Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас онҳо бо ёрии гаронии табиии хеш ва ё бо ёрии қувваи ронанда аз ҷойгоҳи хеш биҷунбанд. Мисоли ин олу ба ҳангоми исҳол овардани хеш бувад.
Доруи ҳамворкунанда доруи часпакест, ки чунин хусусият дорад: он бар сатҳи андоми дурушт ба таври ҳамвор густариш ёфта, рӯи он ҷисм ба ёрии он ҳамвор ва дуруштияш пӯшида бигардад ва ё ба сӯи он рутубатеро бифиристад, ки бад-он гуна густариш густурда бигардад.
Доруи хушккунанда доруест, ки бо таҳлиловарӣ ва латифсозии хеш тариҳоро нест кунад.
Доруи гиранда доруест, ки андар андом ҳаракати ба ифроти ҷузвҳоро ба сӯи фароҳамоӣ ба амал оварад ва бад-ин сабаб вазъи онҳо зич гардида, гузаргоҳҳо баста шаванд.
Доруи фишурдакунанда доруест, ки қабз кардан ва ҷузвҳоро ҷамъ кардани он ба андозае бирасад, ки тариҳои тунуки андар ковокиҳои онҳо ҷойгирифта ночор рӯ ба фишурда шудану ҷудо гардидан биниҳанд.
Доруи суддаоваранда доруи хушкест, ки ба иллати зичӣ ва хушкии хеш ва ё ба иллати часпидагӣ овардани хеш андар гузаргоҳҳо бимонад ва андар онҳо судда падид орад.
Доруи часпонанда доруи хушкест, ки андар он тарии андаки часпак буда, бо ёрии он бар даҳонаҳои [рагҳо] бичаспад ва онҳоро баста, чизи равонро боз дорад. Ҳар чизи часпаки равони сирешумие, ки андар он оташ кора кунад, часпонандаи суддаоварандаи боздоранда бигардад.
Доруи фароҳамоварандаи реш доруест, ки тарии андар миёни ду сатҳи ба ҳам ҳамҷавори реш ҷойгиршударо хушк сохта, зич кунад ва саранҷом он рӯ ба сирешумӣ шудану часпак гардидан ниҳода, як [сатҳи реш] бо дигараш бичаспад. Мисоли ин хуни сиёвушон ва сабр бувад.
Доруи гӯштрӯёнанда доруест, ки чунин хосият дорад: хуни бар реш воридшавандаро бад-ин тариқ гӯшт бигардонад, ки мизоҷи хунро ба иътидол оварад ва бо хушконидан онро баста созад.
Доруи ҷароҳатпӯшонанда доруи хушкифизоест, ки сатҳи решро хушк сохта, бар рӯи он хушкрешӣ падид орад ва он [решро] то ҳангоми рӯидани пӯсти табиӣ аз газандҳо панаҳ бидорад. Ин ҳама гуна доруе бошад, ки андар ду [кайфияти] фоил муътадил буда, бидуни сӯзиш хушкӣ оварад.
Доруи кушанда доруест, ки мизоҷро ба сӯи ифротии табаҳкунанда бигардонад. Чунончи, фурбиюн ва афюн чунин буванд.
Заҳр доруест, ки мизоҷро табаҳ кунад, вале на танҳо ба иллати зид будан, балки бо хосияте [табаҳ кунад], ки андар он ҷой дорад. Чунончи, беш ҳамин тавр бувад.
Аммо тарёк ва подзаҳр ҳар доруеанд, ки чунин хосият дошта бошад: вай қувват ва дурустии рӯҳро ҳимоят кунад, то ки рӯҳ ба миёнҷии он зиёни заҳрро аз худ рондан битавонад. Додани номи «тарёк» ба доруҳои сунъӣ ва номи «подзаҳр» ба доруҳои содаи андар табиат буда беҳтар аст. Чунин бинамояд, ки аз миёни доруҳои сунъӣ [доруҳое], ки аз рустаниҳо сохта шудаанд, беш аз ҳама ба исми «тарёк» ва доруҳои аз маъданҳо ҳосилкарда ба

исми «подзаҳр» сазоворанд. Низ чунин ба назар бирасад, ки миёни ҳар ду фарқи зиёде нест.
Аммо доруҳои шикаморанда, пешобтозонанда ва арақоваранда ҳама маъруфанд.
Ҳар доруе, ки андар он ҳам исҳол асту ҳам гирандагӣ, чунон ки андар суринҷон чунин аст, ин гуна [дору] барои дардҳои пайвандгоҳҳо судманд бувад, аз баҳри он ки қувваи шикаморанда бикӯшад, то моддаро бикашад ва қувваи гиранда бикӯшад, то маҷрои моддаро танг созад ва саранҷом на бад-он сӯй модда бозояд ва на моддаи дигаре ҷои он бигирад.
Ҳар доруи ҳалкунандае, ки андар он гирандагист, ин гуна дору муътадил буда, (236) сустии пайвандгоҳҳо, ташаннуҷи онҳо ва омосҳои балғамиро суд бахшад. Қабз кардану ҳал намудан ҳар кадом барои хушксозӣ ёрӣ диҳанд ва ҳар гоҳ қабз кардану ҳал намудан бо ҳам ҷамъ оянд, хушкиро биафзоянд.
Доруҳои шикаморанда ва пешобтозонанда аксар вақт фаъолияти якдигарро боз доранд, чунки доруи пешобтозонанда андар бештари ҳолатҳо бирозро хушк созад ва доруи шикаморанда пешобро бикоҳад.
Доруҳое, ки андар онҳо қувваи гармидиҳанда ва қувваи сардиоваранда гирд омадаанд, барои то ба мунтаҳои болоравии худ расидани омосҳои гарм судманданд, чаро ки онҳо бо он чи ки қабз ҳамеоваранд, моддаро пас бигардонанд ва бо он чи ки гарм ҳамекунанд, таҳлил биоваранд.
Доруҳое, ки андар онҳо [хосияти] тарёкӣ бо сардӣ гирд омадаанд, [бемории] диққро сахт муфиданд ва доруҳое, ки андар онҳо [хосияти] тарёкӣ бо гармӣ гирд омадаанд, сардии дилро беш аз дигар [доруҳо] суд доранд.
Аммо қуввае, ки тақсимкунанда буда, ҳар мизоҷеро дар баробари чизе ҳамегузорад, ки сазовори ӯст, то вай қувваи ҳалкунандаро на андар бари моддае бинҳода бошад, ки ба сӯи андом фурудоянда аст ва на [қувваи] сардкунандаро андар бари моддае биниҳад, ки аз андом бирезад, ин табиатест, ки ба тасхири Парвардигори поку бузург соҳибилҳом бувад.
Мақолаи панҷум:

АНДАР ҲУКМҲОЕ, КИ
ДОРУҲОРО АЗ БЕРУН ОРИЗ БИГАРДАНД
Доруҳоро гоҳе ҳукмҳое ориз бигарданд, ки ба сабаби ҳолатҳои аз тариқи синоъӣ ба амалоянда вобастагӣ доранд, чунончи, ҷӯшондан, орд кардан, бо оташ сӯзондан, шустан, ях кунондан андар сармо ва андар бари доруҳои дигар ниҳодан [аз ҳамин гуна ҳолатҳост].
Баъзе доруҳоест, ки ҳукмҳояшон ба сабаби ориз шудани ин гуна ҳолатҳо дигаргун бигарданд ва гоҳе мумкин аст ҳукмҳояшон аз тариқи омехта шудан бо доруҳои дигар дигаргун бигарданд, ҳарчанд ки сухан андар ин бора шабеҳ ба суханест, ки андар баёни таркиб ёфтани доруҳо бувад.
Мо гӯем: Аз миёни доруҳо доруҳоеанд, ки ҷирмҳои онҳо касифанд ва қувваҳои онҳо ҳангоми ҷӯшондан ҷуз ба дучанд ҷӯшондан кушода нагарданд. Масалан, бехи кабар, зарованд, зурунбод ва он чи ки бад-инҳо монад, чунинанд.
Бархе аз доруҳо муътадил буда, ҷӯшонидани муътадил онҳоро кифоят бошад ва агар сахт ҷӯшонида шаванд, қувватҳояшон ҳал гардида, бухор шаванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ