Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

таълими дуввум АНДАР БАЁНИ РУКНҲО, ки он иборат аз як фасл аст
Рукнҳо ҷисмҳои содаеанд, ки онҳо ҷузъҳои нахустини тани мардум ва ғайри он буда, мумкин нест ба ҷисмҳои гуногунсурат тақсим гарданд ва онҳо ҳамон [чизҳоеанд], ки мураккабот бад-онҳо тақсим шаванд. Аз омезиши онҳо навъҳои гуногуни бошандагон падид оянд. Пас, пизишк бояд аз [худованди илми] табиӣ ба боварӣ бипазирад, ки онҳо фақат чаҳор рукнанд – ду аз он сабук ва дуи дигар гарон.
Ду сабук оташу бод аст ва ду гарон – хоку об.
Хок ҷирми сода буда, ҷойгоҳи табиии он миёнаи ҳамагон аст ва андар он ҷой ба табъ истодааст. Ҳар гоҳ аз он ҷой дур бигардад, ба табъ бад-он сӯй ба ҳаракат ояд. Ин вазни мутлақи он бувад. Хок андар табъ сарди хушк аст. Яъне табъи он чунин табиатест, ки агар ба табиати хеш ва бадон чи ки вайро воҷиб аст, гузошта шавад ва ягон сабабе аз берун онро дигаргуна насозад, аз он сардии ҳисшаванда ва хушкӣ ҳамеша падид оянд. Вуҷуди хок андар бошандагон вуҷудест, ки бахшандаи худнигоҳдорӣ, устуворӣ ва шаклҳову ҳайатҳоро нигоҳ доштан бувад.
Об ҷирми сода буда, ҷойгоҳи табиии он – агар хоку об андар ҷойгоҳи табиии хеш бошанд – чунин аст, ки боистӣ гирди хокро бигрифта ва худ бо бод пӯшида бошад. Ин вазни изофии он бувад. Об сарди тар аст. Яъне табъаш чунон аст, ки агар бо он чи ки варо воҷиб аст, гузошта шавад, агар сабабе аз берун ба вай дучор наояд, аз он сардии ҳисшаванда ва ҳолате падид ояд, ки тарӣ бувад. Тарӣ ин андар сиришти худ ба тавре будани об аст, ки бо андак сабабе аз ҳам бигсилад, ба ҳам ояд ва ҳар гуна шакле, ки набошад, бипазирад, вале (6) онро [дер] нигоҳ надорад. Вуҷуди он андар бошандагон аз барои равонии ҳайатҳоест аз қабили шаклгирӣ, нақшпазирӣ ва ба эътидолоӣ, ки барои ҷузъҳои он

ҳо хоста шаванд. Чунки [чизи] тар ҳарчанд ҳайатҳои шаклиро ба осонӣ тарк кунад ҳам, вале онҳоро ба осонӣ мепазирад. Чунон ки [чизи] хушк ҳарчанд ҳайатҳои шаклиро ба душворӣ бипазирад, вале онҳоро низ ба душворӣ раҳо кунад.
Ҳар гоҳ [чизи] хушк бо чизи тар биомезад, хушк аз тар ба осонӣ дарозшавию шаклпазириро биситонад ва тар аз хушк ба таври устувор нигоҳ доштани қивомёбию муътадилгардиеро биситонад, ки андар вай падид оянд. Хушк бо ёрии тар аз рехташавӣ раҳо ёфта, ҷамъ бигардад ва тар бо ёрии хушк аз равонӣ [боз монда], худро нигоҳ дорад.
Аммо бод бошад, ҷирми содаест, ки ҷойгоҳи табиии вай бар фарози об асту андар зери оташ. Ин сабукии изофии вай бувад. Табъи бод ба қиёси он чи ки гуфтем, гарм ва тар аст.
Вуҷудаш андар бошандагон аз барои ковок, тунук ва сабук сохтан ва ба ҳаво бардоштани онҳост.
Оташ бошад, ҷирми содаест, ки ҷойгоҳи табиии он бар фарози ҳамаи ҷирмҳои унсурист ва макони табиии он сатҳи фурӯрафтаи гардунест, ки ба наздики он кавну фасод поён пазирад. Сабукии мутлақи он ҳамин бувад. Табиати оташ гарми хушк аст. Вуҷуди он андар бошандагон боиси пухтагӣ ва тунукӣ бигардад. Оташ бо унсурҳо омезиш ёфта, аз тариқи гузарондани гавҳари бодӣ андар онҳо ҷорӣ гардад, кайфияти хунуки ду унсури гарони сардро шиканад, то ки он ду аз [ҳоли] унсурӣ ба [ҳоли] омехтагӣ бигарданд.
Ду унсури гарон андар кавн ва оромиши андомҳо беш аз ҳама ёрӣ диҳанд ва ду унсури сабук андар будиш ва ҷунбиши рӯҳҳо ва андар ҳаракат намудани андомҳо, ҳарчанд муҳаррики нахустин нафс аст, ёридиҳанда буванд. Ин буд рукнҳо.

таълими севвум
АНДАР БАЁНИ МИЗОҶҲО,
ки аз се фасл иборат аст
Фасли нахустин
андар баёни мизоҷ

Мизоҷ кайфиятест, ки аз ҳамтаъсирии кайфиятҳои ба ҳам зид андар унсурҳои ҷузъҳояшон хеле хурд падид ояд, то ки аз ҳар яки онҳо миқдори бештаре ба миқдори бештари дигари он совида шавад. Агар бо қувваҳои худ баъзеи онҳо ба баъзеи дигар таъсир намоянд, аз маҷмӯи онҳо кайфияте падид ояд, ки ба ҳамаи онҳо монандӣ дорад. Ин мизоҷ бувад.
Азбаски қувваҳои аввалӣ андар рукнҳои ёдшуда чаҳортоанд – гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкӣ, пайдост, ки мизоҷҳо андар ҷисмҳои бошандаву табаҳшаванда аз онҳо падид омадаанд. Ин ба ҳасби он чи ки тақсими ақлӣ ба воситаи назари мутлақ ва аз ғайри изофа ба чизе воҷиб бидорад, бар ду рӯй бувад. Яке аз ду рӯй ин аст, ки мизоҷ мумкин аст муътадил бошад, яъне бад-ин гуна, ки миқдорҳои кайфиятҳои ба ҳам зид андар чизи омехта баробар ва ҳаммуқовимат оянд ва ба таҳқиқ мизоҷ андар миёни онҳо кайфияти миёна бувад. Ваҷҳи дуввум ин аст, ки мизоҷ мумкин аст андар миёни кайфиятҳои ба ҳам зид [ҳадди] миёнаи мутлақ набуда, балки ё андар яке аз ду ҷуфти ба ҳам зид, ки онҳо гармию сардӣ ва хушкию тарианд ва ё андар ҳар дуи онҳо ба яке аз ду сӯ бештар бигарояд. Лекин андар синоати тиб барои эътидол ва берун шудан аз эътидол на ин ба эътибор гирифта шавад ва на он, балки пизишкро воҷиб аст аз худованди илми табиӣ чунин мусаллам дорад:
муътадил ба ин маъно аз ҷумлаи чизест, ки аслан бояд вуҷуд надошта бошад, чи ҷои он ки мизоҷи мардум ва ё андоми мардум [муътадил] бошад; бояд бидонад, ки муътадиле, ки пизишкон андар мавзӯъҳои мавриди баҳси худ ба кор бибаранд, он на аз «таодуле» иштиқоқ шудааст, ки [маънои] вай баробарвазнист, балки аз «адл» (баробарӣ) ан дар қисмат иштиқоқ шудааст.

пешина
аз 1215
навбатӣ