Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми ин гуна [қисмат] омехтаро, ки он хоҳ тамоми тан бошад, хоҳ ягон андоме, ҳамон бахше аз унсурҳо бо камияту кайфияти хеш арзонӣ шудааст, ки бояд ба муътадилтарин қисмату нисбат андар мизоҷи мардум бошад.
Лекин шояд чунин ҳам рӯй диҳад, ки ин қисмате, ки бар мардум арзонӣ гардидааст, ба [ҳолати] муътадили ростинии нахустин ниҳоят наздик бошад.
Ин эътидолро, ки [8] ба ҳасби баданҳои мардум ба эътибор гирифта шудааст, низ дар муқоиса ба ғайри [инсон], яъне ба чизҳое, (7) ки дорои чунин эътидол нестанд ва на чун инсон ба эътидоли андар ваҷҳи якум ёдшуда наздикӣ доранд, ҳашт намуд эътибор падид ояд:

  1. ё ба ҳасби навъ бо муқоиса ба чизҳои гуногуне, ки берун аз [навъ] бошанд; 2) ё ба ҳасби навъ бо муқоиса ба чизҳои гуногуне, ки андар ин [навъ] ҷой доранд; 3) ё ба ҳасби синфи навъ бо муқоиса ба чизҳои гуногуне, ки берун аз ин [синф] ва дохил андар навъи онанд; 4) ё ба ҳасби синфи навъ бо муқоиса ба чизҳои гуногуне, ки андар ин [синф] дохиланд; 5) ё ба ҳасби шахси синфи навъ бо муқоиса ба чизҳои гуногуне, ки берун аз шахсу вале дохил андар синфу навъи онанд; 6) ё ба ҳасби шахс бо муқоиса ба ҳолатҳои гуногуни худи он; 7) ё ба ҳасби андом бо муқоиса ба чизҳои гуногуне, ки берун аз ин андом, вале дохил андар тани онанд; 8) ё ба ҳасби андом бо муқоиса ба ҳолатҳои [гуногуни] худи ин андом.
    Бахши якум эътидолест, ки он мардумро андар қиёс ба соири бошандагон бувад. Ин чизест, дорои паҳноӣ буда, маҳдуд ба ягон ҳадде нест ва на низ ҳар гунае иттифоқ афтодааст, балки андар ифроту тафрит онро ду ҳадд буда, агар аз ин [ду ҳадд] берун ояд, мизоҷ аз мизоҷи одамӣ будан бекор хоҳад шуд.
    Бахши дуввум бошад, андар миёни ду тарафи ин мизоҷи паҳн миёнҷист ва он андар шахсе вуҷуд дорад, ки андар ғояти эътидол буда, аз синфест, ки андар ғояти эътидол аст [ва] андар синнест, ки болиши он ба ғояти худ расида бошад. Ин низ ҳарчанд эътидоли ростинии андар оғози фасл ёдшуда нест, то вуҷудаш номумкин бошад, вале аз он [қисми эътидолест], ки вуҷудаш камёфт бувад. Ин инсон низ ба ин эътидоли ростинии ёдшуда на ҳар тавре, ки иттифоқ афтод, наздик шавад. Балки аз роҳи ба ҳам мувофиқ омадани андомҳои гарм чун дил, андомҳои сард чун мағз, андомҳои тар чун ҷигар ва андомҳои хушк чун устухонҳо [наздикӣ пайдо хоҳад кард]. Чун [инҳо] ҳамвазнию баробарӣ пайдо кунанд, ба эътидоли ростинӣ наздик хоҳад шуд.
    Аммо ба эътибори ҳар андоме андар нафси худ ҷуз як андоми муътадил нахоҳад буд ва он, чунонки баъд тавсиф хоҳем кард, пӯст бувад.
    Аммо андар қиёс ба рӯҳҳо ва ба андомҳои сарвар мумкин нест, ки [тан] ба ин эътидоли ростинӣ наздикӣ пайдо кунад, балки аз он берун рафта, рӯ ба сӯи гармӣ ва тарӣ ниҳад. Ба ростӣ, сарчашмаи зиндагӣ дил ва рӯҳ аст ва ҳар ду ниҳоят гарми моил ба ифротанд. Зиндагӣ ба гармисту болиш ба тарӣ. Гузашта аз ин, гармӣ ба миёнҷии тарӣ истода бигардад ва аз он ғизо бигирад.

Андомҳои сарвар, чунонки сипас баён хоҳем кард, сетоанд. Аз ҷумла андоми сард яктост ва он мағз бувад. Сардии он на ба ҷое бирасад, ки муодили гармии дилу ҷигар бошад. Андоми хушк ва наздик ба хушкӣ аз ин ҷумла яктост ва он дил буда, хушкии он на ба дараҷае бирасад, ки тарии мағзу ҷигарро муодил бошад ва на низ мағз бад-он [сардӣ] сард ва на дил бад-он [хушкӣ] хушканд, балки дил андар қиёс ба ду [андоми сарвари] дигар хушк ва мағз андар қиёс ба ду [андоми сарвари] дигар сард буванд.
Аммо бахши севвуми [эътидол] андар паҳноӣ тангтар аз бахши нахустин аст, яъне [тангтар] аз эътидоли навъӣ буда, вале дорои паҳноии мувофиқ аст. Он мизоҷи муносиби яке аз мардумонест, ки ба ҳасби муқоиса ба яке аз иқлимҳо ва ба яке аз обу ҳавост. Ба дурустӣ ҳиндуҳоро мизоҷест, ки шомили ҳамаи эшон буда, бад-он тандуруст бошанд ва сақлобиёнро мизоҷи дигаре буда, бад-он тандурустанд. Ҳар яке аз ин ду қавм андар қиёс ба синфи худ муътадил ва андар қиёс ба [синфи] дигар ғайри муътадил буванд. Тани ҳиндӣ агар сифати мизоҷи сақлобиро бигирад, бемор гардад ва ё ба ҳалокат бирасад ва ҳоли тани сақлобӣ, агар ба сифати мизоҷи ҳиндӣ бидарояд, низ чунин бошад. Пас, чунин бармеояд, ки ҳар яке аз синфҳои бошандагони [бахши] маъмураи [заминро] мизоҷи хоссест, ки мувофиқ ба ҳавои иқлими он бувад. Ин [мизоҷ] дорои паҳноӣ буда, паҳноии инро ду тараф аст – ифрот ва тафрит.
Бахши чаҳорум андар миёни ду тарафи паҳноии мизоҷи иқлим миёнҷист ва он муътадилтарини мизоҷҳои ин синф бувад.
Бахши панҷум тангтар аз бахшҳои якум ва севвум аст ва он мизоҷест, ки бояд шахси муайянро бошад. Ин [мизоҷро] низ паҳноиест, ки бо ду тараф – ифроту тафрит маҳдуд бувад. (8) Бояд бидонӣ, ки ҳар як шахс сазовори мизоҷи ба худ хосе аст, ки он нодир бувад ва ё мумкин нест каси дигар андар он ҳамтои ӯ бошад.
Аммо бахши шашум бошад, низ андар миёни ин ду марз миёнҷист ва он мизоҷест, ки агар шахсро ҳосил гардад, бар беҳтарин [эътидоле] бирасад, ки ӯро сазовори бар он [эътидол] будан аст.
Бахши ҳафтум мизоҷест, ки бояд навъи ҳар як андоме аз андомҳоро бошад ва ба ёрии он [навъи як андом] аз ғайри хеш фарқ кунад. Ҳароина эътидоле, ки устухонҳорост, ин аст, ки бояд бахши хушк андар онҳо ҳар чи бештар бошад, [эътидоле], ки мағзрост, ин аст, ки бояд онро бахши тар ҳар чи бештар бошад, [эътидоле], ки дилрост, ин аст, ки бояд онро бахши гарм ҳар чи бештар бошад ва [эътидоле], ки асаброст, он аст, ки бояд онро бахши сард ҳар чи бештар бошад. Ин мизоҷро низ паҳноест, ки маҳдуд ба ду тараф – ифроту тафрит аст ва ин камтар аз он паҳноест, ки андар мизоҷҳои пешин ёд шуданд.
Бахши ҳаштум бошад, воситаест андар миёни ин ду марз ва он мизоҷе бувад, ки агар андомро ҳосил гардад, вай бар беҳтарин [эътидоле] бирасад, ки вайро боистӣ.
Пас, ҳар гоҳ навъҳоро ба эътибор бигирӣ, наздиктари онҳо ба эътидоли ростинӣ мардум аст, агар синфҳоро ба эътибор бигирӣ, ба таҳқиқ назди мо чунин дуруст гаштааст, ки агар андар ҷойгоҳе баробар ба муаддалу-н-наҳор ободие будӣ ва аз сабабҳои заминӣ, чун кӯҳҳову дарёҳо, ягон чизе халал нарасонидӣ, андар ин ҳол боистӣ бошандагони ин [ободӣ] наздиктарини синфҳо ба эътидоли ростинӣ бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ