Қонуни тиб

Агар дорои сабабҳо ва мабдаъҳо набошад, аз роҳи шинохтани аразҳо ва чизҳои лозимаи зотии он ҳосил шавад.
Лекин сабабҳо бар чаҳор синфанд – моддӣ, фоилӣ, сурӣ ва ғоявӣ. Сабабҳои моддӣ ашёи вазъшудаеанд, ки тандурустию беморӣ андар онҳо қивом ёбанд. Аммо вазъи аз ҳама наздик андом ва ё рӯҳ бувад. Вазъи аз ҳама дур хилтҳо ва аз он ҳам дуртар рукнҳост. Ин ду ба ҳасби таркиб, ҳарчанд [таркиб] ҳам бо дигаргунӣ ҳамроҳ аст, мавзӯъ буванд. Ҳар чизе, ки ҳамин гуна вазъ шуда бошад, андар таркибу дигаргуншавии хеш ба сӯи ваҳдате равона аст. Он ваҳдат андар ин ҷойгоҳ, ки ба бисёрӣ бипайвандад, ё мизоҷ бувад ва ё ҳайат. Аммо мизоҷ бошад, ба ҳасби дигаргуншавӣ ва ҳайат бошад, ба ҳасби таркибанд.
Сабабҳои фоилӣ аз қабили ҳавоҳо ва чизҳои ба онҳо алоқаманд, хӯрданиҳо, обҳо, ошомиданиҳо ва чизҳои ба онҳо вобаста, истифроғ, иҳтиқон (боздошташавӣ), шаҳрҳо, бошишгоҳҳо ва чизҳои ба онҳо алоқаманд, ҳаракатҳову сукунатҳои баданию нафсонӣ, ҳама сабабҳоеанд, ки ҳолатҳои тани мардумро бигардонанд ва ё нигоҳ доранд. Хоб, бедорӣ, дигаршавию гуногунии синҳо, ҷинсҳо, пешаҳову хӯйҳо ва чизҳои ба тани инсон воридшуда, ки ба тан расидагӣ дошта, ё ғайри мухолифи табиатанд ва ё мухолифи табиат, низ аз ҷумлаи [сабабҳои фоилӣ] буванд.
Аммо сабабҳои сурӣ мизоҷҳо, қувваҳои баъди мизоҷҳо падидомада ва таркибҳоанд.
Сабабҳои ғоявӣ феълҳоянд. Андар зимни маърифати феълҳо, чунон ки баён хоҳем кард, ночор маърифати қувваҳо ва маърифати рӯҳҳои ҳомили қувваҳо ҷой доранд.
Ин буд мавзӯъҳои синоати тиб аз он ҷиҳат, ки он чӣ гуна тандуруст будан ва чӣ гуна бемор шудани тани мардумро омӯзад. Аммо аз ҷиҳати ғояти ин баҳс, яъне аз ҷиҳати нигоҳ доштани тандурустӣ ва бартараф намудани беморӣ бошад, ин [синоатро] воҷиб аст, ки ба ҳасби сабабҳои ин ду ҳолат ва афзорҳои онҳо мавзӯъҳои дигаре бошанд. Сабабҳои он тадбири хӯрданиву ошомиданӣ, ихтиёри ҳаво, муайян кардани миқдори ҳаракату сукун ва бо дору ва бо даст дармон намудан буванд, ки ҳамаи ин назди пизишкон ба ҳасби се гурӯҳ аст: тандурустон, беморон ва миёнаҳолоне, ки эшонро ёд намуда, нишон хоҳем дод, ки чӣ гуна андар миёни ду гурӯҳ, ки ба ҳақиқат миёни ин ду воситае нест, миёна ба шумор раванд.
Чун ин баёнотро тафсил додем, акнун моро чунин [маънӣ] ҳосил шуд, ки тиб оид ба рукнҳо, мизоҷҳо, хилтҳо, андомҳои содаву мураккаб, рӯҳҳо ва қувваҳои табиӣ, ҳайвонӣ ва нафсонии онҳо, феълҳо, ҳолатҳои дурустӣ, беморӣ ва миёнгини тан ва сабабҳои онҳо аз қабили хӯрданиҳову ошомиданиҳо, ҳавоҳо, обҳо ва шаҳрҳо, бошишгоҳҳо, истифроғу иҳтиқон, пешаҳову хӯйҳо, ҳаракатҳои баданию нафсонӣ, сукунатҳо (5), синҳову ҷинсҳо, чизҳои бегонаи ба тан ворид
шуда, тадбири хӯрданиҳову ошомиданиҳо, ихтиёри ҳаво, таъйини андозаи ҳаракатҳову сукунатҳо, барои нигоҳ доштани тандурустӣ ва муолаҷаи ҳар як беморӣ ба кор бурдани доруҳову дасткориҳо баҳс кунад.
Бархе аз ин умур чунон аст, ки пизишк, аз он ҷиҳат, ки пизишк аст, бояд фақат моҳияти онҳоро ба таври илмӣ тасаввур намуда, вуҷудияти онҳоро бинобар он тасдиқ намояд, ки онҳо аз тарафи худованди илми табиӣ вазъшудаи мақбул аст. Бархе дигар пизишкро лозим медорад андар синоати хеш бар онҳо бурҳон оварад. Он чи ки аз инҳо ҳамчун мабдаъҳост, лозим меояд, ки вуҷудияти онҳоро ба тақлид бипазирад. Зеро мабдаъҳои илмҳои ҷузъӣ мусаллам буда, онҳо андар илмҳои дигар, ки пештар [аз илмҳои ҷузъиянд], ба исбот мерасанд. Ҳамин тариқ, мабдаъҳои илмҳо зина ба зина боло рафта, ҳамаашон то ба фалсафаи нахустин, ки онро «илми мо баъда-т-табиа» хонанд, рафта мерасанд. Агар бархе аз ҳаводорони тиб [ба баҳс] пардохта, андар исботи мизоҷ, унсурҳо ва ҳар чӣ, ки баъди онҳо омада, аз ҷумлаи чизҳоеанд, ки барои [тиб] аз илми табиӣ вазъ шудаанд, гуфтугӯ намояд, аз он чиҳат ба хато хоҳад рафт, ки андар синоати тиб чизи аз вай набударо ворид созад [7] ва [низ] аз он ҷиҳат ғалат хоҳад кард, ки ӯ гумон дорад чизеро равшан намудааст, ҳол он ки дар воқеъ он норавшан мондааст.
Як қисм аз ашё, ки пизишк бояд моҳиятан онҳоро тасаввур намуда, ба тақлид бипазирад, чизҳоеанд, ки вуҷуди онҳо ба пурсиши «оё ҳаст?» маълум намегардад ва онҳо аз ин ҷумлаанд: рукнҳо, ки оё онҳо вуҷуд доранд ва чандто мебошанд; мизоҷҳо, ки оё онҳо ҳастанд ва чандтоанд; хилтҳо, ки оё онҳо ҳастанд ва агар бошанд, чанд ва чӣ гунаанд; қувваҳо, ки оё ҳастанд ва агар бошанд, чанд ва андар куҷоянд; рӯҳҳо, ки оё онҳо ҳастанд ва агар бошанд, чанд ва андар куҷоянд; тағйир ва суботи ҳар як ҳолатро оё асбобе ҳаст ва сабабҳо чанданд. Аммо андомҳо ва манфиатҳои онҳо бошанд, бояд бо ҳис ва ташреҳ дарёфта шаванд.
Чизҳоеро, ки бояд пизишк тасаввур намуда, бо бурҳон исбот намояд, ин бемориҳо, сабабҳои ҷузъӣ ва нишонаҳои онҳо, чӣ гуна бартараф намудани беморӣ ва нигоҳ доштани тандурустӣ буванд. Пизишкро лозим аст ба ҳар чӣ аз инҳо, ки пинҳонӣ вуҷуд дорад, аз роҳи тафсил додан ва муайян сохтани андозаю вақти он бурҳон биоварад.
Ҷолинус ҳарчанд кӯшидааст, ки барои бахши якум бурҳон иқома кунад, вале ин кӯшиш ӯро на аз он ҷиҳат воҷиб аст, ки ӯ пизишк буд, балки аз он ҷиҳат воҷиб аст, ки ӯ файласуф буда, андар хусуси илми табиӣ сухан рондааст. Чунончи, фақеҳ агар бикӯшад, ки дурустии воҷиб будани мутобиати иҷмоъро исбот намояд, ин кӯшиш ӯро на аз он ҷиҳат бувад, ки ӯ мутакаллим аст. Лекин пизишк аз ҷиҳати он ки пизишк аст ва фақеҳ аз ҷиҳати он ки фақеҳ, мумкин нест, ки бар он чизҳо бурҳон оваранд, вагарна давр воқеъ хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё