли касифӣ суст ҳаракат хоҳанд кард. Масалан, доруҳои шуш, ки аз буссад, марворид, марҷон, шодана ва монанди инҳо сохта шудаанд, ҳамин гуна буванд.
Аммо ҳукмҳои сӯзонидан [чунинанд]: Аз миёни доруҳо бархеро барои он бисӯзонанд, ки то қувваташ коҳиш ёбад ва бархеро барои он бисӯзонанд, то ки қувваташ афзун бигардад. Ҳамаи доруҳои тезе, ки гавҳарҳояшон латиф ва ё муътадиланд, ҳар гоҳ сӯхта шаванд, гармӣ ва тезии онҳо ба иллати таҳлил ёфтани гавҳари оташии андар онҳо ҷой дошта коҳиш ёбанд. Масалан, зогҳо ва қалқатор ҳамчунин буванд.
Аммо доруҳое, ки гавҳари онҳо касиф буда, қувваи онҳо на тезу на гарм аст, сӯзиш ба онҳо қувваи тезӣ бахшад.
Масалан, оҳак ҳамин тавр аст. Зеро он то вақте ки санг аст, тезӣ надорад ва ҳамин ки сӯзонида шавад, тез бигардад.
Доруро аз барои яке аз панҷ ғараз бисӯзонанд: ё аз барои он ки тезияшро бишикананд; ё аз барои он ки [ба ӯ] тезӣ бидиҳанд; ё аз барои он ки гавҳари касифи дору латиф бигардад; ё аз барои он ки омодаи судан бигардад; ва ё аз барои он ки бадии андар гавҳараш буда биравад.
Мисоли якумӣ зог ва қалқатор аст, мисоли дуввумӣ оҳак аст; мисоли севвумӣ харчанг ва шохи гавазнест, ки сӯхта бошанд; мисоли чаҳорумӣ абрешим аст, ки онро аз барои тақвияти дил ба кор бибаранд ва агар онро ба шакли резакарда ба кор баранд, беҳтар аз он бошад, ки ба шакли сӯхта ба кор баранд, лекин аз тариқи реза кардан хурдии ҷузвҳои он ҷуз ба душворӣ ба андозаи кофӣ намерасад ва бинобар он, вайро бисӯзонанд; ва мисоли панҷумӣ сӯхтани каждум ба ғарази аз барои санги [обгаҳ] истифода бурдан бувад.
Аммо шустан ҳар як доруро аз гавҳари тези латифе пок бикунад, ки бо он омехта аст ва онро каме суст намуда, ба иътидол боз орад. Бархе аз доруҳоро барои он бишӯянд, ки то баъд аз гармии ба ифрот сард бигарданд. Ин ҳоли ҳар доруи хокие бувад, ки аз сӯзиш бахши оташӣ ситонидааст ва шустан онро аз ин [бахши оташӣ] пок кунад. Масалан, оҳаки шуста ҳамин гуна бувад ва он муътадил гардида, сӯзонияш биравад. Бархе аз доруро шустан на танҳо ба ғарази сард сохтани он, балки барои он бошад, ки то ба ғоят хурд кардану ҳамвор намудани ҷузъҳои он мумкин бигардад.
Масалан, тӯтиёро андар об бисоянд. Баъзеро барои он бишӯянд, ки то қувваи нохоҳами он биравад. Масалан, андар шустани санги арманӣ ва лоҷувард бисёр бикӯшанд, то ки қувваи маниши гаштан оварандаи онҳо биравад.
Аммо ях бастан чунин аст, ки ҳар доруе агар ях бибандад, қувваи латифии он бекор шавад ва агар гавҳари он сард бошад, сардияш бештар бигардад.
Аммо ҳамҷаворӣ [бо дигар доруҳо] чунин аст, ки доруҳо гоҳе аз тариқи он кайфиятҳои бегона ситонида, феълҳояшон бигарданд. Бинобар ин, бисёре аз доруҳои сард ба иллати он, ки аз ҳамсоягии ангужад, фурбиюн, гунди бедастар ва мушк кайфияти гарм ситонидаанд, андар таъсир гарм бигарданд. Бисёре аз доруҳои гарм ба иллати он, ки аз ҳамсоягии кофур ва сандал кайфияти сард ситонидаанд, сардтаъсир бигарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё