Қонуни тиб

Уксолӣ: ин сиркоест, ки бо оби намак омехта бошанд.
Рузумолӣ: ин шаробест, ки аз афшураи гул бо ангубин сохта бошанд.
Поёни китоби Ал-Қонун андар тиб
Сипос мар Худойро ба оғозу анҷом ва ба ошкору ниҳон ва дуруди Худой бод бар фариштагони муқарраб ва бар паёмбарони мурсали Ӯ, хусусан бар хоҷаи мо Муҳаммади паёмбар ва хонадони эшон.
ҲАР ЯК ДАРД
ДАРМОНҲО ДОРАД
Ситоиш Худойро, ки маргу зиндагӣ офарид ва моро дар миёни ин ду мавриди озмоиш қарор дод. Дуруд бар равони поки фиристодаи Ӯ бод, ки вопасин паёми илоҳиро бе каму кост ба мардум расонид ва ҳамаро чи сиёҳу чи сафед ва чи шарқию чи ғарбӣ ба пайравӣ аз ин роҳи рост даъват намуд.
Хонандаи азиз, хоҳ табиб бошӣ, хоҳ бемор, хулосаи китоби «ал-Қонун» ин аст, ки Офаридгори бузург барои ҳар як дард чандин дармон офаридааст ва мо шаръан мукаллафем ин дармонҳоро ҷустуҷӯ кунем, дарёбем, бемориҳои худро сари вақт муолаҷа кунем, тандурустии рафтаро боз орем ва бударо нигоҳдорӣ кунем, то ин ки зиндагии озмоишии мо бе дарду бе ранҷ ва бо хушию хурсандӣ дар роҳи хайру баракати умумибашарӣ сипарӣ шавад ва мо бо хушбинии тамом ва имони комил ба саранҷоми нек ва абадӣ рӯ ба истиқболи марг равем.
Аз ин ҷо мусаллам аст, ки тиббу табобат аз таклифҳои илоҳӣ ва илми тиб аз илмҳои бисёр муҳтарам ва муқаддаси башарист. Мартабаи ин илм дар назди шариат ба ҷоест, ки бисёр муҳаррамоти шаръӣ маҳз дар ин пеша мубоҳ ва ҳаром ҳалолу номаҳрам маҳрам гардонда шудааст. Коргоҳи табиб мақоми ибодатгоҳ ва табобат мартабаи ибодатро дорад. Беэътиноӣ ба ин пеша ва хор доштани он бешубҳа гуноҳи азим ва аз мухолафатҳои бузурги шаръӣ маҳсуб мешавад. Табиб, ки зоҳири худро ҳамеша покизаву озода ва бо ридои сафед пӯшида медорад, бояд пеш аз ҳама ботини худро бо либоси ихлосу тақво ва парҳезкорӣ ороста гардонад, ба пешаи худ ҳамчун ба ибодат муносибат кунад, ҳамеша пои ботаҳорат бошад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ сурат ин амали муқаддаси худро дар маърази доду ситад ва тиҷорат қарор надиҳад ва ба ивази чанд луқмаи ночиз арзон нафурӯшад.
Нуқтаи дигар ин аст, ки инкишофи тиббу табобат ба кадом дараҷае нарасад, аз он набояд ин таваққуъро дошт, ки пеши маргро мегирад ва ё онро бартараф мекунад.
Тиббу табобат аз мутааллиқоти зиндагист, ки марг хориҷ аз доираи он аст. Марг поёни зиндагист ва бо поён ёфтани зиндагӣ доираи салоҳият ва нуфузи тиббу табобат ҳам ба поён мерасад. Марг барзахест дар миёни зиндагии ихтиборӣ ва олами абадӣ: оламе, ки арзишҳои он собит ва устувор буда, дастхуши ирода ва ҳавову ҳавасҳои фардии мо нест; оламе, ки дар он ботил ба сурати ҳаққ, дурӯғ ба сурати рост ва зулму беинсофӣ дар либоси адолат ҳеҷ гоҳ зуҳур карда наметавонад; оламе, ки дарвозаи он фақат аз тариқи марг боз мешавад.
«ал-Қонун» барои мардуми дунё китоби тиббӣ буд ва ҳаст, вале барои мардуми мо пеш аз ҳама ифтихори миллист. Барҳақ, ин китоб беҳтарин шиносномаи миллат дар гузаргоҳи таърих аст, миллате, ки ҳавопаймоҳои бомбаафкан, киштиҳои зериобӣ, мушакҳои коррапаймо ва маҳпораҳои фазоии ӯ ҳамин алқонунҳо, шоҳномаҳо ва маснавиҳои ҷовидонии ӯст. Миллате, ки бо чунин силоҳҳои ғайриодӣ мусаллаҳ аст, аз рӯҳияи шикастнопазири маънавӣ бархурдор буда, дар баробари ягон душман сари таслим фуруд нахоҳад овард.
Тарҷимаи тоҷикии китоби «ал-Қонун» рамзи истиқлолияти забонӣ, илмӣ ва фарҳангии мардуми мост. Ин истиқлолият шарафу номус ва ҳаққи вуҷуд доштани моро дар рӯи замин ифода мекунад ва ба осонӣ ба даст наомадааст. Баъд аз 23 сол пурра чоп шудани ин китоб баёнгари муборизаҳои шадид барои ин истиқлолият аст...
Аз аввали чопи тарҷимаи тоҷикии китоби «ал-Қонун» 16 сол сипарӣ шуд. Дар ин миён бисёр хонандагон ба таври шифоҳӣ ва ё китобӣ фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи ин тарҷима баён карда, ибрози назар кардаанд. Аз ҷумла муаллифи «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ-лотинии тиббӣ» профессор М. Я. Расулӣ бо навиштани чанд мақола дар сафаҳоти рӯзномаҳо ва дар як суҳбати шахсӣ ва гиёҳшиноси маъруфи ҷумҳурӣ, номзади илмҳои биология М. Ҳоҷиматов дар як вохӯрии тасодуфӣ бисёр фикру мулоҳизаҳои ҷиддӣ, илмӣ ва боарзиш ва маслаҳатҳои хуби худро дареғ надошта ба мо баён карданд.
Мо аз ин ду устоди муҳтарам сипосгузорем ва агар нашри ин китоб бори дигар ба мо муяссар гардад, ҳатман он фикру мулоҳазаҳоро ҳангоми таҳриру тасҳеҳ ба назар хоҳем гирифт.
Ҳоло дар ин ҷо ба таври махсус дар бораи як тақризе таваққуф мекунем, ки моро ба навиштани ин охирсухан водор кардааст, вагарна дар хотимаи китоби «ал-Қонун» бори дигар арзи ҳувият кардани мо аз рӯи одоб набуд. Ин тақриз бо унвони «Тарҷумаи косметикии ал-Қонун» дар 21 банд бо имзои Равшандил моҳи майи соли 2004 интишор ёфтааст, ки дар он аз номи китоб сар карда, то матолиби пешгуфтору худи тарҷима ҳама мавриди шакку тардид қарор гирифта, дар маҷмӯъ ин кор ҳамчун як ҷинояти фарҳангӣ муаррафӣ шудааст.
Ин тақризнавис тарҷимаи мо ва тарҷимаи форсиро ба ҳам муқоиса намуда, аз зоҳири фактҳо ба чунин натиҷа расидааст, ки гӯё мо тарҷимаи форсиро гирифта, аз тариқи таҳрифу дигаргуниҳои «косметикӣ» даровардан онро ба худ нисбат додаем ва ин амали моро ба исти лоҳи маъмулии мунаққидони асримиёнагии илму адаб «интиҳол» номидааст, ки маънои он «гуфта ва ё навиштаи касеро ба худ нисбат додан» мебошад ва гузашта аз ин худи моро ба беимонӣ ва беинсофӣ маҳкум кардааст.




