Зеҳн
Қонуни тиб
АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 1214 аз 1215 · 26 октябри 2026

Яке аз нуктаҳои бисёр ҳассос ва мавриди шубҳаи муқарриз ин кай оғоз ва кай анҷом ёфтани тарҷима аст ва аз он чи ки мо ба таври мухтасар дар пешгуфтор баён карда будем, қаноатманд нест ва далели қотеъи ӯ ин аст, ки агар тарҷима барвақт мебуд, чаро то ҳол чоп нашуд. Ин тақризнавис ба гумонам ягон меҳмони хориҷист, ки аз қоидаву қонунҳои табъу нашри хусусан замони шӯравии кишвари мо ин андоза ғофил аст ва ин ҷоро Эрон гумон кардааст, ки табъу нашр дар он кори сирф хусусии муаллифу ношир буда, як шахс метавонад саҳар китоб нависаду бегоҳӣ онро чоп кунад. Бинобар ин, мо дар бораи оғози ин кор андаке ба тафсил таваққуф мекунем, то шубҳаи Равшандили муҳтарам ва дигар равшандилони эҳтимолӣ рафъ шавад ва оммаи хонандагон бидонанд, ки оё мо аз назари замонӣ имкони аз тарҷимаи форсӣ истифода бурдан доштем ё не.
Аввалин ҳуҷҷати расмие, ки ибтидои тарҷима ва чӣ гуна сурат гирифтани онро тасдиқ мекунад, гузориши мо дар Шӯрои илмии собиқ Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон аз 27 апрели соли 1982 аст, ки дар маҷлисгоҳи институт (кӯчаи Парвин, 8) таҳти раёсати Президенти онвақтаи Академия ва дар як вақт директори Институти шарқшиносӣ, шодравон Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид. Масъалаи сеюми рӯзномаи ин шӯро ахбори мо дар бораи тарҷимаи «ал-Қонун» буд. Вақте ки навбати гузориш ва муҳокамаи ин масъала фаро расид, мо
18 папкаи матни тарҷимаи тоҷикии китоби «ал-Қонун»ро дар ҳаҷми 5137 варақи дастнавис дар болои мизи раёсат гузошта, гузориши худро зери унвони «Ахборот дар бораи тарҷимаи «ал-Қонун» ба ҳозирон қироат кардем.
Аз ҷумла дар ибтидои матни ин гузориш чунин омадааст:
«Рафиқони муҳтарам, дар ҳузури шумо тарҷумаи ҳарф ба ҳарф, ҷумла ба ҷумла, аз аввал то ба охири китоби «ал-Қонун» ба забони модарии Абуалии ибни Сино, яъне ба забони Абдуллоҳи Балхӣ ва Ситорабонуи Бухороӣ истодааст. Ин тарҷума расман 22 августи соли 1980 соати дуи рӯз дар ҳамин бино оғоз ёфта, 13 марти соли ҷорӣ (1982) соати 8:45 дақиқаи бегоҳӣ дар манзили мо ба анҷом расидааст...».
Гумон мекунам, ки ҳамин санад барои исботи таърихии оғозу анҷоми тарҷима ва тамомияти он кифоят бошад.
Дастнависи матни пурраи тарҷима, ки дар Шӯрои илмии институти мазкур пешниҳод шуда буд, дар 18 папкаи тамғаи соли 1978 дар ҳаҷми 5137 варақ бо як қаламу рангу коғаз то ҳол дар дасти мо маҳфуз аст, ба истиснои як варақ аз китоби чаҳорум, ки соли гузашта ҳангоми ҳарфчинии компютерӣ гум карда шуд ва мо маҷбур шудем онро аз нав тарҷима карда, барқарор кунем.
Ҳамаи ҷилдҳои «ал-Қонун» айнан аз рӯи ҳамин дастнавис бе тағйиру дигаргунии бисёр ҷиддӣ баъд аз таҳриру тадқиқ ба чоп ҳозир карда шудаанд. Гузашта аз ин дар поёни дастнависи ҳар як китоб таърихи рӯз ва соату дақиқаи анҷоми он сабт шудааст, ки дар асоси он ҷадвали тафсилии анҷоми тарҷимаи тоҷикӣ китоб ба китоб, муқоясаи он бо соли аввали нашри тарҷимаи форсӣ ва фарқияти замонии ин ду тарҷима ба сурати зерин аст:

Китобҳо

Китоби I

Соли
Сол, моҳ ва
чопи
рӯзи анҷоми
аввали
тарҷимаи
тарҷимаи
тоҷикӣ
форсӣ
1979
6 феврали 1981

Китоби II

1984

Китоби III. 1 1988
Китоби III. 2 1989
Китоби IV

1989

Китоби V

1989

Фарқи замонии
тарҷимаи
тоҷикӣ аз
форсӣ

2 сол баъд аз
форсӣ
7 апрели 1981
3 сол пеш аз
форсӣ
26 августи 1981 7 сол пеш аз
форсӣ
5 декабри 1981 8 сол пеш аз
форсӣ
26 феврали 1982 7 сол пеш аз
форсӣ
13 марти 1982
7 сол пеш аз
форсӣ

Аз рӯи ин ҷадвал ба хубӣ маълум аст, ки аз назари замонӣ мо имконият доштем танҳо аз тарҷимаи форсии китоби якум, ки ду сол пеш аз тарҷимаи мо чоп шудааст, дар ҳолати дастрас будани он истифода барем, вале аз китобҳои 2, 3, 4 ва 5 чӣ гуна метавонистем истифода барем, дар сурате ки тарҷимаи форсии онҳо аслан вуҷуд надошт ва аз 3 то 8 сол баъдтар аз тарҷимаи мо тарҷима ва чоп шудаанд?
Баъд аз гузориши мазкур дар Шӯрои илмӣ ва эълон шудани тарҷима қиссаи муҳокамаҳо, машваратҳо бо масъулону мутахассисон, куҷорафтанҳову чикоркарданҳо барои чопи тарҷима оғоз ёфт, ки то имрӯз давом дорад.
Солҳои 1982–83 мо ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши материалҳо оид ба «ал-Қонун», мероси тиббии Ибни Сино ва умуман таърихи тибби шарқӣ машғул будем, ки натиҷаи он ҳамон пешгуфтори тарҷима ва луғоту тавзеҳоти китобҳои 1 ва 2 мебошад. Дар ин миён соли 1983 баъд аз як муҳокамаи навбатии тарҷима яке аз ҳамкорони ҳамонвақта ва бародари фозили мо адабиётшиноси маъруф Мирзо Муллоаҳмадов, ки ҳамон солҳо тоза аз сафари Эрон баргашта буд, ба мо хабар дод, ки дар Эрон ҳам «ал-Қонун»-ро тарҷима кардаанд ва ӯ ҷилди аввали онро дорад. Ин аввалин огоҳии мо аз тарҷимаи форсӣ буд. Мо ин китобро аз ӯ як муддат ба орият гирифта, мутолаа кардем ва хулосаи мутолааи худро аз рӯи инсоф ва амонати илмӣ дар пешгуфтор баён карда, аз тарҷимони форсӣ ба некӣ ёд кардем. Ва имрӯз баъд аз баррасиҳо ба мо маълум шуд, ки ҳамин хулосаи дар пешгуфтор овардаи мо аввалин тақризи мунсифона ва баҳои дурусти илмӣ оид ба ин тарҷимаи ҳанӯз анҷомнаёфтаи форсӣ будааст. Бо вуҷуди ин тақризнависи муҳтарам моро ба он гунаҳгор кардааст, ки гӯё барои пӯшида доштани ҷинояти худ мо худро ба нодонӣ зада, аз тарҷимаи форсӣ ёдовар намешавем ва пушт ба офтоб кардаем.
Ҳамин тариқ, баъд аз муҳокамаҳову машваратҳои зиёд мо аз бисёр талаботҳои ба назарамон лозим, ки дар гузориши мазкур баён карда будем, даст кашидем ва қарор шуд, ки тарҷима дар ҳамон шакли аввалии пешниҳодшуда таҳрир ва ба чоп ҳозир карда шавад. Ниҳоят
28 июни соли 1984 бо қарори Шӯрои илмии Институт пешгуфторе, ки 12 феврали ҳамин сол навишта ва ба таври ниҳоӣ таҳрир ёфта буд ва тарҷимаи китоби авва ли «ал-Қонун» ба чоп тавсия карда шуданд.

Дар бораи китобҚонуни тиб

1215 саҳифа

Аз аввал хондан