Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ба гуфтаи пизишконе эътибор мадеҳ, ки гӯянд: «Тарёк аз барои фалон [беморӣ] ба сабаби сунбул ва аз барои фалон [бемории дигар] ба сабаби мурр судбахш аст». Баръакс, вай агарчи ба ҳамин [сабабҳо] суд дошта бошад ҳам, вале асос сурати [мураккаби] он аст, ки ба иттифоқ тавонову судманд гардидааст. Моро имкон нест, ки бад-он ва муносибати он нисбат ба таъсирҳояш ба таври равшан ишорат намоем.
Бидон, ки андар миёни доруҳои мураккаб як бахш доруҳоеанд, ки ҳамчун поя ва асланд ва агар онҳоро биандозанд, асоси [дору] барҳам хӯрад. Мисоли ин гӯшти афъӣ андар таркиби тарёк, сабр андар ёраи фиқро ва харбақ андар ёраи луғозиё бувад. [Низ] як бахш доруҳоеанд, ки онҳоро [аз таркиб] андохтан, иваз кардан ва ё афзоишу ко

ҳиш додан шояд. Як бахш доруҳои дигареанд, ки агар онҳоро [андар таркиб] биафзоянд, зиён оваранд. Чунончи агар андар таркиби тарёк балозур бидарояд, бешубҳа дигар доруҳо ва хусусан гӯшти афъиро табаҳ созад. Як бахш доруҳоеанд, ки агар [андар таркиб] афзуда шаванд, ҳеҷ зиёне наоваранд, чунонки агар андар таркиби тарёк гавзи бӯё биафзоӣ, чандон гуноҳи азиме нахоҳӣ кард.
Бидон, ки бисёре аз таркибҳо боиси табаҳшавиҳо бигарданд ва бисёре аз таркибҳо боиси афзоиши таъсир ва феъли [дору] бигарданд. Бисёре аз таркибҳо аз доруҳои сода ва мураккаб фароҳам оянд, чунончи тарёк аз доруҳои сода ва аз қурсҳои сегона таркиб ёфта, ҳар як қурсро ба сабаби мизоҷ хосиятест, ки андар доруҳои сода вуҷуд надорад. Бошад, ки дору [фақат] аз доруҳои мураккаб фароҳам омада бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ