Зеҳн
Қонуни тиб
АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 1215 аз 1215 · 26 октябри 2026

Тақризнависи муҳтарам моро ба он муттаҳам кардааст, ки мо бисёр матолиби пешгуфтори худро аз охирсухани тарҷимаи форсӣ гирифтаем, дар сурате ки ин охирсухан баъд аз 5 соли навиштани пешгуфтори мо, яъне 12 июни соли 1989 навишта шудааст. Ҳатто агар тақризнавис ба гуфтаҳои болои мо ва ба қарорҳои Шӯрои илмии Институти шарқшиносӣ бовар накунад ва чунин ҳуҷҷат пеш орад, ки мо пешгуфторро соли нашри китоб (1989) навиштаем, дар ин ҳолат ҳам истифода бурдани мо аз охирсухани форсӣ муҳол ва даъвои ӯ ботил аст, зеро дар санади пушти китоб возеҳу равшан баён ёфтааст, ки баъди 3-юми январи соли 1989, яъне 5 моҳ пеш аз навиштани охирсухани форсӣ, пешгуфтори мо бо матни тарҷима дар дасти ҳарфчинҳо дар матбаа ҳарфчинӣ мешуд.
Бунёди шакку шубҳа ва барои мо айбнома дуруст кардани ин тақризнавис сари вақт чоп нашудани тарҷима аст. Агар таърихи чопи «ал-Қонун», ки бо супориши роҳбарияти Академия ба тарҷима ва таҳияи осори фалсафии Ибни Сино машғул будем, солҳои 1978–79 илоҳиёти китобҳои «Наҷот» ва «Шифо»-ро тарҷима карда, баъд аз ду бор таҳриру тасҳеҳ шудан ба дасти масъулон супоридем ва мебоист ба муносибати ҷашни ҳазораи Ибни Сино дар зимни Осори мунтахаби даҳҷилдаи ӯ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон чоп мешуданд, вале аз он вақт то ҳол, ки 26 сол мегузарад, ҳеҷ дараке нест ва мо аз тақдири ин тарҷимаҳо хабаре надорем. Дар ин миён шояд дар Эрон китобҳои «Наҷот» ва «Шифо»-ро тарҷима ва борҳо аз нав чоп карда бошанд ва агар имрӯз тарҷимаҳои мо дар Тоҷикистон чоп шаванд, намедонам ин дафъа тақризнавис боз чиҳо мегуфта бошад?
Тақризнависи муҳтарам моро бо истеҳзо гуфтааст, ки аз тарҷимаи форсӣ «илҳом» гирифтаем. Бале, мо дар оғози ин кор илҳом гирифта будем, вале на аз тарҷимаи форсие, ки аз мавҷудияти он дар Тоҷикистони онвақта фақат малоикаҳо хабар доштанд. Ин илҳоми мо афсонаи худро дорад, ки нақли он ба ҷои дигар муносиб аст.
Ҳамин тариқ, мо ҳамчун тарҷумон вазифаи худро 13 марти соли 1982 пурра ба анҷом расонда, ин миқдор ба

худ лозим доштем, ки аз иҷрои он дар Шӯрои илмии Институт хабар диҳем. Масъалаи табъу нашр ва тамоми корҳои ба он алоқаманд минбаъд на танҳо ба хоҳишу иродаи мо, балки ба омилҳову қувваҳои зиёди дигаре вобастагӣ дошт, ки дар ниҳоят иттифоқи онҳо сабабгори либоси табъ ба худ пӯшидани ин тарҷима гардид.
Мо аз шахсиятҳои бисёре самимона супосгузорем, ки нафақат хоҳони чоп шудани тарҷимаи «ал–Қонун» буданд, балки барои амалӣ шудани он ҳар чи аз дасташон омад, дареғ надоштанд. Аз ҷумла дар ибтидои ин кор ҳиссаи мудири бахши арабшиносии собиқ Институти шарқшиносӣ муаллимаи муҳтарам Наима Қаҳҳорова ва доктори илмҳои тиббӣ, дорушиноси маъруф Юсуф Нуралиев хеле калон аст. Ин ду нафар ба иловаи муҳаррирони масъул будан боз кӯшишу талошҳои зиёде ба харҷ доданд, то ин тарҷима аз ҳамаи монеаҳои замони шӯравӣ ба саломат гузашта, ҳуқуқи табъу нашр шудан пайдо кард ва дар ихтиёри ноширон қарор гирифт.
Дар охир ба сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Алиҷон Қурбонов, ки бо ташаббуси шахсии худ табъу нашри тарҷимаи «ал-Қонун»-ро дубора эҳё намуда, чаҳор ҷилди ахири онро дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба табъ расонданд, ба муҳаррири масъул Абдушукур Тошев, ки ҳамаи корҳои таҳриру тасҳеҳи нашриётӣ ва назорати табъро бар уҳда дошта, сари вақт ва бо маҳорату кордонӣ иҷро карданд, ба маъмурияти Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва тамоми ҳамкорони муҳтарам, ки аз аввал то охири ин кор барои мо шароити хуб ва муҳити мусоиди корӣ муҳайё карданд, аз самими қалб миннатдорӣ баён намуда, барояшошн саломатии бардавом ва тавфиқу пешрафтҳо хоҳонем.
Орзу дорем, ки чопи ин тарҷима бори дигар ба мо муяссар гардад, то ҳамаи он ғалатҳову ноҳамвориҳое, ки баъзеяшон бароямон маълум аст ва баъзеи дигарро хонандагони муҳтарам маълум хоҳанд кард, бартараф кунем ва ин тарҷима яке аз тарҷимаҳои беҳтару камғалаттари китоби «ал-Қонун» бошад. Аллоҳумма таммим тақсирано вағфир зунубано, бифазлика ва карамика.
С. Шаҳобуддинов
26 июни соли 2005 ш. Душанбе
Шарҳу Тавзеҳот
Тавзеҳот
ФАРҲАНГИ ИСТИЛОҲОТ ВА КАЛИМАВУ
ИБОРАҲОИ ДУШВОРФАҲМ
Феҳристи доруҳо
Феҳристи ИСТИЛОҲОТ
Феҳристи АШХОС ВА НОМҲОИ ҶУҒРОФӢ
ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ АРАБИИ МАВОДДИ ДОРУӢ
ВА МУОДИЛОТИ ОНҲО
Феҳристи НОМҲОИ ЛОТИНӢ
АДАБИЁТ

Дар бораи китобҚонуни тиб

1215 саҳифа

Аз аввал хондан