Қонуни тиб

КИТОБИ аввал
андар умури
ҳамагонии пизишкӣ
Фанни нахустин
АНДАР БАЁНИ
ҲАДДИ ТИБ ВА МАВЗӮЪҲОИ ОН, КИ
АНДАР УМУРИ ТАБИИЯНД
таълими аввал
АНДАР ҲАДД ВА МАВЗӮЪҲОИ ТИБ,
ки аз ду фасл иборат аст
Фасли нахустин
АНДАР БАЁНИ ҲАДДИ ТИБ
Ман гӯям: Ба дурустӣ тиб илмест, ки аз он ҳолатҳи тани инсонро аз ҷиҳати солим ва носолим будани он бишиносанд, то ки тандурустӣ андар ҳоли будан нигоҳ дошта шаваду андар ҳоли аз даст рафтан баргардонда. Шояд шахсе гӯяд: «Тиб ҳароина ба назарӣ ва амалӣ тақсим шавад, вале шумо бошед, ҳамаи онро назарӣ ҳисобидед, зеро гуфтед, ки «он ба дурустӣ илм аст?» Он гоҳ мо андар посухи ӯ бигӯем: Ба ростӣ гуфтанд, ки баъзе синоатҳо назарист ва баъзе амалӣ, баъзеи фалсафа назарист ва баъзеи он амалист ва [низ] гуфтаанд, ки баъзеи тиб назарӣ ва баъзеи он амалист. Вале мурод аз лафзи «назарӣ» ва «амалӣ» андар ҳар як аз ин қисмҳо чизи дигарест, ки акнун ҳоҷат нест [маънои] муроди андар онҳо ҷойдошта, ба ҷуз ихтилофе, ки оид ба тиб аст, баён карда шавад.
Ҳар гоҳ бигӯянд, ки қисме аз тиб назарист ва қисме амалӣ, набояд чунин пиндорӣ, ки муроди эшон аз ин он будааст, ки як бахши тиб аз омӯхтани илм иборат асту бахши дигари он аз бевосита амал намудан, чунон ки гумони бисёре аз ҷӯяндагон ба ҳамин сӯй лағжидааст, балки бар ту воҷиб аст бидонӣ, ки мурод аз он чизи дигаре буда ва он ин аст, ки ҳар як аз ду бахши тиб ба ҷуз илм чизе нест, лекин якеи он илми аслҳост ва дигарӣ илми оид ба чигунагии амал намудан. Сипас ба нахустини ин ду исми «илм» ва ё исми «назар»-ро хос гардонданд ва ба дигарӣ исми «амал»- ро.
«Бахши назарӣ» гуфта, мо [6] чизеро дар назар дорем, ки омӯзиши он фақат ифодакунандаи эътиқод аст, аз ғайри он ки чигунагии амал баён карда шавад. Масалан, андар тиб гуфтаанд, ки табҳо се синфанд ва мизоҷҳо нуҳто. «Бахши амалӣ» гуфта, на феълан [худи] амалро дар назар дорем ва на мурод аз он ҳаракатҳои баданист, балки бахши дигаре аз илми тиб манзури мост, ки омӯзиши он раъйеро ифода кунад ва он раъй ба чигунагии амал вобаста бувад.
Масалан, андар тиб гуфта шавад, ки бар омосҳои [мизоҷан] гарм нахуст бояд чизе гузошт, ки [моддаро] пас гардонад, сарду ситабр созад, сипас баъди он бо доруҳои пасгардонанда доруҳои нармкунанда омехта гузошта шаванд ва ба охир баъди пурра паст шудан фақат ба [истеъмоли] до
руҳои нармкунандаи ҳалкунанда иктифо кунанд, вале ҳангоми омосҳое, ки ба сабаби моддаҳои аз андомҳои сарвар хориҷшаванда падид оянд, чунин нахоҳанд кард.
Пас, ин омӯзиш бароят раъйеро ифода кунад, ки он баёни чигунагии амал кардан бувад. Чун ту ин ду бахшро бидонӣ, туро илми назарӣ ва илми амалӣ, ҳарчанд амал накунӣ [ҳам], ҳосил хоҳад шуд.
Инчунин дуруст нест, ки агар касе гӯяд: «Ҳолатҳои тани мардум аз се қисм иборат аст – тандурустӣ, беморӣ ва на дурустиву на беморӣ. Ту бошӣ бар ду бахш иктифо намудӣ». Ба таҳқиқ ин гӯянда агар андеша кунад, ҳеҷ як аз ду амри [зеринро] воҷиб дарнамеёбад: на ин тақсими сегона ва на ин эътирози моро. Баъд, агар ин тақсими сегона воҷиб бошад, андар ин ҳол гуфтаи мо, ки «аз даст рафтани тандурустӣ» аст, ҳам беморӣ ва [ҳам] ҳолати севвумро, ки зӯран сохтаанд, дар бар гирад. Ин [ҳолати севвумро] на ҳадди тандурустист, (4) ки он дорои [малака] ва ё ҳолатест, ки аз он феълҳои мавзӯъ некӯ содир бигарданд ва на зидди ин ҳадро дорост. Магар ин ки тандурустиро ҳар гунае, ки хоҳанд, ҳад гузоранд ва дар он шартҳоеро пеш гиранд, ки мавриди ниёзи эшон нестанд. Баъд, бо пизишкон андар ин амр ҷои муноқаша нест ва эшон низ аз ҷумлаи касоне нестанд, ки андар ин маврид муноқаша бикунанд. Ин муноқаша эшон ва ё мухолифони эшонро андар тиб суде надорад. Аммо шинохтани ҳақиқати он бошад, аз қабили чизҳоест, ки ба аслҳои синоати дигар шоистагӣ дорад.
Фасли дуввум
АНДАР МАВЗӮЪҲОИ ТИБ
Модом ки тиб тани мардумро аз ҷиҳати солимӣ ва носолимии он омӯзад ва донистани ҳар чизе ҳангоме ҳосил шуда, тамомият ёбад, ки агар дорои сабабҳое бошад, бояд аз
тариқи сабабҳояш дониста шавад, пас, воҷиб аст андар тиб
сабабҳои тандурустӣ ва беморӣ дониста гарданд. Азбаски
тандурустию бемориҳои буда на ба ҳис, балки бо ёрии
огоҳӣ пайдо кардан аз аразҳо дарёфта шаванд, бинобар ин,
андар тиб бояд аразҳое низ дониста шаванд, ки дар тандурустӣ ва беморӣ рӯй диҳанд. Андар илмҳои ҳақиқӣ баён шудааст, ки илми шайъ аз роҳи донистани сабабҳо ва маб даъҳои он, агар дорои онҳо бошад, ҳосил гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё