Қонуни тиб

Барои ин кор аксар вақт хорҳои мӯякии ҷирмҳояшон сахти ғайри ҳисшаванда ёрӣ бирасонанд. Мисоли ин кабикаҷ бувад.
Доруи решкунанда доруест, ки чунин хосият дорад:
тариҳои миёни ҷузвҳои пӯст пайвасткунандаро нобуд карда, онҳоро ба таҳлил бибарад ва моддаи палидеро бад-он сӯ бикашад, ки бар асари он реш падид ояд. Мисоли ин балозур аст.
Доруи сӯзонанда доруест, ки чунин хосият дорад: [бахши] латифи хилтҳои андомҳоро ҳал бикунад ва [бахши] хокистарии онҳоро ба ҷой бигузорад. Мисоли ин фурбиюн бувад.
Доруи хӯранда доруест, ки ҳал кардану реш сохтани он ба андозае бирасад, ки аз гавҳари гӯшт бикоҳад. Мисоли ин зангор бувад.
Доруи аз ҳам резонанда доруест, ки чун ба хилти санггардида бирасад, ҷузвҳои онро хурд карда, аз ҳам бирезонад. Мисоли ин «санги яҳудӣ» ва ғайра аст, ки санги [гурдаву обгаҳ]-ро аз ҳам бирезонад.
Доруи гандонанда доруест, ки чунин хосият дорад:
мизоҷи андом, ё мизоҷи рӯҳи ба сӯи андом оянда ва мизоҷи тарии он [андом]-ро аз тариқи таҳлил овардан табаҳ сохта, ба ҷое бирасонад, ки он қобили ҷузъе аз андом шудан набошад. Вале на ба дараҷае бирасад, ки онро бисӯзонад ва ё хӯрда, рутубати онро ҳал кунад, балки андар [андом] онро ҳамчун тарии табаҳшудае боқӣ нигоҳ дорад, ки ғайри гармии модарзодӣ андар он кора карда, онро бигандонад. Мисоли ин зирних ва софсиё бувад.
Доруи доғниҳанда доруест, ки гӯштро бихӯрад ва пӯстро ба таври хушкиоварӣ сӯзонда, сахт бикунад ва онро мисли сипар бигардонад. Бинобар ин, гавҳари ин пӯст андар гузаргоҳи хилти равоне, ки андар рӯи он бошад, чун садде бигардад ва инро «хушкрешӣ» хонанд. [Доруи доғниҳандаро] ҳангоми боз доштани хуни шараёнҳо ва ҳамин гуна [ҳолатҳо] ба кор баранд. Мисоли он зог ва қалқатор бувад.
Доруи пӯстравонанда доруест, ки чунин хосият дорад: ба сабаби беандоза зудоиш оварданаш ҷузвҳои табаҳшудаи пӯстро бизудояд. Мисоли ин қуст, рованд8 ва ҳар як чизест, ки баҳак, доғи кунҷида ва монанди инҳоро суд дорад.
Доруи сардифизо маъруф аст.
Доруи қавигардонанда доруест, ки қивом ва мизоҷи андомро муътадил бигардонад, то ки андом аз пазируфтани фазлаҳои ба сӯяш оянда ва офатҳо имтиноъ варзидан битавонад. Ин ба иллати хосияте чунин бошад, ки андар доруст, чунончи, гили набишта ва тарёк чунин буванд ва ё ба иллати муътадил будани мизоҷаш чунин буда, бинобар о, чизи гармтарро сард ва чизи сардтарро гарм бисозад, чунонки Ҷолинус андар хусуси равғани гул ҳамин гуна ақида дорад.
Доруи пасгардонанда мухолифи доруи кашанда буда, доруест, ки чунин хосият дорад: ба иллати сардии хеш андар андом сардӣ оварда, бад-ин васила онро зич ва масомҳояшро фишурда бисозад ва гармии кашандаро шикаста, чизи ба сӯи он равонаро ях бибандонад ва ё сита
бр намуда, аз ҷорӣ шудан ба сӯи андом боз дорад ва андомро аз пазируфтани он манъ созад. Мисоли ин рӯбоҳразак бувад, ки ҳангоми омосҳо [ба кор бибаранд].
Доруи ситабркунанда мухолифи доруи латифкунанда буда, он доруест, ки чунин хосият дорад: қивоми тариро ё бо ях бастани худ, ё бо сахт сохтани худ ва ё бо омехтани худ ситабртар бисозад.
Доруи хомдоранда мухолифи доруи гуворанда ва пазанда буда, доруест, ки ба иллати сардии худ кори гармии модарзодӣ ва гармии бегонаро низ андар ғизо ва хилт бекор намуда, [онҳоро] ногуворида ва нопухта бигузорад.
Доруи карахткунанда доруи сард буда, сардифизоии он ба андом ба андозае бирасад, ки мизоҷи гавҳари рӯҳи ба сӯи [андом] қувваи ҳаракату ҳис оварандаро сард гардонида, гавҳари онро ситабр созад ва саранҷом қувваҳои нафсонӣ онро ба кор бурдан натавонанд. Инчунин он мизоҷи андомро бигардонад ва андом таъсири қувваҳои нафасониро пазируфтан натавонад. Мисоли ин афюн ва банг бувад.
Доруи тарифизо маъруф аст.
Доруи дамишоваранда доруест, ки андар гавҳари хеш тарии бегонаи ситабр дошта, агар гармии модарзодӣ андар он кора бикунад, он зуд ҳал нашавад, балки ба бод табдил ёбад. Мисоли ин лӯбиё ва ҳамаи он чизе бувад, ки дамиш биоварад. Инҳо боиси сардард гардида, чашмро зиён доранд. Лекин аз миёни доруҳо ва ғизоҳо чизҳое бошанд, ки гувориши нахустин тарии онҳоро ба бод бигардонад. Бинобар он, дамиши он андар меъда ба амал ояд, вале ҳал шудани он андар худи меъда ва рӯдаҳо анҷом ёбад. Низ аз миёни онҳо чизҳое бошанд, ки худи тарии зиёдатии андар онҳо буда, ки он моддаи дамиш бувад, то агар ба рагҳо нагузарад, андар меъда ҳеҷ мавриди таъсир қарор нахоҳад гирифт (235) ва ё андар меъда на ҳамаи он, балки баъзеяш мавриди таъсир қарор гирифта, баъзеи ои боқӣ бимонад ва андар рагҳо таҳти таъсир қарор бигирад. Бархе аз [доруҳову ғизоҳо] андар меъда пурра таҳти таъсир қарор гирад ва ба бод мубаддал бигардад, вале андар меъда пурра ҳал нашавад, балки ба сӯи рагҳо гузашта, бахши бодии он андар он ҷой боқӣ бимонад. Умуман, ҳар доруе, ки андар он тарии зиёдатии аз чизи омехташавандааш бегона ҷой дорад, дорои дамиш овардан аст. Мисоли ин занҷабил ва тухми индов бувад. Ҳар доруе, ки андар рагҳо дамиш биоварад, бархезонандаи закар аст.
Доруи шӯянда ҳар як доруест, ки чунин хосият дорад:
он на ба қувваи фоилии хеш, балки бо қувваи корпазирандае зудоиш оварад, ки ҳаракат онро ёварӣ кунад. Яъне манзурам аз «қувваи корпазиранда» тарӣ ва аз «ҳаракат» равонист. Ба таҳқиқ чизи равони латиф агар бар даҳонаҳои рагҳо ҷорӣ шавад, бо рутубати хеш фазлаҳоро нарм кунад ва бо равонии хеш онҳоро бибарад. Мисоли ин оби ҷав, оби холис ва ғайра бувад.
Доруи чиркинсозандаи решҳо доруи тарест, ки бо тариҳои решҳо омехта гардида, онҳоро бештар бигардонад ва аз хушкшавию фароҳам омадани [реш] боз дорад.
Доруи лағжонанда доруест, ки сатҳи ҷисми ба маҷрое дучоромадаро тар созад, ки ин [ҷисм] андар он дармондааст ва онро аз он ҷой раҳо созад. Ҷузвҳои ин ҷисм ба иллати нармии аз омезиши ин [дору] ҳосил кардаашон қобили равонӣ бигарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё