Қонуни тиб

Ба номи Худои бахшандаи меҳрбон
Ҳамду сано бод Худойро ба ҳадде, ки шоистаи баландии мақом ва эҳсони саршори Ӯ бошад! Дуруд бар пайғамбари баргузидаи Ӯ – Муҳаммад ва бар хонадон ва ёрони поки ӯ!
Ва баъд... бархе аз бародарони покниҳоди ман, онҳое, ки ёрӣ расонданашон ба қадри тавоноӣ бар ман воҷиб аст, хоҳиш намуданд, то андар тиб китобе тасниф кунам, ки шомили қонунҳои ҳамагонию ҷузъии он буда, ба тарзе бошад, ки шарҳро бо ихтисор ва ҳарчӣ беҳтар адо кардани ҳаққи баёнро бо эъҷоз як ҷо ҷамъ созад. Бинобар ин, андар ин матлаб ба эшон дасти ёрӣ дароз карда, қарор додам, ки нахуст андар умури умумии куллии ҳар ду бахши тиб, яъне бахши назарӣ ва бахши амалӣ, сухан ронам, баъди он андар хусуси куллиёти аҳкоми қувваҳои доруҳои сода, сипас андар хусуси ҷузъиёти онҳо ва ниҳоят, андар хусуси бемориҳои ҳар як андом гуфтугӯ намуда, нахуст аз [зикри] ташреҳи он андом ва суди он оғоз кунам. Аммо зикри ташреҳи андомҳои танҳои сода ва манфиатҳои онҳоро андар китоби нахустини [оид ба умури] куллӣ бояд овард.
Чун аз ташреҳи ин андом фориғ шавам, андар бештари ҷойҳо аз далолат ба чигунагии нигаҳ доштани тандурустии он андом сар намуда, сипас ба таври мутлақ нишонаҳои умумии бемориҳои он, сабабҳои ин бемориҳо ва роҳҳои шинохтани онҳо ва инчунин ба таври ҳамагонӣ роҳҳои муолаҷаи онҳоро нишон хоҳам дод. Чун аз ин умури куллӣ фориғ шавам, ба зикри бемориҳои ҷузъӣ гузашта, низ нахуст ба ҳукми куллии ҳадди бештари онҳо ва ба сабабҳову далелҳои онҳо роҳбарӣ намоям, баъд рӯ ба ҳукмҳои ҷузъӣ оварда, қонуни куллии муолаҷаро оварам ва сипас ба зикри муолаҷаҳои ҷузъие, ки бо доруи чи сода ва чи мураккаб сурат мегирад, ин [гуфторро] ба поён расонам. Эй омӯзанда, чунонки огоҳӣ хоҳӣ ёфт, он чи аз доруҳои сода ва манфиати онҳо, ки барои [муолаҷаи] бемориҳои қаблан оварда мешаванд, андар Китоби доруҳои сода зимни ҷадвалҳо ба кор бурдани [чунин унвонҳоро] муносиб медонам ва чун ба ин ҷо расам, ҷуз бахши каме аз онро такрор нахоҳам кард.
Суду зиён ва чигунагии омезиши он қисми доруҳои мураккабро, ки беҳтар аст андар қарободин ҷой дода шавад ва тартиб додани онро лозим медонам, дар охир ёд кардаам.
Қарор додам баъд аз фориғ шудан аз ин китоб ба [таълифи] китобе пардозам, ки низ оид ба умури ҷузъӣ буда, ба бемориҳое хос аст, ки агар ба амал оянд, ба ягон андоми муайян махсус нестанд ва низ андар он ҷой аз оростагӣ сухан ронам. Маслакам андар ин китоб низ ҳамон маслакест, ки андар китоби [умури] ҷузъии пеш аз ин [китоб] буда пеш гирифтам.
Чун ба тавфиқи (3) Парвардигор маро фориғ шудан аз ин китоб муяссар гардад, баъди он китоби қарободинро фароҳам оварам.
Ин китоб, ки бештари он бар каси муддаии ин пеша ва онро ба худ касб карда мумкин нест маълуму маҳфуз набошад, шомили камтарин чизест, ки барои пизишк зарурист ва аммо беш аз он корест берун аз ҳадди забт. Агар Худой таоло аҷалро ба таъхир андозад ва сарнавишт ёварӣ кунад, бори дигар ба ин кор камар хоҳам баст. Аммо ҳоло ин китобро фароҳам оварда, ҳамон гуна бар панҷ китоб бахш менамоям. Ӯ маро бас аст, хушо ин гуна вакил! Хушо ин гуна хоҷа ва хушо ин гуна ёрирасон!
Китоби нахустин андар баёни умури куллии илми тиб.
Китоби дуввум андар баёни доруҳои сода. Китоби севвум андар баёни бемориҳои берунию дарунии ҷузъие, ки аз сар то пой ҳар як андоми инсонро рӯй диҳанд.
Китоби чаҳорум андар баёни бемориҳои ҷузъие, ки агар воқеъ шаванд, махсус ба андоми [муайян] нестанд ва андар баёни оростагӣ.
Китоби панҷум андар баёни доруҳои мураккаб ва ин қарободин хоҳад буд.
Китоби нахустин иборат аз чаҳор фан аст: Фанни нахустин андар баёни ҳадди тиб ва мавзӯъҳои он, ки оиди умури табииянд. Фанни дуввум андар баёни ба синфҳо ҷудо намудани бемориҳо, сабабҳо ва аразҳои ҳамагонӣ; Фанни севвум андар баёни нигаҳ доштани тандурустӣ; Фанни чаҳҳорум андар баёни ба синфҳо тақсим намудани намудҳои муолиҷаҳо ба ҳасби бемориҳои ҳамагонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё