Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин гоҳе андар ашё гуногун бошад, лекин бештари он чизе бошад, ки ман ёд кардам.
Акнун боистӣ андар баёни феълҳои қувваҳои доруҳои сода сухан ронем.
Мақолаи чаҳорум

АНДАР ШИНОХТАНИ ФЕЪЛҲОИ ҚУВВАҲОИ
ДОРУҲОИ СОДА
Мо гӯем: Доруҳоро феълҳои ҳамагонӣ, феълҳои ҷузъӣ ва феълҳоеанд, ки феълҳои ҳамагониро монанд. Феълҳои ҳамагонӣ, масалан, гарм кардан, сард кардан, кашидан, рондан, фароҳам овардани [реш], реш кардан ва монанди инҳо буванд. Феълҳои ҷузъӣ, масалан, манфиат овардан ҳангоми саратон, манфиат овардан ҳангоми бавосир, суд бахшидан ҳангоми ярақон ва монанди инҳоанд.
Феълҳое, ки феълҳои ҳамагониро монанданд, исҳол овардан, пешоб тозондан ва монанди инҳо буванд. Ин [фелҳо] ҳарчанд ҷузъиянд, зеро андар андомҳои махсус ва афзорҳои махсус ҷой доранд, вале феълҳои ҳамагониро монанд, зеро ба изофаи он, ки тамоми тан на ба араз аз ин феълҳо мутаассир бигардад, ин феълҳо андар чизҳое биафтанд, ки суду зиёни онҳо ҳамагонист. Мо андар ин ҷой феълҳои ҳамагонӣ ва феълҳоеро ёд кунем, ки ҳамагониро монанд.
Бархе аз феълҳои ҳамагонӣ феълҳое бошанд, ки аввалиянд ва бархе феълҳое бошанд, ки дуввумиянд. Аввалиҳо чаҳор феъланд, ки онҳо сард кардан, гарм кардан, тар кардан ва хушк кардан буванд. Аммо дуввумиҳо бошанд, бархе аз онҳо ба айнӣ худи ҳамин феълҳост, лекин ба андоза ва ё андар қиёс ба ҳадди бешӣ ва ё камӣ буванд. Масалан, сӯзондан, гандонидан, [ях] кунондан ва зич кардан чунинанд. (232) Ҳамаи инҳо ба айнӣ гарм кардан ва сард намудан буда, вале ба андоза ва қиёси [муайян] буванд. Бархе аз [феълҳои дуввумӣ] феълҳои дигареанд, вале аз ин [феълҳои ёдшуда] падид омадаанд. Мисоли инҳо карахт кардан, пӯшондани ҷароҳат, кашидан, лагжондан, [судда] кушодан, часпондан ва монанди инҳо буванд.
Аммо феълҳои ба феълҳои ҳамагонӣ монанд аз қабили исҳол овардан, пешоб тозондан ва арақ овардананд.
Пеш аз он ки андар баёни феълҳои [доруҳо] гуфтугӯ кунем, оид ба сифатҳое сухан меронем, ки андар худи онҳо ҷой доранд. Мо гӯем: Сифатҳое, ки андар худи доруҳоанд, баъзеи онҳо кайфиятҳои чаҳоргонаи маълум, баъзеяшон бӯйҳо ва рангҳо ва баъзеяшон сифатҳои дигари машҳуреанд, ки аз ҷумлаи онҳо латифию зичӣ, часпакӣ, резонакӣ, яхбастагию равонӣ, луобият, равғаният, обкашӣ, сабукию гаронӣ ба шумор бираванд.
Доруи латиф доруи дорои чунин хусусият аст, ки чун аз қувваи табиии андар мо буда мунфаил бигардад, андар баданҳои мо ба ҷузвҳои ниҳоят хурд тақсим хоҳад

шуд. Масалан, заъфарон ва дорчинӣ чунинанд. Ин гуна дору андар ҳамаи таъсироти хеш ва ҳатто андар хушконидани худ, ки ҳарчанд сӯзиши он ба андозаи [сӯзиши] хушксозии чизи қавии сӯзанда намерасад, беш аз ҳама судманд аст.
Доруи зич гуфта, мо чизеро бихоҳем, ки чунин хусусият надошта бошад. Масалан, каду ва гаҷ чунинанд.
Доруи часпак ин доруест, ки хусусияти он билфеъл ё ба қувваи ба феъл оянда чунин аст: он ҳангоми таъсири гармии модарзодӣ ба сурати овезон аз ҳам кашидашавӣ бипазирад ва ҳарчанд ки кашида шавад, бурида нагардад. Ин доруест, ки агар ду тарафи он ба ду ҷисми аз ҳам дуршаванда бичаспанд, ҳамроҳи онҳо бидуни он ки аз миён бурида шаванд, ҳаракат хоҳанд кард. Масалан, ангубин чунин аст.
Доруи резонак доруест, ки баробари хушк ва сахт будан зери фишори андак ба ҷузъҳои хурд пора шавад. Чунончи, сабри хуб чунин аст.
Доруи яхбаста доруест, ки чунин хосият дорад: он ба гунаест, ки ҷузъҳояш аз кадом вазъе фарз карда нашаванд, майл ба густариш доранд, вале ба сабаби ниҳоят сард бар шакл ва вазъи хеш билфеъл устувор бимонад. Чунончи, мум ҳамин тавр бувад. Умуман, ин доруест ки хусусияти равон шудан дорад, вале билфеъл ғайри равон бошад.
Доруи равон доруест, ки агар бар фарози ҷирми сахт қарор бигирад, бар шакл ва вазъи хеш устувор нахоҳад монд, балки ҷузъҳои забарини он ба сӯи [ҷузъҳои] зерин ба ҷиҳатҳое, ки онҳоро бад-он сӯй ҳаракат кардан мумкин аст, ҳаракат кунанд. Чунончи, ҳамаи доруҳои моеъ чунин буванд.
Доруи луобӣ доруест, ки чунин хусусият дорад: агар онро андар об ва ё андар ҷисми обакӣ тар созанд, аз он ҷузвҳое ҷудо бигарданд, ки бо он тарӣ биомезанд ва гавҳари чизи аз ин ду фароҳамомада ба часпакӣ бигарояд.
Мисоли ин тухми аспғул ва хитмӣ бувад. Тухмҳои луобӣ ба сабаби лағжишфизоӣ исҳол оваранд, вале агар онҳоро бирён кунанд, луобияташон ба часпакӣ баргашта, боиси бастагӣ хоҳанд шуд.
Доруи равғанӣ доруест, ки андар гавҳари он чизе аз равған ҷой дорад. Чунончи, донагиҳо чунин буванд.
Доруи обкашанда доруи хушки билфеъл хокист. Хусусияти он чунин аст, ки агар об ва тариҳои равоне бадон дучор оянд, об андар он фурӯ рафта, андар гузаргоҳҳои он ба таври ноаён чунон бигзарад, ки нанамояд. Мисоли ин оҳаки ношукуфта бувад.
Доруҳои сабук ва гарон: ҳоли онҳо зоҳир аст.
Аммо феълҳои доруҳо: боистӣ машҳуртаринҳои онҳоро бар асоси шартҳои ёдшуда баршумарем ва сипас расму шарҳи номҳои онҳоро боистӣ биоварем.
Як табақа [аз доруҳо, ки онҳоро чунин] гӯянд: доруи гармиовар; латифкунанда; ҳалкунанда; тез; дуруштсозанда; кушоянда; ковоккунанда; пазонанда; кашанда; буранда; гуворанда; шиканандаи бод; сурхкунанда; хоришоваранда; решкунанда; хӯранда; сӯзонанда; газанда; аз ҳам резонанда; гандонанда; доғниҳанда ва пӯстбозкунанда.
Табақаи дигар: [доруи] сардифизо; қавикунанда; пасгар донанда; ситабркунанда; хомиоваранда ва карахткунанда.

пешина
аз 1215
навбатӣ