Қонуни тиб

Дастнависи Самарқанд, ки дар фонди Музеи таърихи маданият ва санъат маҳфуз буда, аз китоби I иборат аст ва соли 1703 м. китобат шудааст; 11. Дастнависи Тибилиси, ки зери аломати Ark-9 дар Фонди шарқии Институти дастнависҳои ба номи К. С. Кекелидзеи АИ ҶШС Гурҷистон маҳфуз аст. Ин дастнавис шомили китобҳои IV ва V «ал-Қонун» буда, тақрибан дар асри XIV китобат шудааст ва аз 160 варақ иборат аст [27].
Аммо бо вуҷуди ин, ҳамчунон ки ихтиёри тарҷимаи «ал-Қонун» ба забони тоҷикӣ тасодуф буд, ихтиёри нусхаи асл ҳам ба ҳукми тасодуфӣ сурат гирифт. Мо нахуст мусаввадаи тарҷимаро аз рӯи як нусхаи чопи сангии «ал-Қонун»
анҷом дода будем. Ин нусха соли 1296 ҳ. 1879 м. дар Теҳрон ба табъ расидааст ва агарчи матни он комил ва нисбатан бехатост, вале хондани хатти он бисёр пурзаҳмат мебошад. Хаттот матни онро бо хатти арабӣ чандон резаву зич навиштааст, ки тамоми «ал-Қонун»-ро бо он арзу тӯле, ки дорад, тавонистааст дар як ҷилди ҳаҷман миёна ҷой диҳад. Ҳангоми тарҷимаи «ал-Қонун» танҳо ҳамин нусха насиби мо буд ва имконият нашуд, ки аз нусхаҳои хаттӣ ва чопии дигари он истифода барем. Ҳатто аз қазо ҳамон як нусхаи хаттии дар Фонди дастнависҳо мавҷуд буда ҳам дар айёме, ки мо «ал-Қонун»-ро тарҷима мекардем, роҳи сафари Фарангистонро пеш гирифт, то дар он ҷо қудрату тавоноии илмии аҷдоди моро барои оламиён намоиш диҳад1. Гузашта аз ин, ба ҳукми тангии вақт фурсат нашуд, ки лоақал аз тариқи фотокопия он нусхаро мавриди истифода қарор диҳем, зеро фотолабораторияи Институт аз рӯи он имкониятҳои воқеие, ки дорад, нусхаи мазкурро танҳо дар зарфи ду сол метавонист фотокопия кунад, дар сурате, ки тарҷима дар муддати камтар аз якуним сол анҷом ёфтааст. Чун вазъи имконии наздик чунин бошад, аз имкониятҳои дуртар, албатта, ҷои сухан рондан нест.
Ҳамин тариқ, «ал-Қонун» аз рӯи нусхаи чопи сангии
Теҳрон тарҷима карда шуд. Ҳоло нусхаҳои дигаре аз он низ дастраси мо шудаанд: нусхаи аксии дастнависи озарӣ, нусхаи чопии нашри Булоқ ва нусхаи чопие, ки ба наздикӣ аз рӯи нусхаи Булоқ дар Бағдод ба тариқи офсет ба табъ расидааст.
Азбаски ҳаҷми китоб хеле бузург аст ва таҳвили тарҷима аз як асл ба асли дигар кори мушкилу тоқатфарсост ва азбаски ба муқояса маълум шуд, ки нусхаҳои дигар ба ҷуз хоно будан чандон фазилати бештаре надоранд, бино бар ин, ба таври қатъӣ қарор додем, ки ҳамон нусхаи чопи сангии Теҳрон ҳамчун асли тарҷима (ба истиснои китоби дуввум) боқӣ монад ва нусхаҳои дигари чӣ дастнавис ва чӣ чопӣ барои таҳқиқу такмили матни он ба кор бурда шаванд. Вале дар асоси тарҷимаи китоби дуввум матни нусхаи Булоқро қарор додем, зеро ин бахш аз «ал-Қонун» дар нусхаи мазкур назар ба нусхаи Теҳрон ва дигар нусхаҳо хеле мукаммал буда, фарқиятҳои изофии зиёде дорад.
Дар зимни тарҷима нусхаи хаттии озарӣ бо аломати шартии О, нусхаи чопии Теҳрон бо аломати Т ва нусхаи чопии Булоқ бо аломати Б ишора шудаанд.
Соли 1980 ба дархости ЮНЕСКО даҳ номгӯй аз беҳтарин дастнависҳои фонди дастнависҳои ба номи ак. А. М. Мирзоев барои намоиш ба Порис фиристода шуд, ки дар он миён нусхаи «ал-Қонун» низ буд.
Илова ба ин, ҳангоми тарҷимаи ҷилди якум мо аз як нусхаи чопи сангии дигари Теҳрон (соли нашраш 1284 ҳ. 1867 м.), ки шомили фақат китоби якум аст, истифода бурдем. Ин нусха бо аломати шартии Т2 ишора шудааст. Рақамҳое, ки дар зимни матн дар дохили қавсайни мураббаъ омадаанд, нишондиҳандаи саҳифаи нусхаи асл (Т) ва рақамҳое, ки дар дохили қавсайни ҳилолишакл омадаанд, нишондиҳандаи саҳифаи нусхаи ёридиҳанда (Б) мебошанд.
Ҳамин тариқ матни комили тарҷимаи «ал-Қонун» мувофиқи табақабандии худи муаллиф, яъне дар 5 китоб (6 ҷилд) ба табъ ҳозир карда мешавад. Азбаски китоби севвумро ба сабаби бузургии ҳаҷм дар ду қисм чоп кардан лозим меояд, бинобар ин, адади ҷилдҳо ба шаш хоҳад расид. Тартиб ва номгӯи китобҳо чунин аст:
Китоби аввал: «Андар умури ҳамагонии пизишкӣ».
Китоби дуввум: «Андар шинохтани доруҳои сода».
Китоби севвум (дар 2 қисм): «Андар бемориҳои ҷузъие, ки ҳар як андоми инсонро аз сар то пой рӯй диҳанд».
Китоби чаҳорум: «Андар бемориҳои ҷузъие, ки хосси ягон андом нестанд ва андар баёни оростагӣ».
Китоби панҷум: «Андар баёни доруҳои мураккаб»
(Қарободин).
Тарҷима ва ба нашр ҳозир кардани китоби «ал-Қонун» ифодакунандаи ҷаҳду кӯшиши бисёре аз мухлисони мероси қадимаи мост. Бинобар ин, ба изофаи гурӯҳи арабшиносони Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон боз рафиқони зерин бо маслиҳатҳои муфиди худ дар ҳалли мушкилиҳои тарҷима иштирок доштанд ва сазовори сипосгузорианд: марҳум устод Ҳасан Иброҳим Наққош, номзади илми фалсафа Комил Бекзода ва номзади илми биология Тилло Бобоев.
12 феврали с. 1984 С. Шаҳобуддинов
Бо каме эзоҳ: 2 декабри 2018

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё