Қонуни тиб

Табақаи дигар: [доруҳои] тарифизо; дамишоваранда; шӯянда; чиркфизояндаи решҳо; лагжишоваранда ва ҳамворкунанда.
Табақаи дигар: [доруҳои] хушкифизо; фишордиҳанда; гиранда; суддаоваранда; часпонанда; фароҳамоварандаи [решҳо]; рӯёнандаи гӯшт ва пӯшонандаи [решҳо].
Ҷинси дигаре аз сифатҳои доруҳо, ки ба ҳасби феълҳои онҳост: кушанда; заҳр; тарёк; подзаҳр; инчунин шикаморанда; пешобтозонанда ва арақоваранда.
Мо ҳар яке аз ин феълҳоро бо расмаш тавсиф медиҳем.
Доруи латифгардонанда доруест, ки чунин хусусият дорад: қивоми хилтро ба ёрии гармии муътадил тунуктар бигардонад. Мисоли ин зуфо, ҳошоъ ва бобуна бувад.
Доруи ҳалкунанда доруест, ки чунин хусусият дорад: хилтро аз роҳи бухор кардан ва онро ҷузъ-ҷузъ аз ҷойгоҳи часпидааш берун овардан ҷудо кунад ва ҳатто (233) ба воситаи қувваи гармии хеш баробари давом ёфтани феълаш бахши боқимондаи онро ҳам ба охир хоҳад расонд. Мисоли ин гунди бедастар бувад.
Доруи зудоянда доруест, ки чунин хосият дорад: тариҳои часпак ва сахтшавандаро аз даҳонаҳои масомҳо ба сатҳи андом равона кунад ва ҳатто аз он ҷой онҳоро дур созад. Чунончи, оби ангубин [чунин бувад]. Ҳар як доруи зудоянда, ҳарчанд ки андар он қувваи исҳоловаранда нест, вале бо зудоиши хеш табиатро нарм бисозад. Ҳар як [чизи] талх зудоянда бувад.
Доруи дуруштиоваранда доруест, ки бахшҳои сатҳи андомро ба таври гуногун баланду паст бисозад. Ин ё ба иллати сахтии қабзкунандагӣ ва зичии гавҳари хеш чунин бошад, чунонки ёд шуд, ё ба иллати ниҳоят тезии худ ва латифии гавҳараш чунин буда, бинобар он, бибурад ва ҳамвориро бекор кунад ва ё ба иллати сатҳеро зудудани хеш, ки андар асл дурушту ба араз ҳамвор бувад, чунин аст. Чунки [дору] ҳар гоҳ андомеро бизудояд, ки қивомаш матин, сатҳаш дурушт, вазъи ҷузъҳояш гуногун ва тарияш часпак буда, бар рӯи он равон гардидааст ва сатҳи бегонаи ҳамворе ба амал овардааст, андар ин ҳол дуруштии аслиро берун оварда, намоён хоҳад кард. Мисоли ин шоҳафсар бувад. Дуруштӣ овардани феъли он андар устухонҳо ва куркуракҳо бештар ва андар пӯст камтар зоҳир бигардад.
Доруи кушоянда доруест, ки чунин хусусият дорад:
моддаи андаруни тиҳигоҳҳои гузаргоҳҳо бударо аз ҷой ҷунбонида, ба берун орад, то ки маҷроҳо кушода боқӣ бимонанд. Ин ва ингуна [дору] қавитар аз доруи зудоянда бувад. Мисоли он фатросолиюн аст. Ин аз баҳри он чунин феъл бикунад, ки латиф ва ҳалкунанда аст, ё аз баҳри он ки латифу буранда бувад ва маънои «буранда»-ро баъд хоҳӣ фаҳмид ва ё аз баҳри он ки латифу шӯянда аст ва маънои «шӯянда»-ро сипас хоҳӣ донист.
Ҳар як [доруи] тез кушоянда ва ҳар як доруи талх латифи кушоянда аст. Ҳар як [доруи] латиф агар ба сӯи гармӣ бигарояд ва ё муътадил бошад, равонкунандаи кушоянда аст ва ҳар як [доруи] латифи туруш [низ] кушоянда бувад.
Доруи ковоккунанда доруест, ки чунин хусусият дорад: бо гармӣ ва тарии хеш қивоми андомҳои масомҳоя
шон зичро нармтар бисозад ва аз ин кор чунин рӯй диҳад, ки масомҳо фарохтар ва рехтани он фазлаҳое, ки андар онҳост, осонтар бигардад. Мисоли ин зимоди шибит ва тухми катон бувад.
Доруи пазонанда доруест, ки хусусияти ба хилт бахшидани пухтагӣ дорад, аз баҳри он ки [чунин дору] ба иътидол гармӣ оварад ва андар он қувваи гирандае бошад, ки хилтро то ҳангоми пухтан боз дорад ва [хилт] ба зӯрӣ ҳал нагардад ва ҷудо шудани тарии он аз хушкияш, ки ин [кор] сӯзиш (иҳтироқ) бувад, ба амал нахоҳад омад.
Доруи гуворанда доруест, ки хусусияти ба ғизо бахшидани гуворишро дорад ва инро андар зимни он чи ки гузашт, шинохтӣ.
Доруи шиканандаи бодҳо доруест, ки чунин хусусият дорад: бо ёрии гармӣ ва хушкиоварии хеш қивоми бодро тунуки бодӣ ҳамесозад ва бод ҳал шуда, аз ҷое, ки андар он гирифтор буд, берун ояд. Мисоли ин тухми судоб аст.
Доруи буранда доруест, ки чунин хусусият дорад: он ба ёрии латифии хеш андар миёни сатҳи андом ва хилти часпаке, ки бо он часпида аст, бидарояд ва онҳоро аз якдигар ҷудо созад. Ҳамин тариқ аз роҳи тақсим намудани он барои ҷузъҳои он билфеъл сатҳҳои гуногун ба амал оварда, дур намудани он чизро аз ҷойҳои часпидааш осон бигардонад. Мисоли ин хардал ва сикангубин аст. Буранда баръакси [доруи] сирешумии часпак аст, чунончи, ҳалкунанда баръакси ғализ ва латифиоваранда баръакси касифибахшанда буванд. Баъди ҳар яке аз инҳо чизе [меояд], ки ҳангоми ёд кардан қарини вай аст. Аз шарти буранда ин нест, ки андар қивоми хилт коре бикунад, балки андар пайвастагии он [коре ба амал хоҳад овард], чунки бисьёр бошад, ки хилтро ба ҷузъҳо пора кунад ва ҳар яки ин [ҷузъҳо] бар мисоли қивоми аввал бувад.
Доруи кашанда доруест, ки чунин хосият дорад: тариҳоро ба сӯи ҷойгоҳе биҷунбонад, ки бо он ҷой дучор омада бошад ва ин корро ба сабаби латифӣ ва гармии хеш ба амал орад. Мисоли ин гунди бедастар аст. Доруи сахт кашанда, ки аз ҷойгоҳи амиқ [хилтро] бикашад, агар баъд аз поксозӣ ба тариқи зимод онро ба кор бибаранд, қавин ва дардҳои амиқи пайвандгоҳҳоро суд бибахшад. Бо ёрии ин [гуна доруҳо] хор ва пайкон аз ҷойҳои дармондаашон берун кашида шаванд.
Доруи сӯзанда доруест, ки дорои кайфияти ниҳоят гузарандагӣ буда, латиф аст. Он андар пайвастагӣ гусастагиҳои сершуморе ба амал биоварад, ки онҳо ба якдигар наздик ҷойгир буда, ба андоза хурду гуногунанд ва ҳар кадом ба танҳоӣ ҳис карда нашаванд, балки якҷоя чун мавзеи7 ягона ҳис карда шаванд. Мисоли ин бо хардалу сирко ва [ё] худи сирко зимод кардан аст.
Доруи сурхиоваранда доруест, ки чунин хосият дорад: андоми дучоромадаашро ба таври қавӣ гарм сохта, хунро ба андозае сахт ба сӯи он бикашад, ки ба зоҳири он расида, он ҷойро сурх бинамояд. (234) Мисоли ин хардал, анҷир, пудина ва қардамоно мебошад. Доруҳои сурхиоваранда коре бикунанд, ки ба доғ мондан наздикӣ дорад.
Доруи хоришоваранда доруест, ки чунин хосият до рад: ба иллати кашандагӣ ва гармибахшии хеш ба сӯи масомҳо хилтҳои сӯзони хоришоварандаро бикашад, вале ба дараҷаи реш кардан нахоҳад расонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё